САНАДИ НАВРӮЗ. Аз саҳифаҳои таърих

 САНАДИ НАВРӮЗ. Аз саҳифаҳои таърих

Ё Наврӯзи Душанбе ва Ҳисор дар соли 1886 чӣ гуна гузашт?

Гарчи дар таърихи пурфоҷиаи мо ҳукумату сулолаҳои зиёд омадаву рафтаанд, аммо Наврӯз ҳамчун арзиши воло ҳамеша барпою барҷой боқӣ монд. Санадҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки аз ҷумла хонадони амирони манғитӣ низ шефтаи ин арзиши бузург гашта, Наврӯз дар  Бухоро ба унвони як ҷашни расмии давлатӣ ва умумихалқӣ баргузор мешуд.

Ин ҷашн, ки дар ҳуҷҷатнигории он давра бо номҳои Наврӯз, Наврӯзи олам, сари сол, таҳвили сол, сайр, ҷашни гули сурх ва ғайра зикр шудааст, вобаста ба анъанаҳои ҳар минтақаи аморат аз як ҳафта то ду моҳ идома меёфт.

Дар бораи баргузории ҷашни Наврӯз ҳамасола фармони амир содир шуда, он ба тамоми ҳокимони вилоятҳо ирсол мегашт, ки дар он вақти фарорасии Наврӯз тибқи тақвим, тартиби баргузории сайрҳои оммавӣ дар маҳалҳо, масъули назорату ҳисоботи чорабиниҳо дар ҳар вилоят ва ғайра муайян карда мешуданд. Пас аз баргузории ҷашн ҳокимони вилоятҳо вазифадор буданд, ки дар бораи баргузорӣ ва тамоми ҷузъиёти ҷашни наврӯзӣ дар вилояташон ба амир гузориши муфассал ироа намоянд.

Илова бар гузориши ҳокими вилоятҳо, қозӣ ва раиси (вазири дохилии) вилоятҳо низ вазифадор буданд, ки аз чигунагии баргузор шудани сайрҳои наврӯзӣ дар вилояташон ба амир мустақилона гузориш фиристанд.

Дар зер ду ҳуҷчати таърихӣ ироа мешавад, ки манзараи баргузории Наврӯз дар он замонро хеле равшан ифода менамоянд.

Ҳуҷҷати якум амри ҳукуматии амири Бухоро Музаффархон ба ҳокими Ҳисор Саид Мир Абдулмуъмин дар бораи баргузории ҷашнҳои наврӯзӣ дар Ҳисор ва тартиби он аст, ки моҳи марти соли 1881 содир шудааст. Аз сабабе, ки ҳокими Ҳисор Саид Абдулмуъмин писари худи амир Музаффар буда, ҷонишини аморат (ноиби амир) ба ҳисоб мерафт, мактуби амир ба ӯ сабки хоссаи шахсӣ дошта, ба Абдулмуъмин бо ибораи «нуричашмӣ» муроҷиат менамояд.

Аммо дар амрҳои амир ба ҳокимони вилоятҳои дигар сабки расмии омирона истифода шудааст.

Як нуктаи хеле муҳимми ин мактуб ҳамин аст, ки бо фармони амир маҳз қозӣ ва раиси вилоятҳо, ки мансабдорони динии аморат ба ҳисоб мерафтанд, масъули баргузорӣ, табрик ва ҳисоботи наврӯзӣ муайян карда шудаанд.

Ҳуҷҷати дувум гузориши мустақими раиси Ҳисор Мулло Мирзо Икром ба амир дар бораи чигунагии баргузории Наврӯзи сокинони Душанбе ва Ҳисор ва ҷузъиёти ин маросими умумимардумӣ мебошад, ки ба соли 1886 тааллуқ дорад. Аҳаммияти хосаи ин гузориш дар он аст, ки дар матни он аз ҷузъиёти дақиқи сайрҳои наврӯзии он замон, аз ҷумла чигунагии иҷрои амри амир, иштироки бевоситаи мақомоти олии давлатӣ дар сайрҳои наврӯзӣ, баргузории ҷамъомадҳои мардумӣ, намоишгоҳи аҳли касаба (ҳунармандон), гуштигирӣ, тақдими ҷоизаҳо ба паҳлавонон, тақсими ошу нон, чавкӣ ва базм ва ғайра зикр шудаанд.

Гузориш ҳамчунин дар бораи муддати баргузории ҷашнҳои наврӯзӣ дар қалъаи Ҳисор ва теъдоди ҷамъияти иштирокчӣ дар ҳар рӯзи он низ маълумот медиҳад.

***

Матни амри амир Музаффар ба ҳокими Ҳисор Саид Мир Абдулмуъмин дар бораи баргузории ҷашнҳои наврӯзӣ дар Ҳисор дар соли 1881:
Ҳувал Ҳай Сайид Мир Абдулмуъмин, зуйида тавфиқаҳу

НУРИЧАШМӢ,
Бидонед, ки алҳамду вал минна, хотири муборак аз ҳар ваҷҳ ҷамъияти тамом дорад. Арзае, ки ба рикоби олӣ фиристода будед, расид, мазмуни ӯ мафҳум гардид.

Рӯзи якшанбе Наврӯзи олам мебошад. Ба мардуми вилоятатон хабар бидиҳед, ки ба ҷойҳои муқаррарии сайр мешудагӣ (=наврӯзгоҳҳо) ба дастури ҳарсола сайрҳошонро карда, дуо кунанд.

Ба фазилатпаноҳон қозӣ ва раисатон таъйин кунед, ки ҷамъияти сайрҳоро дониста, арз кунанд (=ҳисобот диҳанд).

Боқӣ, ассалому алайкум. Соли 1298 (=1881м.) (Муҳри гирд дар пушти саҳифа: Саид Музаффар)

***

Матни гузориши раиси (масъули умури дохилии) Ҳисор Мулло Мирзо Икром ба Амири Бухоро дар бораи баргузории ҷашнҳои наврӯзии сокинони Душанбе ва Ҳисор дар қалъаи Ҳисор дар соли 1886:

БАНДАНАВОЗО,

Ҷаҳонпаноҳҳо, тасаддуқи сари мубораки Ҷаноби Олӣ, мавлоям шавам, мувофиқи фармоиши олиҳазратам Раҷабалӣ Мирохури ғуломашон шогирдпешаи аморатпаноҳ Остонақулбӣ Қушбегии ғуломашон (=ҳокими Ҳисор), хабари сари соли навро (=Наврӯзро) чунин расонид, ки аҳли касабаи Душанбе рӯзи панҷшанбе, сиюми ҳамал, мувофиқи таомул ба Ҳисор омада, ба ҷойҳои муқаррарии худҳо нишаста, сайр карда, Ҷаноби Олиро дуо менамоянд.

Ин дуогӯйи нодон аҳли касабаро мувофиқи таомул хабар дода, ба Ҳисор фиристода, ин ғуломи дуогӯй мувофиқи таомул ба Ҳисор омада, сайрро (=ҷашни Наврӯзиро) тамошо кардам.

Амалдор ғуломонашон маъа (=ҳамроҳи) фуқарои тавобеи (=минтақаҳои)  Ҳисор ҷамъ шуда, тамошо карда, вақтхушӣ карда, шабҳо то соати даҳ чавкӣ (=гулхан ва базм) шуда, рӯзҳо пас аз пешин миқдори ду соат чавкӣ шуда, Мулло Мир Маъолими Раиси (=раиси Ҳисор, масъули умури дохила ва тартибот) дуогӯяшон ба ҷиҳати сариштаи сайр (=бо мақсади таъмини тартибот дар маросими наврӯзӣ) ба як ҷониби сайр нишастанд ва баъд аз пешин ҳамаи амалдорону оқсақолон ба қӯрғон (=қалъа) баромада, ош хӯрда, Ҷаноби Олӣ, мавлоямро дуои мазиди умри давлат карда, баъд аз ош хӯрдан ва дуогӯйӣ ғуломашон сиёсатпаноҳ Қосимхоҷаи Уроқ ва Раҷабалии Мирохур ва соири амалдорони ғуломашон ба сайрҷой (=наврӯзгоҳ) омада, ба ҷойҳои муқаррарии худҳо нишаста, авваланмартаба (=аввал) ҳамаи аҳолии сайр Ҷаноби Олӣ, мавлоямро дуои мазиди умри давлат намуда, аз рӯйи таомули қадим … курашгирӣ (=гуштингирӣ) карда, ҳар паҳлавоне ду нафар ё се нафарро ғалтонад, ҷомаи алочаи фарангӣ доданд. Гоҳ рӯз панҷ ҷома, гоҳ рӯз шаш ҷома ба паҳлавонон дода, ба Ҷаноби Олӣ, мавлоям дуо гирифтанд.

Муддати панҷ рӯз сайр шуд, ҷамъияти мардуми ҷамъшудагӣ ду рӯзи аввал тахминан сеҳазорӣ,  се рӯзи сонӣ аз як ҳазор нафар то ду ҳазор нафар ҷамъ шуда, тамошо карда, вақтхушӣ карда, (ба) Ҷаноби Олӣ, мавлоям дуои мазиди умри давлат мекарданд.

Он чӣ дида ва шунидаамро аз рӯйи нодонӣ ва ғуломӣ ва дуогӯйӣ ва ризоҷӯйӣ масмуъи Ҷаноби Олӣ, мавлоям шавад гуфта, арзи бандагӣ намудам.

Илоҳо, саломат бошанд!

Аттақсир, аттақсир, аттақсир, аттақсир, аттақсир, (Муҳри чоркунҷа аз самти ро- сти болои гузориш: Мулло Мирзо Икром Раис Муфтӣ, соли 1303 (=1886 м.)) Дар канори аҳаммияти хосаи илмию таърихию иттилоотӣ, ин ҳуҷҷатҳо метавонанд аз аҳамми яти хоссаи забоншиносӣ, мар- думшиносӣ, хатшиносӣ ва услубшиносӣ низ бархурдор бошанд.

Абдуллоҳи Раҳнамо

Дигар хабарҳо