Рӯ ба ҷониби беҳбудӣ

 Рӯ ба ҷониби беҳбудӣ

Бадриддин МАҚСУДЗОДА

Ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» дар миёни рӯзномаҳои мо, дар воқеъ, ягона нашрияест, ки инъикоскунандаи ҳаёти фарҳангию адабии кишвар буда, дар ташаккул ва инкишоф додани завқи бадеӣ ва донишҳои адабии ҷомеа ҷойгоҳи муҳимме дорад. Аз ин ҷост, ки нашрияи адабии мазкур бо интишори матолиби ҷолиб дар байни мардум ҳамвора аз эътибори хоссае бархурдор аст. Дар соли 2021 низ ин нашрия дар қисматҳои гуногун мақолаҳои зиёди хонданӣ ба табъ расонидааст. Аз ҷумла, зери рубрикаи “Таҳқиқ” 17 мақола; “Пажуҳиш” 14 мақола; “Нақди адабӣ” 12; “Тақриз” 6; “Китобиёт” 11; “Ахтарони адаб” 9; “Мусоҳиба бо адиб” 10; “Адиб дар бораи адиб” 16; “Гулшани адаб” 7; “Робитаҳои адабӣ” 6; “Портрети эҷодӣ” 4; “Мерос” 3; “Чашмандоз” 7; “Худшиносӣ” 7; “Дарси маҳорат” 4; “Адабиёти кӯдакону наврасон” 5; “Барои дарёфти ҷоизаҳои адабӣ” 6; “Санъати сухан” 2; “Баррасии солона” 3; “Публитсистика” 5 мақола ба нашр расонидааст. Аммо аз ҳама бештар мақолаҳо дар бораи ҷашнҳои гиромидошти шоирону нависандагон ва адабпажуҳон зери рубрикаҳои “Шодбошӣ”; “Зикри хайр”; “Ёднома”; “Ёдкард”; “Хотираҳо”; “Чеҳра”; “Авроқи рангин”; “Ҷашнвора” ва ғайра чоп шудаанд. Миқдори ин гуна мақолаҳо ҳудуди 65 ададро ташкил медиҳад. Аз ин омор маълум мешавад, ки кормандони ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» таваҷҷуҳи худро зиёдтар ба мақолаҳои ҷашнӣ равона кардаанд ва ин хуб ҳам аст, зеро дар чунин рӯзҳои фараҳмандии адибону адабпажуҳон ва наздикони эшон аз хидматҳои бедареғи шабонарӯзиашон ёд кардану қадр кардани онҳо аз рӯи инсофу адолат аст.

Ин ҷо ки мехоҳем, аслан, роҷеъ ба вазъи нақди адабӣ ва адабиётшиносии соли гузашта суҳбат намоем, маълум мешавад, ки таҳти унвони “Нақди адабӣ” 12 мақола, зери рубрикаи “Пажуҳиш” 14 мақола, “Тақриз” фақат 6 мақола, “Китобиёт” 11 мақола ва ҷамъан 43 мақола чоп шудааст. Тавре ки маълум аст, барои пешрафти нақди адабӣ ҳузури тақриз хеле зарур аст, мутаассифона, ин навъи нақд камтар ба чашм мерасад. Воқеияти ҳол чунин аст, ки нақди осори адибон дар тақризҳо сол то сол рӯ ба заъф овардааст.

Тақризу китобиёти чопшуда дар соли гузашта низ ба ин даъво метавонанд намуна бошанд. Аз мутолиаи тақризҳо ва сойири мақолаҳои ба баррасии осори адибон бахшидашуда бармеояд, ки ағлаби онҳо ба таври фармоишӣ ва зӯракӣ таълиф шудаанд, аз ин рӯ, бештар мурурию якҷониба буда, асосан характери тавсифӣ доранд.

Аз рӯи мақолаҳои чопшуда, ба таври умум, чунин натиҷа ҳосил мешавад, ки адибони мо дар кори халлоқияти адабӣ, ҳам ба назму ҳам ба наср, хеле фаъол ҳастанд. Онҳо набзи айёмро хуб ҳис мекунанд ва бештар дар мавзуъҳои таърихӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, Истиқлоли давлатии кишвар, ҳифзи суннатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, сохтмонҳои аср, муҳоҷират, ишқу муҳаббат ва дигар воқеиятҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодию фарҳангӣ ва ғайра асарҳои тозаву сазовори замон эҷод мекунанд. Аксари онҳо забон ва услуби расо доранд, воқеаҳои зиндагиро ба таври реалӣ тасвир мекунанд, дар истифодаи санъатҳои бадеӣ ва унсурҳои фолклорӣ қобилияти хуб нишон медиҳанд. Бисёре аз нависандагони куҳансолу насли ҷавон хусусиятҳои руҳӣ, фикрӣ ва ахлоқии қаҳрамонҳояшонро ба хубӣ ошкор карда метавонанд. Дар осори баъзе нависандагони мо чандсадоии мазмун мушоҳида мешавад. Дар ашъори шоиронамон ҷанбаи маърифатӣ-фалсафӣ мақоми муҳим пайдо кардааст, шоирон саъй доранд озодона мазмуну маъниҳои нав биофаранд.

Зикри чунин муваффақиятҳоро давом додан мумкин аст. Аммо дил мехоҳад, ки мунтақидон ва муҳаққиқони адабӣ дар нигоришоташон ба дақиқ намудани арзишҳои ғоявию бадеии осори адибон диққат дода, равияҳои асосии эҷодиро дар раванди адабии имрӯза ошкор намоянд. Истеъдодҳои навро чи дар назм ва чи дар наср кашф кунанд. Хусусиятҳои умдаи тавфиқи адибонро бармало созанд. Ҷанбаҳои муҳимтарини ғоявӣ ва сабкии осори адибонамонро ба таври мушаххас таъйин намоянд. Ноқиди адабӣ ва адабпажуҳ дар осори адабӣ чизҳоеро бинаду ба қайд гирад, ки онҳоро хонандаи одӣ дида натавонад ва он чизҳо барои вай тозаву қабулкарданӣ бошанд. Инро ҳам гӯем, ки имрӯз дар таҳқиқи адабӣ аз методҳои роиҷ дар ҷаҳон, чун равонтаҳлилӣ, суратшиносӣ, истидлолӣ (аргументативӣ), компаративӣ, сохторшиносӣ, гуфтугӯи матнҳо, матни пинҳон, ҳерменевтикаи адабӣ, ҳамчунин мақулаҳои зиёди марбути онҳо истифода кардан мумкин аст. Равишҳои мазкурро натанҳо дар мақолаҳои сирф илмӣ, балки дар таълифи мақолаҳои корбурдии илмию оммавӣ низ метавон ба кор гирифт. Фаҳмост, ки дар мақолаҳои расонаӣ мухотаб на фақат адибону адабпажуҳон, балки оммаи васеи хонандагон аст, аммо ба ҳар ҳол ҳар мақола бояд ҷавҳаре дошта бошад, тозагие дошта бошад. Мунтақиди адабӣ дар осори адибон чизҳое кашф кунад, ки аз онҳо (чи ҳусну чи қубҳ) ҳам хонандагон ва ҳам худи адибон огоҳӣ пайдо кунанд. Мутаассифона, дар аксари мақолаҳои дар соли гузашта ба нашррасида (дар солҳои пешин ва ҳатто дар мақолаҳои ба истилоҳ сирф илмии дар маҷаллаҳои илмӣ чопшаванда низ) асосан аз равиши иҷтимоӣ, таърифӣ (дефинитивӣ) ва шарҳиҳолӣ истифода шудаасту бас.

Дар маърузаи ҳисоботии Раиси ИНТ Низом Қосим “Панҷ соли адабиёти тоҷик”, ки дар Анҷумани 15-уми нависандагони кишвар эрод намудааст ва матни пурраи он 1 январи соли сипаришуда дар саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат» чоп шудааст, ба баъзе нақоиси нақди адабӣ низ ишораҳо меравад. Аз ҷумла, омадааст, ки «дар навиштаҳои донишмандон (мурод, умуман, нақди адабии тоҷик аст – Б. М.) равандҳои шеъри имрӯз мушаххасу пурра муайян нашудааст. Ин ҷову он ҷо зикр мешавад, ки зумрае аз шоирон, бахусус насли ҷавон, шеърро аз зиндагии воқеӣ дур карда истодаанд, шеър дар эҷоди баъзе аз шоирон обутоби бадеии худро аз даст дода, ба каломи хушку бетаъсир табдил ёфтааст, вале асли ин масъалаҳо, сабабу оқибатҳои нохушкунандаашон дар навиштаҳои донишмандон бо далелу исботҳо дучор намешавад…».

Дар тақризу мақолаҳое, ки дар соли 2021 дар «Адабиёт ва санъат» чоп шудаанд, айни ҳамин камбудиҳое, ки Раиси ИН бар нақди адабии панҷ соли ахир баён карда буд, асосан такрор шудаанд. Ин ҷо аз зикри номи муаллифон сарфи назар намуда, мегӯем, ки онҳо дар мақолаҳои шабеҳи ҳами худ асосан ба таври схематикӣ ва сода каме шарҳи ҳоли адиб, фаъолияти умумии адабии ӯ, бозгӯи муҳтавои асари мавриди назарашонро оварда, сипас, ба таври умумӣ маҳорати нависандагӣ ё шоирии адибро бе далелу исбот васфу ситоиш намудаанд. Бештари мунтақидон ба ҷумлаороӣ, хушгӯию санохонӣ ва умумигӯӣ машғул шудаанд. Дар навиштаҳои суханшиносон аз он эродҳое, ки Низом Қосим бар ашъори зиёди сиёсию иҷтимоии шоирон ангушт ниҳода буд (аз қабили «аз ҳадди шиору хитоба фаротар нарафтан»-и ашъори эшон, «умумигӯию урёнбаёнӣ ва такрори маъниҳои маъмулию забонзад» будани онҳо), чизе гуфта нашудааст ё кам сухан рафтааст. Махсусан, дар баррасиҳои осори насрӣ умумигӯиҳо дида мешавад. Чунончи, дар тақризе мехонем: «Мавсуф ба майдони адабиёт бо сабку услуби хосса ворид гардид». Вале он кадом сабки хосса аст, маълум намешавад. Дар идома мегӯяд: «Ин роман дар адабиёти тоҷик афкори адабӣ ва тарзу усули романнависиро такмил кард». Аммо аз кадом ҷиҳат такмил кард ё нависанда чӣ чизи тоза овард, равшан намекунад. Дар идома навиштааст: «Агар, аз як тараф усул, тарзи баён ва тарҳи асар аз маҳорати баланди нависандагии (фалонӣ – Б. М.) дарак диҳад, аз тарафи дигар, мазмуни таърихию ҷомеашиносии роман ва андешаҳои фалсафӣ матни асарро руҳи тоза бахшидаанд, ки хонанда баъди мутолиаи он қаноатманд мегардад». Аз ин ҷумла ва матни баъдии мақола маълум намешавад, ки “тарзи баён”-и нависанда чӣ гуна будааст, “маҳорати баланди нависандагӣ”-и адиб дар чист, “андешаҳои фалсафӣ”-и нависанда чӣ андешаест ва хонандаи роман дар баробари мутолиаи он аз чӣ “қаноатманд” мешудааст.

Таваҷҷуҳ кунед ба ҷумлаҳои дигар: «Ин нависанда аввалин бор бо ҷуръати тамом аз асолати инсони муосир сухан гуфт, дар осори минбаъдааш ин ҳадафро бештар такмил дод. Яъне, ӯ аз аввалин иқдомаш ҳамчун як нависандаи навовару навпардоз ва қолабшикан рух намуд ва дар пайравӣ бо арзишҳои адабиёти модерни муосир асар эҷод кард ва пойбанди тақлиди кӯр-кӯрона намонд».

Аз ин навишта ва баёни дигари ноқид фаҳмида намешавад, ки “асолати инсони муосир” яъне, чӣ?! “Ҳадаф”-и нависанда, ки ӯ дар назар дорад, кадом аст? “Навоварию навпардозӣ ва қолабшиканӣ”-е, ки муаллифи асар доштаасту мунтақид дар назар дорад, дар чӣ зоҳир шудаанд? Ҳамчунин, “арзишҳои адабиёти модерни муосир” (?) кадом аст ва “пойбанди тақлиди кӯр-кӯрона намондан”-и адиб, яъне чӣ?… Ин ҳама суолҳо барои хонандаи мақола комилан беҷавоб мондаанд. Дар тақризи дигаре навиштаанд, ки фалон эҷодкор «аз зумраи адибонест, ки воқеиятро дар ҷомаи тахайюл манзури хонанда менамояд». Ин ҷо аз нақдкунанда пурсида мешавад, ки оё дигар хел шуданаш ҳам мумкин аст? Охир, тахайюл ва хаёлангезӣ ҷавҳари адабиёти бадеӣ аст-ку. Бадеҳист, ки тасвири бадеӣ ва зебоии сухан фақат тавассути хаёл имконпазир аст ва ҳамин хаёлангезу отифӣ будани забони ҳунари асил боиси ҳамеша нав будани он мегардаду куҳнашавиро намепазирад.

Таваҷҷуҳ намоед ба “фикри бикр”-и муқарризи дигар, ки то чӣ андоза тумтароқу хушку пуч аст: «Яке аз муҳимтарин ва умдатарин масоиле, ки дар пойгоҳи андешаи нависанда ҷои вижа ва аҳаммияти босазо дорад, робитаи адабиёт ва зиндагӣ аст, зеро адабиёт худ бозтоби зиндагии инсонҳост ва ногузир аз неку бади он сухан меронад. Ва ин аз вижагиҳоест, ки ба осори нависанда лаҳни хосе мебахшад ва осорашро аз дигарон мутамоиз мекунад… ».

Худи нависанда чунин “андешаҳо”-ро дар бораи худашу асарҳояш бихонад, чӣ мегуфта бошад? Албатта, чунин ҷумлаҳои пучи саҳифапуркун ягон гӯшаи ҳунари нависандагии эҷодкорро равшан намекунанд ва хонандаи каме огоҳ аз ин қабил навиштаҳо чизи ҷолибе барои худ гирифта наметавонад.

 Мақолаи дигаре, ки “Ибрати насли ҷавон” ном дошта, зери рубрикаи тақриз чоп шудааст, ба баррасии романи “Ишқи сархӯр”-и Кароматуллоҳи Мирзо бахшида шудааст. Дар ин тақриз низ бо бозгӯи сужа ва таҳлили баъзе персонажҳои асар иктифо шудааст ва ҳеч як мушаххасаи ҳунари халлоқи нависанда ошкор карда намешавад ё фикри интиқодие дида намешавад. Ин гуна тақризҳои бархе аз мунтақидон бозтоби содагароию саҳлангории эшон бар кори нақди адабӣ аст. Онҳо метавонистанд осори нависандагонро лоақал аз ҷиҳати сохтор, фабула, забон, сабки баён ва ғайра бо истифода аз равиши муайяни таҳқиқ ба санҷиш гиранд ва дар ин замина тавфиқи нависандаро дар ваҷҳи ғолиби сабкӣ ё ғоявӣ мушаххас намуда, баъдан ба баъзе камбудиҳо ишора намоянд. Аҷаб дар он аст, ки муаллифони ин гуна мақолаҳо дараҷаҳои илмии ихтисосӣ ҳам доранд, аммо ба ҷои баррасиҳои мушаххаси илмӣ, ба қавли Шафеии Кадканӣ, “иншонависӣ” мекунанд, вале андеша доранд, ки муҳимтарин таҳлилҳои илмиро анҷом медиҳанд.

Дар бораи заъфи нақди адабӣ ва сабабҳои он бисёр навиштаанд. Он чи мегӯянд, ки кори мунтақиди адабӣ душвор аст, аммо подоши хеле ночизе дорад, дуруст аст. Аммо бисёриҳо, ки мегӯянд «дар замони нав меъёру милокҳои нақд таъйин нашудааст», ба назари мо, чандон саҳеҳ нест. Шояд онҳо меъёрҳои мафкуравиро дар назар дошта бошанд, ки ҳизби ҳокими даврони шуравӣ таъйин карда буд ва мунтақиди адабӣ ҳам аз рӯи он меъёрҳои сохта  месанҷид, ки адиб дар асараш то кадом андоза муборизаи табақотиро дар инкишофаш нишон дода ва ё дӯстии халқҳоро то кадом савия ифода карда тавонистааст ва ғайра. Чунин меъёрҳои мафкуразадаи иҷтимоӣ ҳоло бебозгашт моли таърих шудаанд. Аз қадим меъёрҳои асили санҷиши каломи бадеъ дар суханшиносии суннатии мо вуҷуд дошт ва онҳоро анвои улуми адабӣ таъйин мекард ва асоситарини онҳо, ки метавонанд имрӯз ҳам ба дарди мо бихӯранд, илмҳои сегонаи адабӣ (арӯз, қофия, бадеъ) ва баёну маонӣ (балоғат) мебошанд. Бо меъёрҳои илмҳои мазкур (поэтикаи нормативӣ) ва баъзе илмҳои адабии дигари муосир осори бадеиро, чи назму чи наср, таҳлилу баррасӣ ва нақди комил кардан пурра имкон дорад.

Ҳафиз Раҳмон низ заъфи нақди адабӣ ва адабиётшиносии моро мушоҳида намуда, дар мақолааш “Таҳқиқи адабиёт ва зарурати корбурди равишҳои нав” (08.07- саҳ.10-11) методҳои нави таҳқиқ, ки бар мабнои назариёти адабии нав аз тарафи суханшиносони рус пешниҳод шудаанд, назири равонковӣ, системавию сохторӣ, таърихию функсионалӣ ва монанди инҳоро қобили истифода дар адабиётшиносии имрӯзаи мо донистааст.

 Ин ҷо бармегардем ба мавзуи асосии баҳс, ки анҷом медиҳем. Бо вуҷуди нақоиси фавқан зикршуда, аз мутолиаи баъзе мақолаҳо, ки соли гузашта дар шумораҳои «Адабиёт ва санъат» чоп шудаанд, дар бораи андак-андак қувват гирифтани нақди адабӣ ва фаъолтар шудани он қазоват кардан мумкин аст. Дар ин росто, мунтақидони касбӣ, аз қабили Абдураҳмони Абдуманнон, Абдунабӣ Сатторзода, Низомиддин Зоҳидӣ, Абдушукури Абдусаттор (равонаш шод бод), Абдухолиқи Набавӣ, Шодимуҳаммад Сӯфизода, Шарифмурод Исрофилниё, Ҳафиз Раҳмон, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Боймурод Шарифзода, Аламхон Кӯчарзода, Сироҷиддини Эмомалӣ, Шамсиддини Муҳаммадӣ, Анзурати Маликзод, Мурод Муродӣ, ҳамчунин, Неъматҷон Файзуллоев, Субҳони Аъзамзод, Сайрам Бақозода ва дигарон саҳми босазо доранд.

Дар ҳар сурат, аз ҷумлаи камбудиҳои асосии бархе аз мунтақидону адабиётшиносон бозгӯ кардани сужаи асари нависанда аст. Дар мақолаҳое, ки ба санаи бузургдошти адибон таълиф шудаанд, кӯшиш шудааст, ки асрори ҳунари адибон ошкор карда шавад, вале дар ин самт фақат ҳусни осори онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд ва ин чиз табиӣ ҳам ҳаст, зеро чун адиб ҷашн дорад, аз камбудиҳои маҳсули қалами ӯ сухан кардан чандон ҷоиз нест. Вале аз ин гуна навиштаҳо дар мақолаи муфассали А. Набавӣ “Ҳунарманди воқеъбин ва андешагаро (нақди куллие чанд дар бораи сабки Саттор Турсун)” саъй шудааст диди хосси ҷамолшиносии С. Турсун дар осораш ошкор гардаду саҳми ин нависанда дар рушду таҳаввули насри имрӯзаи мо таъйин карда шавад.

Дар умум мунтақидони мо бояд аз ноқидони касбии пешин, аз ҷумла аз навиштаҳои зиндаёд Соҳиб Табаров ибрат бигиранд. Мақолаи М. Имомзода ва М. Зайниддинзода бо номи “Минбари омӯзиш”, ки 1-уми апрели соли гузашта чоп шудааст, мактубҳои ба Абдулҳамид Самад навиштаи Соҳиб Табаровро баррасӣ мекунад. Муаллифон дуруст қайд мекунанд, ки «Соҳиб Табаров чун ҷанговари яккамондаи майдони набард амал кардааст. Дар шинохти С. Табаров нақси кӯчаку бузург вуҷуд надорад ва монанди он ки ҳатто як сангчаи дар дохили биринҷмонда сабабгори озори дандони инсон мегардад, вуҷуд доштани як нақси дар назари хонанда ноаён низ метавонад бедиққатии эҷодкорро бозгӯ намояд» (саҳ.7). Дар воқеъ, С. Табаров барои беҳбудии адабиёти тоҷик бо камоли ҳавсала ва ҷуръат осори адибони моро бо диққати тамом нақд мекард.

Ҳоло чунин шудааст, ки адиб аз хурдтарин танқид ва зикри нақоиси осораш меранҷад ва чунин ноқидро душмани шахсии худ меҳисобад.

Дар даҳаи сеюми моҳи июн матни суханронии Абдунабӣ Сатторзода таҳти унвони “Бозтоби замони Истиқлол дар адабиёт: бурду бохт”, ки дар маҷлиси Садорати ИН эрод кардааст, чоп гардид. Дар ин маъруза як миқдор мулоҳизаҳои танқидӣ низ баён шудаанд. Аз ҷумла, баъзе тазаккуроти А. Сатторзода дар мавриди романи “Гардиши девбод”-и Абдулҳамиди Самад нависандаро бар он водоштааст, ки дар «Адабиёт ва санъат» (29.07 – саҳ. 5) бо мунтақиди мазкур мубоҳиса намояд ва ин падидаи хуб аст, зеро тавре маълум аст, ҳақиқат дар баҳс ошкор мегардад. Бешубҳа, чунин мубоҳисаҳо, ки солҳои охир ба нудрат рух медиҳанд, бар манфиату пешрафти адабиёт мусоидат хоҳанд кард.

Дар бораи вазъи ашъори имрӯзии шоирони мо низ тақризу мақолаҳои хондании бисёр чоп шудаанд. Ба назари ин ҷониб, дар ин росто мақолаи беҳтар навиштаи А. Абдусаттор бо номи “Хирмани моҳ” ё номаи дарду ормонҳои шоир” дар бораи силсилаи дубайтиҳои Раҳмат Назрӣ мебошад. Дар ин таҳқиқ дубайтиҳои шоир аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво ва хусусиятҳои ғоявӣ ба таври мушаххас ва назарсанҷона баррасӣ шудаанд. Муаллиф сабабҳои падид омадани дубайтиҳои дорои мазмунҳои иҷтимоию фалсафӣ-маърифатиро ба гунаи эътимодбахш таъйин кардааст. Дар охири мақола вазифа гузошта шудааст, ки минбаъд бояд қимати бадеию ғоявии чунин шеърҳои Раҳмат Назрӣ ва шоирони дигар аз ҷиҳати хусусиятҳои жанрӣ ба таври густарда омӯхта ва холисона таҳқиқ кардаву дастовардҳои шоирон ва нақоиси он дар ин самт мушаххас карда шаванд. Ш. Исрофилниё низ дар мақолааш “Устураи сарнавишт” диққати худро ба дубайтию рубоиёт ва ғазалҳои Р. Назрӣ маътуф доштааст ва дар ин шаклҳои жанри ғиноӣ дасти тавоно доштани шоирро таъкид намуда, «истеҳкоми сухан, инсиҷоми калимот, авзони мувофиқ ба мавзуъ ва алалхусус, оҳанги мусиқоии шеър»-и ин шоирро гӯшзад кардааст.

Мақолаи хуби Абдураҳмони Абдуманнон “Ситорае буд дар замин” дар бораи мақоми устод Мирзо Турсунзода дар рушд додани шеъри тоҷикӣ мебошад. Нуктаи муҳимме, ки дар он зикр мешавад, ин аст ки устод Турсунзода жанрҳои шеъри классикии тоҷику форсро руҳан ва мазмунан нав кард, шеърро «сирф тоҷикӣ кард, ба он тафаккури тоҷикӣ, гӯиши тоҷикӣ ва ҳикмати тоҷикӣ бахшид». Мақолаи дигари муҳаққиқи мазкур “Вуруд ба ҷаҳони Лоиқ” унвон дорад ва дар он ба таври густарда дар бораи чеҳраи адабию тафаккури халлоқ ва мароми шоирии устод Лоиқ ва корномаҳои эҷодии ӯ сухан рафтааст. Аз ҷумла, муаллиф ба масъалаи пешгузоштааш ғавр намуда, навиштааст: «Азми устод Лоиқ ин буд, ки шеъре бигӯяд аз рӯзгори мардум барои мардум, аз дунёи инсон барои хушбахтии инсон, аз арзишҳои азалии маънавӣ ба хотири ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии ҳамзамонон, аз зебоиҳои Ватан барои ободии Ватан, аз ишқи пок ба хотири покии ишқ, аз муҳаббату садоқат барои пойдории аҳду вафо, аз таърихи гузашта ба хотири имрӯзу оянда». Муаллиф натиҷаеро матраҳ ва тасдиқ намуда, ки Лоиқ дар эҷодиёти худ ба жанрҳои ғазал ва рубоию дубайтӣ умри дубора ато кардааст. Баъдан, ба хулосаи саҳеҳе меояд, ки «Лоиқ шоири соҳибмактаб ва инондори солимтарин ҷараёни татаввури шеъри тоҷикии охири садаи 20-ум аст ва ин мактабу ҷараён имрӯз низ равнақ дорад».

Мақолаи хондании дигар аз А. Набавӣ “Шеъри “Ба модарам” – ҳамосаи ғиноӣ” мебошад ва дар он омилҳои эҷод шудани ҳар як қисмати ин шеъри устод Лоиқ, мазмуну муҳтаво ва сабки он дар сатҳи овоӣ, луғавӣ ва наҳвӣ хеле хуб ва муфассал ба домани таҳқиқ кашида шудааст. Мақолаи устод А. Сатторзода “Машъалдори шеър” асосан характери масъалагузорӣ дорад. Дар он таъкид шуда, ки мавзуи робитаи эҷодии устод Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ ба таври амиқу густарда бояд омӯхтаву таҳқиқ карда шавад.

Баррӯиҳам, дар соли гузашта «Адабиёт ва санъат» сафаҳоти зиёди худро ба баррасии фаъолияти шоирону нависандагони маъруфи мо Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Файзулло Ансорӣ, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Нур Табар, Саидалӣ Маъмур, Басир Расо, Ширин Бунёд ва махсусан, ба таҳлили осори Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Саттор Турсун, Аскар Ҳаким Раҳмат Назрӣ, аз адибони бачаҳо Ҷӯра Ҳошимӣ, Азизи Азиз ва аз даврони классикии адабиётамон ба эҷодиёти Рӯдакӣ, Саноӣ, Ҷалолуддини Балхӣ ва Камоли Хуҷандӣ бахшидааст. Ҳамчунин, дар иртибот ба ҷашни таваллуди суханшиносони шинохтаи мо Абдулғанӣ Мирзоев, Холиқ Мирзозода, Ҷумъабой Азизқулов, Садрӣ Саъдиев, Худойназар Асозода, Абдухолиқ Набавӣ, Шоҳзамон Раҳмон мақолаҳо чоп шудаанд. Инчунин, «Адабиёт ва санъат» сафаҳоти зиёди шумораҳои худро ба баррасии фаъолиятҳои гуногунҷонибаи Абдунабӣ Сатторзода, Аламхон Кӯчарзода боз намудааст.

Роҷеъ ба монографияҳои илмии ба тозагӣ нашршудаи суханшиносон низ тақризҳо чоп шудаанд. Дар масъалаҳои робитаи адабӣ аз ҳама фаъолтар Зебунисо Бобоалиева буда, ки ӯ дар чанде аз мақолаҳои худ мавзуоти гуногуни ин самти адабиро матраҳ ва кӯшиши ҳаллу фасл намудан кардааст.

Шоёни қайди махсус аст, ки аз нигоҳи баррасиҳои илмӣ шукуфотарин ва рангинтарин қисмати «Адабиёт ва санъат» рубрикаи “Адиб дар бораи адиб” ва “Баррасии солона” мебошад. Адибони мо Камол Насрулло, Қодири Рустам, Абдуллои Раҳнамо, Азизи Азиз, Адибаи Хуҷандӣ дар таҳлили назму насри имрӯзаи мо болодаст мебошанд. Чунончи, яке аз мақолаҳои беҳтарин навиштаи калонҳаҷми олимонаи Қодири Рустам таҳти унвони “Баҳманёр ва Холдори Чилдурӯғ” мебошад. Ин мақола аз тақризҳои дигарон, ки ба романҳои нависандагон навиштаанд, бо мушаххасии мавзуи таҳқиқ фарқи куллӣ дорад. Аз мутолиаи ин мақола зуд фаҳмида мешавад, ки муаллифи он доираи мутолиаи хеле васеъ ва дониши густарда дорад. Ӯ мисли дигарон фактҳои мавҷудбударо фақат зикр намекунад, балки онҳоро таҷзия ва таҳлил мекунад. Қодири Рустам ягона касе ба назар расид, ки дар асари бадеӣ, пеш аз ҳама, тахайюли бадеиро мебинад ва онро баррасӣ мекунад. Ӯ дар асарҳои нависандаи маҳбуби мо Баҳманёр тахайюли шоиронаро дида, онро шарҳу маънӣ карда тавонистааст. Аз гуфтаи худи нависанда хеле баҷо иқтибос оварда, ки гуфтааст: «Аз чизи буда чизи зеботаре сохтан ҳунар аст, ин ҳунарро ҳар кас надорад…». Дар воқеъ, ҳунари халлоқияти адабиро ҳамаи суханшиносони маъруфи ҷаҳон дар ҳамон чизе дидаанд, ки Баҳманёр гуфтааст. Муҳимтарин шарти асари ҳунарӣ дар камоли зебоии он аст. Пас, дурӯғҳо ё суханҳои мухайяли ҳам Баҳманёр ва ҳам қаҳрамони достонҳояш – Холдори Чилдурӯғ тахайюлоти зебо ва ҳайратовар ҳастанд. Дар воқеъ, агар дар забони ҳунарманд дурӯғи маҳз ҳам ҷорӣ шавад, вале он зебоӣ дошта бошад, сидқ аст. Қодири Рустам дар заминаи муқоисаи образи Холдори Чилдурӯғ ва худи Баҳманёр умумият ва фарқҳои аҷиберо кашф карда, насри Баҳманёрро бо далелҳои муътамад насри романтикӣ шинохтааст. Дар ин мақола беҳуда аз нависандаи маъруф Габриэл Гарсиа Маркес ёд нашудааст. Ин нависандаи Амрикои Лотин (Колумбия) дар соҳаи адабиёт поягузори сабки реализми ҷодуӣ шинохта шудааст. Қодири Рустам таъсири ин нависандаро ба осори Баҳманёр, махсусан дар романи “Сармаддеҳ”-и ӯ, ба мушоҳида гирифтааст ва ҳатто тафовутҳои тахайюли бадеии Баҳманёрро аз Маркес ва аз Рудолф Распе мӯшикофона нишон додааст. Ба фикри камина, баррасиҳо дар бораи ҳунари нависандагӣ бояд чунин бошад, ки Қодири Рустам дар бораи насри бадеии Баҳманёр кардааст.

Мақолаи шоири тавоно Камол Насрулло “Устод Турсунзода – бунёдгузори шеъри навин” яке аз мақолаҳои хубу хонданӣ дар соли гузашта буд. Ин мақола бандубасти хуби мақолаи илмиро дорост. Муаллиф ҳадафи худро дар оғоз равшан баён мекунад. Ӯ дар асоси се манзумаи устод М. Турсунзода “Садои Осиё”, “Ҷони ширин” ва “Ҳасани аробакаш” бо далелҳои маҳкам ба субут расонидааст, ки Мирзо Турсунзода дар адабиёти асри 20-и тоҷик шоири навҷӯву навовар аст ва сабкаш саҳли мумтанеъ буда, баёну тасвирҳои нави шоиронаи ӯ тоҷикона мебошанд. Мақолаи дигари ҷолиби диққати К. Насрулло дар бораи вижагиҳои ҳунарии ашъори Аскар Ҳаким чоп шудааст. Шояд тавфиқи шоирони мунтақид дар ин гуна довариҳо дар он бошад, ки тавре К. Насрулло мефармояд, «шоир шоирро беҳтар мефаҳмад».

Мақолаи шоири донишманд Баҳроми Раҳматзод “Шеър дар оинаи «Адабиёт ва санъат»” (13.06-саҳ.12-13) ашъори дар зарфи соли 2020 ба нашр расонидаи ҳафтаворро реза-реза баррасӣ мекунад. Муаллиф дар қисмати аввали навиштаҳояш аз муҳассаноти каломи шоирон ҳарф задааст. Ӯ дуруст мефармояд, ки шеър бояд «оганда аз отифа, андеша, ҳикмат, фалсафа ва муҳимтар аз ҳама, мамлу аз ҳунар бошад». Ҳамчунин, шеър бояд дар ҳамаи меҳварҳо ва махсусан аз манзари ҳунари шоирӣ, санҷида шавад. Дар қисмати дуюми мақола Б. Раҳматзод аз камукостиҳои шеърҳо, махсусан заъфи мантиқ, заъфи таносуби шаклу маъно, заъфи калом ва сактаҳои вазнӣ хеле соҳибназарона, боҷуръатона ва бо риояти одоби суҳбату нияти хайр баҳс оростааст.

Яке аз мақолаҳои дигари хуби хонданӣ, ки соли гузашта дар «Адабиёт ва санъат» чоп шудааст, “Шоире дар қаламрави шеъри нав” мансуб ба қалами шоир ва мунтақиди ҷавони жарфбин Муҳриддин Сабурӣ мебошад. А. Сатторзода дар тақризе, ки ба маҷмуаи мақолоти М. Сабурӣ “Шеър дар мизони ҳунар” зери унвони “Шоире, ки нақди шеър некӯ мекунад” (05.04-саҳ.5) навиштааст, дуруст фармуда, ки нақди М. Сабурӣ “нақди ҳунарӣ” аст. Дар мақолаи М. Сабурӣ, ки зикраш рафт, таҳаввули сабки шоирии Аскар Ҳаким то падид омадани манзумаи ӯ “Санги ман – алмос” ва ҳамчунин таҳлили сабки шоирии ӯ дар ин манзума таҳқиқ шудааст. Муаллиф А. Ҳакимро аз рӯи бархе аз ашъораш бо далелҳои қонеъкунанда шоири дарунгаро таъйин кардааст. Бартарии нақди Сабурӣ аз дигарон дар он аст, ки таҳқиқаш бо ҳерменевтикаи адабӣ гиреҳ мехӯрад. Камина низ, чун А. Сатторзода ба нақди боҷуръатона ва ҳирфавии М. Сабурӣ итминон пайдо кардаам. Сабурӣ, ки мудири шуъбаи нақди ИНТ аст, дар ҷои худ қарор дорад. Ӯ дар паҳлуи шоириаш ин кори вазифавиашро хуб иҷро мекунад. Дар мақолаи муфассали дигари ӯ “Оҳангҳои куҳнаро такрор мекунӣ (дар ҳошияи машварати адибони ҷавон)”, ки дар ҳафтавор чоп шудааст, такрорӣ будани мавзуву мазмунҳо, таркибу ибораҳо ва қофияҳоро дар шеъри шоирони ҷавон ба субут расонидааст. Ӯ ҳамчунин то андозае роҳҳои нав кардани тасвирҳои шоиронаро нишон додааст. Аз ин рӯ, мақолаи мазкури Сабурӣ натанҳо барои шоирони навомӯз, балки ба ҳамаи дӯстдорони шеъру адаби тоҷикӣ муфид мебошад. Мавсуф агар аз назариёти адабии Ғарб ва рус ошно шавад, бешак, аз мунтақидони соҳибкасбе хоҳад шуд. Боз ҳам агар гуфтаҳои Сабуриро бо истилоҳоти саҳеҳи формалистони рус бигӯем, сохтор ё сиёқи шеъри шоирони пешин барои шоирони имрӯз бояд норма бошад ва шоири замони нав аз он мотивҳои куҳна (нормаи устувор) инҳироф карда, бо роҳи ошноизудоӣ онро тағйир бидиҳад, то ҳунарсозаи нав, ки адабиётшиносони мо “тасвири шоирона” меномандаш, бо ҷилои тоза падид биёяд.

Зери рубрикаи “Нақди адабӣ” тақризи дигари М. Сабурӣ “Ҳамчу оина рӯ ба рӯ гуфтан” чоп шудааст. Метавон гуфт ҳамин тақриз, ки ба баррасии маҷмуаи шеъри “Тоҷикистон қалби ман аст”-и шоири ҷавон Рустами Аҷамӣ бахшида шудааст, як тақризи намунавӣ барои дигарон аст. Ман ин тақризро тақризи адабии сол мешуморам. Он аз ҷиҳати сохтор низ хеле ҷолиб аст. Мақола оғоз дорад ва он бидуни суханпардозиҳою гуфтори зиёдатӣ якбора аз баёни матлаб шуруъ мешавад. Муаллиф пас аз зикри ҳусни баёну тасвирҳои шоири ҷавон андешаҳои интиқодии худро овардааст. Ӯ ашъори Р. Аҷамиро мушаххасан аз ҷиҳатҳои “тасвиру таркибофаринӣ”, “устуворию ноустувории талмеҳ”, “мантиқу таносуб”, “таркибсозӣ ва мазмунгароӣ”, “заъфи забон” ва “хатои вазн” санҷида, бо овардани намунаҳои шеърӣ ҳама нақоиси ашъори ӯро бо далелҳои маҳкам баррасӣ намудааст. Тақриз хулоса низ дорад, ки дар он аз баёни матолиб натиҷагирӣ шудааст.

Ман мутмаинам, ки ҳамин тақризи беғаразона ва хайрхоҳонаи Сабурӣ барои боз ҳам беҳтар нашъу нуму кардани истеъдоди Рустами Аҷамӣ ҳамчун шоири хуби ояндадор мусоидат хоҳад кард.

Дар мусоҳиба бо адибон низ чизҳои хондании зиёд чоп шуда, ки дар ин қолаб аз ҳама беш маводи Толиби Луқмон ба нашр расидааст ва дар ин тарзи кор мавсуф маҳорати хуб нишон додааст.

Ғайр аз инҳо, дар соли сипаришуда дар бораи адабиёти бачаҳо, назариёти адабӣ, тарҷумаи бадеӣ, публитсистика, матншиносӣ, палеография, овозхонӣ, кинематография ва ғайра низ мақолаҳо чоп шудаанд, ки бо адабиёт ва пажуҳишоти адабӣ муртабит мебошанд. Таҳлили иҷмолии маводи таҳқиқии дар соли гузашта рӯи саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат» чопшуда имкон медиҳад гӯем, ки вазъи нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ умедворкунанда аст ва он оҳиста-оҳиста рӯ ба ҷониби беҳбудӣ оварда ва кормандони ҳафтавори мазкур дар ин раванд саҳми арзанда мегузоранд.

Дигар хабарҳо