САИДҚУЛ МИРАЛИЗОДА

САИДҚУЛ МИРАЛИЗОДА (Сабзаев Саидқул Миралиевич) 31 декабри соли 1947 дар деҳаи Лархобии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1962, пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа, вориди Омӯзишгоҳи пешаҳои техникии Кӯлоб шуда, ҳамзамон, дар мактаби миёнаи шабонаи коргарҷавонон таҳсил кардааст. Соли 1964 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб шуда, соли 1968 донишкадаро бо дипломи аъло хатм кардааст ва ба ҳайси омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ ба кор пазируфта шудааст. Аз ноябри соли 1968 то декабри 1969 дар хидмати ҳарбӣ будааст. Аз декабри 1969 дар кафедраи номбурда фаъолият доштааст. Аз июли соли 1989 то сентябри 1993 мудири кафедраи забони тоҷикӣ, аз сентябри 1993 то сентябри 1998 декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав будааст. Аз феврали 1999 то июли 1999 дар вазифаи сармутахассис ва муовини мудири шуъбаи ахбор, тарҷума ва табъу нашри асноди қонунгузории Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ хидмат кардааст. Аз июли 1999 то марти 2000 мудири шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, аз марти 2000 то декабри 2004 ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, аз октябри 2005 то ноябри 2005 декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз январи 2006 то сентябри 2008 мудири шуъбаи таълими забон ва адабиёти Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ҷумҳурӣ будааст.

Аз сентябри 2008 то сентябри 2010 ба ҳайси мудирии кафедраи умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва, ҳамзамон, ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи забони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ фаъолият бурдааст. Аз сентябри 2010  профессори кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Моҳи марти соли 1982 дар мавзӯи «Луғати осори насри классикии тоҷику форси асри ХI – «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҷуллобӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Моҳи марти соли 1996 дар мавзӯи «Таҳқиқи лингвистии истилоҳоти тасаввуфи насри асрҳои ХI-ХII форсу тоҷик» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.

Узви Шӯрои диссертатсионии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ буда, дар омодасозии кадрҳои илмӣ саҳми даркорӣ мегузорад. Таҳти роҳбарии ӯ ҳашт нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.

Шеъру осори саҳнавӣ ҳам эҷод мекунад. Ашъори бачагонааш дар маҷмӯаҳои «Нони модарам» (2006), «Пагоҳ равам ба мактаб» (2014) ва ғ. фароҳам омадаанд.

Муаллифи драмаҳои «Исёни Таҳмина», «Баъд аз ҳазор сол», «Ҳазрати Амирҷон», «Савганд», «Саошианта» (2008), «Фармони нахустин» ва маҷмӯаҳои ашъори «Хатти роҳ» (2001), «Садафи меҳр» (2003), «Қиблаи фарзанд» (2008), «Хоки намозӣ» (2011) ва ғ. мебошад.

Драмаи «Исёни Таҳмина»-ро (1993) Театр-студияи «Авасто», «Ҳазрати Амирҷон»-ро (1995) Театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии Қӯрғонтеппа ба саҳна гузоштаанд.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Саидқул Мирализода 19 ноябри соли 2020 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо