• 29.12.2025

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон

 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон

Аз 17 то 24 декабр дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон бо тантанаю шукӯҳ доир гардид.

Санаи 18-уми декабр дар Шурои санъати миллии Покистон дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ иштирок намуд. Қабл аз барномаи консертӣ дар се толор намунаи ҳунарҳои мардумӣ, санъатҳои дастӣ, маҳсулоти гуногуни нонӣ, меваҷот, оши палав, обҳои истеҳсоли Тоҷикистон, мусаввараю аксҳо, ки таъриху фарҳанг ва урфу одати миллати моро бозтоб мекарданд, манзури иштирокдорон гардонида шуданд.

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон 19 декабр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири иттилоот ва телевизиони Ҷумҳурии Исломии Покистон Атоулло Тарар вохӯрӣ дошт. Ҷонибҳо барои танзими ҳамкории фарҳангӣ дар оянда, ҳамчунин омодасозии кадрҳои соҳа дар донишкадаҳои ҳарду кишвар дар самти филмофарӣ, театр, китобхона, идомаи баргузории Рӯзҳои фарҳанг дар ду давлатро баррасӣ намуданд.

Рӯзи 19-уми декабр вохӯрии Сарварзири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баргузор шуд. Дар Маркази мероси фарҳангии халқии “Lok Virsa” и шаҳри Исломобод намоиши маҳсулоти Тоҷикистон ва санъати миллӣ ба роҳ монда шуд.

Дар рӯзи сеюми Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Форуми байналмилалии “Покистону Тоҷикистон – ду қолабу як ҷон” сурат гирифт, ки дар он аҳли илму адаби Тоҷикистону Покистон иштирок доштанд

Дигар хабарҳо