САЙИД ИБРОҲИМ
ИБРОҲИМ САЙИД 1 январи соли 1939 дар деҳаи Дараи Башири собиқ ноҳияи Сари Хосор ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Москва (ҳозира Мир Саййидалии Ҳамадонӣ) гирифтааст.
Соли 1969 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ дар зодгоҳаш омӯзгор, мудири шуъбаи адабии рӯзномаи ноҳиявии «Зафар», инструктори Кумитаи ҳизбии ноҳия будааст. Аз соли 1979 сарвари мактаби миёнаи №6 ноҳия буд.
Шеърҳояш дар маҷмӯаи дастҷамъии «Чил қалам» (1990) ба табъ расида, пасон маҷмӯаҳои алоҳидаи ашъори «Гарди роҳ» (1993), «Лолаи марз» (1997), «Рӯи туро менигарам» (1998), «Риштаборони хаёл» (1999) ва «Навои зани ман» (2004) чоп шудаанд.
Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Моҳи ноябри соли 2012 аз олам даргузашт.