Рӯнамоии «Акси осмон дар чашм»
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон романи тахайюлии «Акси осмон дар чашм»-и нависандаи русизабони тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ баргузор гардид. Романро адиб ва тарҷумон Салими Зарафшонфар ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Он аз даҳ боб иборат мебошад. Нишастро Раиси ИНТ Низом Қосим ифтитоҳ бахшида, гуфт: — Дар асарҳои фантастикии худ Абдумалик Баҳорӣ қаҳрамонҳо, лаҳзаҳо, сюжетҳои хаёлиро устодона ба ҳаёти инсонҳо чунон пайвастааст, ки хонанда ба ҳайрат меояд. Масалан, нафаре аз сайёраи дигар меояд, ки барои одамон дилаш месӯзад ва мисли як инсони заминӣ қабул мешавад. Ҳамин ҳолат вақти хондани китоби Гулсифат Шаҳидӣ ҳам ба ман даст дод. Лаҳзаҳое дар ин китоб ҳастанд, ки касро ба изтироб меоранд. Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод, тарҷумони китоб Салими Зарафшонфар, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуғаффори Абдуҷаббор, драматург Амалхонум Гаҷиева, омӯзгор Сурайё Муҳташева, эҷодкори ҷавон Сайидо Шарафӣ ва дигарон оид ба китоби тозанашр суханронӣ намуданд. — Мутолиаи роман мутмаинам гардонд, ки барои ба хонандагони тоҷик пешкаш кардан меарзад. Аввал ин, ки он дар жанри тахайюлӣ эҷод шудааст. Банда асарҳои ин табор, алалхусус нигоштаҳои Жюл Верн, Ҳерберт Уэллс, Рэй Брэдбериро дӯст медорам. Жанри мазкур кайҳост, ки дар адабиёти муосири мо аз равнақу ривоҷ монда, дар гӯшаи фаромӯшӣ қарор дорад. То ҳол повест ё романе мисли асарҳои устоди забардасти фантастика Абдумалик Баҳорӣ ба миён наомадааст. Ҳол он ки имрӯз дар адабиёти ҷаҳон жанри мазкур аз серхонандатарин ва серхаридортаринҳо ба шумор меояд. Фантастика аз нависанда нафақат донишу маҳорати адабӣ, балки инчунин донишу фаҳмиши кайҳоншиносӣ, табиатшиносӣ, кимиёӣ, ҷуғрофӣ ва ҳоказо, лоақал тасаввурот марбут ба ин бахшҳоро тақозо менамояд. Биноан, ҷуръати Гулсифат Шаҳидӣ дар ин масир шоистаи таҳсин аст, — иброз намуд Салими Зарафшонфар. Дар охир муаллиф ба роҳбарияти Иттифоқи нависандагон барои баргузории чунин маҳфил миннатдорӣ кард.