САЙДАР МУҲАММАДРАҲИМ

 САЙДАР МУҲАММАДРАҲИМ

МУҲАММАДРАҲИМИ САЙДАР 20 январи соли 1952 дар деҳаи Шаҳринави ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт (Ғарми пешин) ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №25 ноҳия ва факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии Душанбе (ДОТ)-и ҳозира ба фаъолияти меҳнатӣ пардохтааст. Солҳои 1975-1978 муаллими мактаби миёнаи зодгоҳаш, солҳои 1978-1990 муҳаррири бахши адабии Радиои Тоҷикистон, солҳои 1990-1992 муҳаррири бахши насри маҷаллаи «Садои Шарқ» будааст.

Аз соли 1995 хабарнигори радиои «Садои Хуросон»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав, яке аз созмондиҳандагони мактаби тоҷикӣ ва устоди забон, адабиёт, таърих ва фарҳанги миллии мактаби мазкур дар Маскав, сардабири нашрияи фарҳанги тоҷикони бурунмарзӣ «Паём» ва хабарнигори бахши тоҷикии «Радиои Озодӣ» дар Маскав будааст.

Ба навиштани қиссаву ҳикоя аз овони мактабхонӣ ва донишҷӯиаш оғоз кардааст. Ҳикояи нахустинаш «Гаҳвораи ноз» соли 1986 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба табъ расидааст. Минбаъда қиссаву ҳикояҳояш пайи ҳам дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ», «Помир», «Сомон», «Навиди бозаргон» ва маҷмӯаи «Шафақи субҳ» (1986-1992) интишор ёфтаанд.

Ҳикояву мақолаҳои ӯ пас аз маргаш дар маҷмӯаҳои «Гаҳвораи ноз» (2011; Тоҷикистон) ва «Хостам дар Эрон гум шавам» (2011; Ҷумҳурии Исломии Эрон) ба табъ расидаанд.

Муҳаммадраҳими Сайдар бо асарҳои навоварона ва диду шинохти вижаи суханварӣ дар таҳаввули насри бадеии солҳои 80-90-ум саҳми шоиста гузошта, адабиёти имрӯзаи тоҷикро ғановат бахшид. Сабку шеваи тозаи эҷодии Сайдарро даҳҳо нависандагони ҷавону ҳаводорони эҷодиёташ идома дода, бо ҳамин васила, ному осорашро зинда медоранд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1985 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2000 узви Иттифоқи журналистони Федератсияи Русия буд. Чанде ҳикояҳояш ба забонҳои дунё, аз ҷумла, русӣ ва украинӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Худи ӯ низ асарҳои бисёре аз адибони машҳури ҷаҳонро ба тоҷикӣ гардондааст.

3 январи соли 2010 ҷаҳонро падруд гуфт.

Дигар хабарҳо