Рӯзи Артиши миллӣ. Рустам Ваҳҳобзода

 Рӯзи Артиши миллӣ. Рустам Ваҳҳобзода

Низом Қосим

Як пояи давлат 

Эй вориси арзандаи Рустам,
Эй зӯри афзояндаи Рустам,
«Шаҳнома»-и пояндаи Рустам,
Пурдостон ояндаи Рустам!

Эй артиши амну амони халқ,
Эй рамзи неки ормони халқ,
Испитамени достон ҳастӣ,
Темурмалики ростон ҳастӣ!

Бо азму ройи Пешвои халқ
Хидмат кунӣ умре барои халқ,
Як пояи давлат туӣ, артиш,
Зӯри дили миллат туӣ, артиш!

Хӯрдӣ ба тақдири Ватан савганд,
Бо ин ватанхоҳ анҷуман савганд,
Умре пайи кори Ватан ҳастӣ,
Бо давлати худ решапайвастӣ!

* * *

Рустам Ваҳҳобзода

              РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

 Муборак бод Рӯзу рӯзгорат, Артиши миллӣ,
Муборак бод шаъну эътиборат, Артиши миллӣ,
Ватан осудаву ором шуд бо иқтидори ту,
Муборак бод авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ,

Туро ин ҳиммату ин нусрату пайкор фархунда,
Туро дар ҳифзи кишвар дидаи бедор фархунда,
Туро ин саффи пайваста, туро ин назми ҳамбаста,
Ба каф бинҳода ҷонро аз пайи эсор, фархунда.

Чу кӯҳе аз замини ормони халқ рӯйидӣ,
Ба ҳифзи ҷони ин миллат зи ҷони халқ рӯйидӣ,
Ту аз ҳар хонадони Тоҷикистон решае дорӣ,
Таҳамтан шаҳчанори бустони халқ рӯйидӣ.

Нишон аз Ориён дорӣ, шукӯҳи бостон дорӣ,
Зи користон чу «Шаҳнома» ҳазорон достон дорӣ.
Синони Рустаму гурзи Фаридун зеби дасти туст,
Ҷаҳон донад, низому расми поси ростон дорӣ.

Ба дастат ковиёнӣ парчами хуршедавранг аст,
Ба сар ҳар афсаратро афсари заррини фарҳанг аст,
Бе неруи аҳуройии ту қадди ватан болост,
Набарди беамони ту набарди сулҳ бо ҷанг аст.

Дуои модарон, панди бузургон такядори туст,
Гули хандони рӯйи кӯдаки Меҳан баҳори туст,
Амонии Ватан бо ту амони ҳамҷавори туст,
Адои қарзи фарзандӣ паёми ту, шиори туст.

Муборак бод ҷашни нурборат, Артиши миллӣ
Муборак бод азми пойдорат Артиши миллӣ,
Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи олӣ
Муборак бод аҳди устуворат Артиши миллӣ.      

 САНГАР

Ёди Меҳан сабз бошад бар саре,
Лоиқи он сар бувад ҳар афсаре.

Нест бе меҳри Ватан дил дар бараш,
Гар бувад шоҳеву гар пайғамбаре.

Ҳар касеро хуни нофе рехта,
Ҳар касеро зода бошад модаре.

Бешак, ӯро зодгоҳе будааст,
Ҳамзабоне, ҳамдиле, ҳамбоваре.

Хуш кунад ранҷи тавонфарсойро,
Ғайрро ҳаргиз нагардад чокаре.

Ҳайф бошад ҷон ба хасми ҷон супурд,
Ҳайф бошад дил диҳӣ бар барбаре.

Ҳеч муслимро намеояд қабул,
Балки напсандад чунинро кофаре.

Гуфт Саъдӣ рӯзи майдони Ватан:
«Дар миёни хоку хун дорам саре».

Гарчи дастам бо қалам буд ошно,
Зидди ҷангам ҳамчунон ҷанговаре.

Бар хати марзи Ватан хокам кунед,
То шавад санги мазорам сангаре.

 Сипеҳри тамаддун 

Ба хатти марзат, эй Ватан, ба бурҷи арзат, эй Ватан
Ситода рағми душманон ба поси ту чу дидаем.
Ба домани муборакат ғубори кас намерасад,
Харитаи туро, Ватан, ба хуни дил кашидаем.

Саре, ки пойи парчамат хамида баҳри эҳтиром,
Ба пеши ҳеч қудрате дар ин ҷаҳон намехамад.
Ба субҳи босаодатат зи қуллаи муроди халқ
Дирафши Ковиёни ту чу офтоб медамад.

Чу захмаҳои Борбад ба панҷаҳову нохунон
Ба сӯи ваҳдатат зи қалби хора нақб мезанем.
Ба васли ҳамгинони ту ба асли ҷовидони ту
Ҳамерасему бандҳои ҷодувона меканем.

Саразми бостони ту сари замини Ориёст,
Зи оби рӯди ту бувад, ки гардише ба Осиёст.
Ба Осиёву Ориё нишони муҳри меҳри туст,
Чу гунбади тамаддуни башар ҳамин сипеҳри туст.

Ба зери чодари ту чун дар остини модарон
Сипоҳи ту чу кӯдакат бузург гашту қад кашид.
Кунун зи фахри ту сараш бар осмон ҳамерасад,
Тавони хасм кай расад ба ин Таҳамтани рашид.

Тавони мо, мадори мо, виқори мо Ватан, Ватан,
Фазои беғубори мо Ватан, Ватан, Ватан, Ватан!

 СУРУДИ ОРИЁН

Эй Ватан, вуҷуди мо фидои туст,
Ормони ҷони мо ризои туст.
Истода ҳамчу куҳ ба поси ту,
Рӯйи шонаҳои мо самои туст.

Тан ба ҳифзи ҷони ту сипар кунем,
Бо дуои модарон зафар кунем,
Парчами ту зеби баҳру бар кунем,
Нақшаҳои хасм барҳадар кунем.

Эй ягона маҳди ормони мо, Ватан,
Эй бақои умри ҷовидони мо, Ватан,
Арсагоҳи шону имтиҳони мо, Ватан,
Ибтидои асли Ориёни мо, Ватан.

Ворисони Рустами Таҳамтанем,
Дар дифоъи ту чу кӯҳи оҳанем.
Эй Ватан, қасам ба шаъну шони ту,
Ҷонфишон ба пеши пойи Меҳанем!

Бар саре мабод фикри разми ту,
Бешикан бувад хати Саразми ту.
Ин сипоҳи ҷонфишон гувоҳи туст,
Сулҳи ҷовидона аст азми ту.

Эй ягона маҳди ормони мо, Ватан,
Эй бақои умри ҷовидони мо, Ватан,
Арсагоҳи шону имтиҳони мо, Ватан,
Ибтидои асли Ориёни мо, Ватан.

*  *  *

                                                   Рудобаи Мукаррам

                 Нидои дили марзбон

Ман ба ҳифзи ту равонам эй Ватан,
Бо ту фотеҳ дар ҷаҳонам эй Ватан.
Бо ту ҳастам дар ғаму шодӣ шарик
Бо ту монам, бо ту монам, эй Ватан.

Ҳифзи хокат ҳифзи ҷони модар аст,
Ҳифзи шаъну шони неки хоҳар аст.
Ҳифзи ҷон воҷиб бувад дар зиндагӣ
Ҳифзи ту бар мо зи ҷон воҷибтар аст.

Қобили озодагӣ иқболи ту,
Бошад иқболи ман истиқлоли ту.
Шарҳи хушбахтии халқи ман бувад,
Ҳар варақ ҳар пора шарҳи ҳоли ту.

Ман ба амри ту равонам эй Ватан,
Бо ту фотеҳ дар ҷаҳонам эй Ватан.
Бо ту ҳастам дар ғаму шоди шарик
Бо ту монам, бо ту монам, эй Ватан.

*  *  *

                                             Бузургмеҳри Баҳодур

 Як ваҷаб хоки Ватанро надиҳем!

Як ваҷаб хоки Ватанро надиҳем,
Кўҳу дарёву чаманро надиҳем.
Гарчи дар кишвари мо санг зиёд,
Сангро — лаъли Яманро надиҳем.

Рўд аз покии мо қисса кунад,
Сабаби пок шуданро надиҳем.
Лолаҳо — хуни шаҳидон Ватан,
Лолаву сарву суманро надиҳем.

Ориё дар ту муҷассам дидем,
Ориёмулки куҳанро надиҳем.
Шарафи мард зану тифл бувад —
Мазҳари кўдаку занро надиҳем.

Сухан овардаву парвардаи мост,
Ба ду-се гўл суханро надиҳем.
Як кафи хоки Ватан ҳам гардем,
Як кафи хоки Ватанро надиҳем!

        Ба роҳи душманам девор бошам!

Барои Меҳанам бедор бошам,
Барои модарам ғамхор бошам.
Нагардад рахна то марзи диёрам,
Ба роҳи душманам девор бошам.
Барои пирамардони бафарҳанг,
Барои хоҳарам пуркор бошам.
Барои кўдакони ханда бар лаб,
Барои дилбарам ҳушёр бошам.
Ба зери барфу борон рост истам,
Ба захми чашми душман хор бошам.
Чӣ биме дорам аз гармову сармо,
Чу баҳри Меҳанам даркор бошам.
Ба сулҳу амният ман ёр бошам,
Зи ҷангу кашмакаш безор бошам!

                   НИДО

Даст бардоред аз хоки Ватан,
Душманони зишту нопоки Ватан!
Ин нидо танҳо шиору шеър нест,
Аз ҷавонмардони бебоки Ватан.
Ҷангро як дам намехоҳад дигар
Модари дилрешу ғамноки Ватан.
Мо ҳама парвардаи Фирдавсием,
Мо ҳама қурбони ин хоки Ватан.
Дар дили мо ишқ меҷўшад мудом,
Мағзи мо саршори идроки Ватан.
Нест ҷоне дар раҳи Меҳан дареғ,
Ё саволи ҷони ту ё ки Ватан.
Ҳар раги мо риштаи хунӣ бувад,
Дўхтан дорад дили чоки Ватан…
Душманони зишту нопоки Ватан,
Даст бардоред аз хоки Ватан!

*  *  *

                           Беҳрӯзи Забеҳулло

        Дар ёди Ватан бош!

 Ҳам Рустаму ҳам қофиласолори Ватан бош,
Чун шери жиён ҳокими ин дашту даман бош,
Дар фикри нигаҳбонии ин боғу чаман бош,
Дар ёди Ватан,
ёди Ватан,
ёди Ватан бош!

Марзи Ватани мо хати тақдири шумо аст,
Ҳар марзшикан дар ҳадафи тири шумо аст,
Чун кӯҳи гарон пояи ин хоки куҳан бош,
Дар ёди Ватан,
ёди Ватан,
ёди Ватан бош!

Ҳар зарраи ин хоки куҳан пораи ҷон аст,
Аз Орашу аз Коваву Ҷамшед нишон аст,
Монанди зиреҳ ҳомии ин пораи тан бош,
Дар ёди Ватан,
ёди Ватан,
ёди Ватан бош!

То ин ки Ватан шоду сарафроз бимонад,
То ин ки Ватан манбаи эъҷоз бимонад,
Дар фикри парокандагии зоғу заған бош,
Дар ёди Ватан,
ёди Ватан,
ёди Ватан бош!

Аз ҳайбати ту душмани девона битарсад,
Аз наъраи ту лашкари бегона битарсад,
Чун Рустаму чун Коваву чун Геву Пашан бош,
Дар ёди Ватан,
ёди Ватан,
ёди Ватан бош!

Сарбози далери ватани поксириштӣ,
Парвардаи беминнати ин боғи биҳиштӣ,
Дар гардани аъдои Ватан дору расан бош,
Дар ёди Ватан,
ёди Ватан,
ёди Ватан бош!

 

Дигар хабарҳо