Рӯзи кинои Тоҷикистон дар Беларус

 Рӯзи кинои Тоҷикистон дар Беларус

7-уми ноябр дар синамосарои (кинотеатри) «Победа»-и Ҷумҳурии Беларус, дар доираи Синамоҷоизаи 30-юми байналмилалии «Лістапад» Рӯзи синамои Тоҷикистон бо намоиши филми коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддин Музаффар бо номи «Дов» баргузор гардид.

Дар ин маросим ходимони илму фарҳанг, рӯзномани­горон, ҳамчунин ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқи­ми Беларус иштирок намуданд. Мудири Муассисаи дав­латии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён иброз дошт, ки филми «Дов» бо вуҷуди навэҷод будан аллакай дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷоизаҳо гаштааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки баргузории Рӯзи синамои Тоҷикистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ барои таҳкими ҳамкории минбаъдаи синамогарони ду давлат заминаи мусоид фароҳам меорад. Мудири кул­ли ширкати филмсозии миллии «Беларусфилм» Юрий Алексей гуфт, ки тақрибан як моҳ пеш дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус дар сатҳи баланд ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи Тоҷики­стон доир гардид. Ӯ изҳори хушнудӣ намуд, ки имрӯз дар Минск Рӯзи синамои Тоҷикистон ме­гузарад ва ин табодули фарҳангӣ барои рушди ҳамкории минбаъдаи синамогарони ду кишвар аҳамияти бузург дорад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода дар бораи пешрафту дастовардҳо ва дурнамои ҳамкории фарҳангию гуманитарии Тоҷикистон ва Беларус, ки ба туфайли сиёса­ти хирадмандонаи Президентони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко торафт равнақ ва мазмуну мундариҷаи нав касб менамояд, сухан гуфт.

Бояд таъкид намуд, ки қабл аз оғози намоиши филм маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва «Киновидеопрокат»-и Минск баргузор гардид, ки ба лоиҳаҳои муштараки оянда дар соҳаи синамо заминаи устувор мегузорад.

Дигар хабарҳо