Номаи шодбошии ИНТ ба муносибати 70-солагии адиб Садриддин Ҳасанзода

 Номаи шодбошии ИНТ ба муносибати 70-солагии адиб Садриддин Ҳасанзода

Мавсуф баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1973) ба сифати ҷо­нишини директори мактаби миёна (1973-1983), котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии «Коммунисти Ховалинг» (1983-1986), котиби масъули Шабакаи якуми ТВ Тоҷикистон (1996-1998), корманди масъули Маҷлиси Олии ҶТ, мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҷумҳу­рият» (1998-2001), сармуҳаррири идораи «ТВ Субҳ» (2001-2008), муовини аввал, и.в. директори шабакаи якуми ТВТ, муовини аввали директори ТВ «Баҳористон» (2008-2013) кор кардааст. Айни замон корманди нашриёти “Ирфон” ва сардабири маҷаллаи «Душанбе» мебошад.

Китобҳои “Расми гӯё” (1984), «Кабки рав» (1989), «Эҳёи Када» (1994), «Чароғи лола» (1998), «Ашки қалам» (1998), «Дарёи нур», «Доғи сӯзон», «Пуштаи зардолуҳо», «Муҷассамаи нодир», «Ёдҳои парокандаи бодияҳо», «Чароғи давра» (1989-2014), «Сарбози ҳақиқат», “Як пора рӯшноӣ”, “Саҳифаҳои ҷолиб”, “Собитқадам”, “Пешвои миллат – ифтихори миллат” «Роғун: баҳс ва воқеият», «Гардишҳои тақдир», «Аз решаҳо то гӯшаҳо», «Зиндагӣ дарёст…», «Оини суханварӣ» (ҳаммуаллиф С.Сабзаев), «Иншои нотамом», “Зиндагӣ дарёст” (2019), “Саҳифаҳои гуворо аз таърихи миллат ва башар” (ҳаммуаллиф Т. Зиёзода), “Иморати сухан” (2019), “Мифтоҳи ганҷ” (2019), “Поси як пора нон”, “Рӯшноӣ растагорист”, “Рустами генерали ориётабор” (2024), “Бунёдгузори трансплон­тология” (ҳаммуаллиф С. Исмоилзода), “Идомаи Шоҳроҳи Абре­шим”, “Тоҷикистон дар масири сайёҳии фарҳангӣ-маърифатӣ” (2024), “Бачаи ҷайра” (2024), “Кохи беназир” (2024), “Бозиҳои сарнавишт” (2024), “Куруши Кабир: ҳақиқат ва ғаразҳо” (2024), “Илмҳои дақиқ бунёдкоранд” (2024), маҷмуаи очеркҳо (2024) ва ғайра маҳсули заҳмати ӯ мебошанд.

Дар таҳияи филмҳои мустанади «Марди ҷонфидо», “Умри барқ”, “Аҳорун”, «Дурахши наҷм», «Варзикиён», «Умри барқ», «Суруди зиндагӣ», «Ҷилои шамшер», «Бешаи палангон», «Аҷи­натеппа», “Фарас” ва ғайра саҳим буда, ҳамзамон дар самти тарҷума низ ҳунари хешро санҷидааст ва намунаҳои осори Карл Эмилио Гадд, Рене Реҷини, Луиҷи Марелбо, Ҷонни Родари, Ал­берт Моравио, Марчелло Арҷили, Серҷо Дзавали, А. Чехов, А. Кумар, Уида Ҷон ва дигронро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Хидматҳояш бо Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, медали «Хизмати шоиста», нишони «Сухан» ва ғайра қадрдонӣ шудаанд.

Ҳамқалами худро сидқан табрик гуфта, барояш сиҳатии комил, табъи болида ва хотири осуда таманно дорем.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо