Рӯ ба меҳроби Ватан…

 Рӯ ба меҳроби Ватан…

Ба ифтихори 75солагии Камол Насрулло 

Рӯзи 27-уми декабр ҷашни 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар шаҳри Панҷакент идома ёфт. Тантанаҳои ҷашнӣ дар дабистони рақами 6-и деҳаи Ғӯсари ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, ки шоир парвардаи он аст, оғоз шуда, дар шаҳр давом кард.

Маҳфили адабиву фарҳангии «Рӯ ба меҳроби Ватан», ки дар шаҳри Панҷакент, дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоев доир гашт, бо шиносии меҳмонон аз тамошои намунаҳои сӯзании аҳли ҳунари шаҳр шуруъ шуд. Сипас паёми шодбошии Муовини якуми Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро директори китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаид ироа намуд.

Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар суханронияш аз хидматҳои арзишманди соҳибҷашн барои рушди шеъри муосири тоҷик ва эҷоди шеърҳои баландмазмуни ватандӯстонааш ёдоварӣ кард.

Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо, сармуҳаррири моҳномаи «Садои Шарқ» Ато Мирхоҷа, адабиётшинос ва тарҷумон Абдураҳмони Абдуманнон, шоир Зиё Абдулло, эҷодкорони ҷавон Синои Абуалӣ, Кӯҳзоди Фатҳулло ва дигарон аз вижагиҳои шеъри Камол Насрулло, ҷойгоҳи ӯ дар ҳавзаи адабиёти тоҷику форс ва ғайра сухан карданд.

Дар маҳфил сурудҳои ҳунарпешагони шуъбаи фарҳанги шаҳр ва сарояндаи шинохта Эркин Одинаев пешниҳод гаштанд.

Раиси шаҳр А. Холиқзода дар маҳфил эълон намуд, ки аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоир ба ифтихори 75-солагияш дар маркази шаҳри Панҷакент хонаи дуҳуҷрагӣ ҳадя гардид. Ҳамчунин, бо сарпарастии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр маҷмуаи шеърҳои Камол Насрулло ва маҷмуаи дастҷамъии навиштаҳои аҳли қалам дар бораи эҷодиёти ӯ ба нашр расиданд.

Дигар хабарҳо