САИДАЛӢ МАЪМУР ДАРГУЗАШТ

24 июли соли равон хабари даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Саидалӣ Маъмур дили ҳамагонро реш намуд. Шоир ва инсоне аз олам рахти сафар баст, ки умре бо дасту дили пок, садоқату самимият ва ҳиммати баланд ба сухан муносибат дошт ва сароишгару ситоишгари футуввату ҷавонмардӣ, покизагиву ҳалолкорӣ ва хисоли ҳамидаи инсонӣ буд.

Равоншод ба насли он шоироне тааллуқ дошт, ки охири солҳои шастум бо нафаси тозаву азми ҷиддӣ вориди адабиёт шуданд ва дар пешрафту навсозии шеъри тоҷикӣ саҳми шоиста гузоштанд.

Саидалӣ Маъмур фаъолияташро аз радиои Тоҷикистон оғоз намуда, муддате дар рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») низ кор кардааст. Баъдан корашро дар Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон идома додааст. Чандин сол муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» («Адабиёт ва санъат») ва ҷонишини сарвари нашриёти «Адиб» буд.

Тосоли 2015 ба ҳайси мудири Бахши назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияти пурбор дошт.

Шеъри саршор аз самимият, тозаву равшану хушмазмун ва бетакаллуфи Саидалӣ Маъмур аз ибтидо ба суханшиносону хонандагон писанд афтода буд ва аз гулшукуфти баҳори тозае дар чаманистони сухан муждаҳо дошт. Ин вежагиҳо дар нахустмаҷмўаи шоир –«Заврақи умед» (соли 1967) бармало буданд ва баъдан дар китобҳои дигари ў – «Савганд» (1972), «Ҳамсолон» (1974), «Рози дарё» (1977), «Меҳвар» (1980), «Толеъ» (1981), «Рўҳи баланд» (1983), «Офтоби дил» (1986), «Решапайванд» (1989), «Чашми ситора» (ба хатти ниёгон, 1990), «Солгиреҳ» (1994), «Гарди Офтоб» (1994), «Шохаи шикаста» (1998), «Овои мурғи шабовез» (2000), «Оташи меросӣ» (2002), «Назаргоҳи дил» (2003), «Чорзарб» (2003), «Офтобгардон» (2007), «Пойизи сабз» (2011), «Ситорашукуф» (2011), «Давлати дидор» (2014) ва «Борони сабз» (2017) камоли матлуб ёфтанду симои муаллифашонро чун шоири чирадасту тавоно муаррифӣ карданд.

Саидалӣ Маъмур барои кўдакон низ шеърҳо гуфт ва онҳоро дар маҷмўаҳои «Сўзанак», «Навоҳои Гулдара», «Карчи харбуза», «Анўшаҷони ҷони мо» ва ғайраҳо фароҳам овард.

Як бахши равшани фаъолияти эҷодии марҳумро тарҷума ташкил медиҳад. Ў ашъори шоирон Т. Зумақулова, А. Орифов, А. Оғобоев, Р. Бородулин, Л. Шипахина, А. Атабоев, Г. Лорка, И. Анненский, Я. Полонский ва дигаронро бо чирадастӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, дар шакли китобҳои алоҳида ба хонандагон пешкаш кардааст. Шеърҳои худи шоир низ ба забонҳои гуногуни хориҷӣ тарҷума шуда, адабиёти тоҷикро муаррифӣ намудаанд.

Ба ашъори зиёди хубу диловези шоир бастакорону ҳофизони маъруф оҳанг бастаанд, ки дар ганҷинаи санъати тоҷик мақоми хоса доранд. Зиндаёд Саидалӣ Маъмур барои эҷоди осори арзишманд ва хидматҳояш дар рушди маънавиёти миллати тоҷик ба дарёфти Ҷоизаи созмони ҷавонони Тоҷикистон (1978), Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (1996) ва унвони Шоири халқии Тоҷикистон (2003) шарафёб гардидааст. Соли 1972 ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул шуда буд.

Эҷодиёти доманадору пурарзиши ин шоири равоншод ва шахсияти тобнокаш, ки дар навиштаҳояш таҷассум ёфтааст, номи ўро зинда хоҳанд дошт.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо