Рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ

 Рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ

Имсол маротибаи панҷум аст, ки муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Питчинг (рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ)-ро бо иштироки коргардонҳо, филмноманависон, продюсерон ва коршиносони соҳа баргузор менамояд.

29 июл дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дар Питчинг 9 лоиҳаи синамоӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби муаллифон ва коргардонҳо ба таври айёнӣ (соайд-шоу) муаррифӣ шуданд.

Гуфта шуд, ки лоиҳаҳои мазкур давоми 10 рӯзи кории тақвимӣ мавриди баррасию омӯзиши Комиссияи экспертизӣ қарор гирифта, ба Шӯрои бадеӣ пешниҳод мегарданд.

Иштирокчиён доир ба лоиҳаҳои синамоии рӯнамоишуда ибрози андеша намуда, барои такмилу беҳтар гардидани сифату сатҳи филмномаҳо ба соҳибқаламони ҷавон маслиҳатҳои муфид доданд.

Мақсади баргузории рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ дарёфти филмномаҳо ва истеъдодҳои ҷавон барои тақвияти истеҳсолот ва филмофарӣ мебошад.

Лоиҳаҳои синамоӣ то 29 август қабул карда мешаванд. Баргузории Питчинги навбатӣ 30 августи имсол дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар назар дошта шудааст.

Дигар хабарҳо