САТҲИ ГУЛРУХСОР

 САТҲИ ГУЛРУХСОР

Ба муносибати зодрӯзи фархундаи Шоири  Халқии Тоҷикистон устод ГУЛРУХСОР

Дар таъриху адабиёту андешаи муосири мо бону Гулрухсор Сафӣ танҳо як зан ё як шо­ира нест. Балки Гул­рухсор як падида, як шоҳкор, як асари но­дир, як нигораи арзиш­манд ва як сатҳест, ки зани тоҷик дар камолу ҷамол, дар маърифату огоҳӣ, дар ҳувияту ва­тандорӣ ва дар озод­агию растагорӣ онро метавонад зина ва меъёр бигирад. Худро ба он сатҳ бикашад, ба он тарҳ бирезад, ба он руҳия бисозад.

Агар бихоҳем, ки як бонуи ворастаи элита­рии тоҷикро бо ҳама маънову сифоташ та­саввур кунем, ки дар ҷавҳару вуҷуду симои ӯ ҳам зан бошаду ҳам отифа бошаду ҳам шахсият бошаду ҳам маърифат бошаду ҳам ҷамъият бошаду ҳам миллат, пеш аз ҳама симои Гулрухсор пеши назар меояд. Ӯ гули як фарҳанг ва меваи як тамаддун аст.

«Ман омадам, ки ҷилваи нози ҳунар кунам,
Бо килки шуъла қиссаи шаб мухтасар кунам!»

Дар заминаи истеъдоди зотӣ, тар­бияти миллӣ ва пойдевори арзишию тамаддунии шахс, чунин чеҳраҳои хоссаи миллию ҷамъиятию фаро­шахсиятиро маҳз як шароити хоссаи таърихию фарҳангию сиёсию иҷти­моиву иқтисодӣ ташаккул медиҳад ва фақат дар он сатҳ ин сатҳ ҳосил мешавад.

Ба ин маъно, Гулрухсор руҳи як марҳалаи томми набарди фарҳан­гию таърихии миллат, маҳсули як асри вусъату миқёсҳои бузург ва сатҳи биниши як абарқудрат аст. Ва чунон вусъате бояд, то чунин миқёсе ба даст ояд.

Бо зуҳури худ, бо парвозу сарна­вишти худ, бо барқу шуру вулқони худ, бо саҳнаву андешаву будани худ Гулрухсор як намуна сохт, як фарҳанг офарид, як меъёр шуд, як инқилоб кард. Дар ин достон ҳамагон диданд, ки чи гуна метавон аз барқи кӯҳистон хуршеди то­бон сиришт, аз оташаки лола машъали миллӣ афрӯхт.

Ӯ натанҳо номи Гул­рухсорро миллӣ кард, балки сабки Гулрух­сорро ҳамагонӣ намуд, дарди Гулрухсорро умумимиллӣ сохт. Бо таъсири ӯ дар муҳи­ти занони тоҷик насле шакл гирифт, ки забо­наш, шеъраш, андеша­аш, арзишҳояш, ҳатто овозу қироату либосаш гулрухсорӣ буд ва ҳаст…

Аммо муҳимтар аз ин, гарчӣ ӯ ба сатҳи фаромиллӣ, ба сатҳи империя, ба сатҳи байналмилалӣ баромад, аммо дар ҳамаи ҳолатҳо, дар ҳамаи мансабҳо, дар ҳамаи саҳнаву сиё­сатҳо миллӣ монд, тоҷикӣ монд, мил­лат гуфт, тоҷик гуфт, чавҳар гуфт, асолат гуфт, забон гуфт, фарҳанг гуфт, эҳё гуфт. Нишон дод, ки чи гуна метавон баланд буду миллӣ буд, модерн буду миллӣ буд, муосир буду тоҷикӣ буд, ҷаҳонӣ буду миллӣ буд, вазиру вакил буду миллӣ буд, рӯшан буду миллӣ буд.

«Дур рафтам, то туро наздик бинам,
Аз ту рафтам, то даме бо ту нишинам,
Тоҷикистон!»

Яқинан, мо дар таърихи навини фарҳанги худ бонуи дигаре бо ин дурахшу ин равшаниву ин корнома ёд надорем.

Ин аст, ки падида ё феномени Гулрухсор чун падидаи милливу му­осир дар шеър, дар забон, дар ишқ, дар рафтор фарогир шуд, бозтавлид шуд. Аммо афсӯс, ки бозтавлиди умумимиллии фикрӣ ва иҷтимоии ин сатҳ ва ин падида муяссар нага­шт. Бо шикасти як раванди миллию таърихӣ дар панҷаҳои оҳанини ҷангу хушунат арзишҳои элитарӣ ба ҳошия рафт, сатҳи умумии фарҳангӣ суқут кард…

Ва ӯ ин дардро низ суруд:

«Охирин ҷанге, ки тоҷик метавонад кард андар ҳифзи худ,
Ҷанг бо фарҳанги бефарҳанг  хоҳад буд!»

Аммо як воқеият ин аст, ки чун дар солҳои наврасию ҷавонии мо, дар марҳалаи ташаккули завқу бини­шу фаҳмиши мо тандису улгуи зани озодаву огоҳу соҳибминбару соҳиб­маърифату ватандору миллатдори тоҷик Гулрухсор буд, зеҳни насли мо, нигоҳи насли мо ба ҳамин сатҳ одат гирифтааст.

Аз ин рӯ, зеҳни насли мо то имрӯз ба чизе камтар аз Гулрухсор қаноат намекунад, чизе камтар аз Гулрух­сорро эътироф намекунад. Балки дар пазируфтани сатҳе поинтар аз ӯ мушкил дорад. Балки чизе поинтар аз ӯро бар он таҳмил кардан мушкил аст…

Ин ҳақиқатро шояд бисёре аз ҳамнаслони мо эҳсос намоянд.

Ва ниҳоят, ҳам боиси ифтихор ва ҳам ҷойи таҳсину ҳайрат аст, ки ин шаҳбонуи фарҳангу адабиёти миллат то ҳанӯз он ҷойгоҳро нигоҳ дошт ва аз он сатҳ поин наомад ва меъёрро нашикаст.

Ҳолате, ки иззат бо шахсият ва истиқлоли миллӣ бо истиқлоли шах­сӣ ба ҳам меоянд:

«Чист истиқлол,
                      иззат доштан!«

Ҳеҷ ҳошияву маломат ин нурро тира накард, ҳеҷ инзивою гӯша ӯро куҳна накард, на ба зоҳир, на ба ботин, на ба гуфтор, на ба андеша, на ба ҷойгоҳ…

То имрӯз ҳамон қудрату ҳамон гузашт:

«Бимон, ман сӯзаму ту дар амон бошӣ,
Бимон, ман мираму ту ҷовидон бошӣ

То ҷое, ки имрӯз низ, бе ҳеҷ мақому мансаб, бе ҳеҷ расмияту ҷамъият боз ҳам улгуст, боз ҳам меъёр аст, боз ҳам бонуи аввали фарҳангу адаби миллат аст, боз ҳам маҳбуби умум аст… Ва то ҳаст чунин хоҳад буд.

«Ҳар киро санге ба чанг уфтад, маро гирад нишон,
Зинда бодо пайкари обод дар вайронагӣ

Хуҷаста ва ҷовид бод гули ҳа­мешабаҳори шеъру фарҳангу руҳи миллии мо.

Абдуллоҳи Раҳнамо

Дигар хабарҳо