САРВАР
САРВАР (Сарвар Амирҷонов) 12 ноябри соли 1938 дар деҳаи Ёгиди ноҳияи Дарвози ВМКБ зода шудааст. Соли 1956 Омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм, соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан ходими адабӣ, мудири шуъба, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», ҳамчунин, корманди рӯзномаи «Маориф ва маданият» (1966-1986) будааст.
Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои 50-ум пайдо шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Баҳор мехоҳам» (1986), «Лаъл» (1978), «Гулҳои тирамоҳ» (1989) ва ғ. мебошад.
Шеърҳои алоҳидаи Р. Ҳамзатов, О. Кешоков, С. Смирнов, Р. Рождественский, М. Танк, Г. Эмин ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.
Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
27 марти соли 1986 аз олам даргузашт.