Рӯдбори ҷустуҷӯ ва бозёфтҳо

Ба муносибати 85-солагии Нависандаи Халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо
Публитсисти номдор ва тарҷумони хушсалиқа Бахтиёр Муртазо аз солҳои шастуми асри гузашта бо қадамҳои устувор ба майдони матбуот ва адабиёт омада, дар имтидоди беш аз шаст сол ҳамчун рӯзноманигор ва тарҷумону нависанда рисолати худро то имрӯз бо сарбаландӣ идома медиҳад. Агарчи дар ибтидо ҳамчун публитсисти борикбин ва тарҷумони соҳибзавқ ба майдони адабиёт гом ниҳод, вале дере нагузашта, бо эҷоди асарҳои хубу хонданӣ дар қолаби бадеӣ ва бадеӣ-публитсистӣ низ мавриди эътироф ва эҳтироми дӯстдорони каломи бадеъ қарор гирифт. Қиссаҳои “Одами ҷавҳардор”, “Ман чароғ афрӯхтам”, “Чашмаи офтоб” ва романи мустанади “Нақби Истиқлол”, ки дар онҳо рӯзгор ва заҳмати шаборӯзии ободкорони Ватан ба риштаи тасвир кашида шудааст, дар хазинаи адабиёти тоҷик ҷойгоҳи хос доранд.
Адиб барои баёни андеша жанри очеркро ихтиёр карда, масъалаҳои гуногуни ҳалталаб ва мубрами ҳаёти иҷтимоиро инъикос намуда, бо сабку услуби вежа онҳоро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Ҷиҳати тақвият бахшидан ба нуқтаи назари хеш овардани далелҳои муътамадро зарур медонад. Тавассути қаҳрамонҳо роҳи ҳалли мушкили бамиёнгузоштаро нишон медиҳад. Ҳамзамон бо омезиши нозуконаи воқеияту тахайюл асари хешро ширадору муассиру хонданиву хотирмон мегардонад. Як қисмати очеркҳои ӯро метавон очеркҳои портретӣ донист. Дар меҳвари чунин очеркҳо одамони дорои касбу кори гуногун ба мисли адибон, нақбканон, роҳсозон, омӯзгорон, табибон, кишоварзон ва дигарон қарор гирифта, кору пайкори онҳо бо фарогирии шебу фарози касби пешанамудаашон тасвири воқеии худро меёбад. Дар очерки “Сухангустари дарёдил” сухан аз шахсият ва фаъолияти густардаи рӯзноманигор ва нависанда Мутеулло Наҷмиддинов меравад, ки дар тарбияи рӯзноманигорони ҷавон ва ҳамзамон бо эҷоди асарҳои хубу хонданӣ дар рушди матбуоту адабиётамон саҳми назарраси худро гузоштааст ва роҳи пуршебу фарози тайкардаи ӯ барои хонанда пандомӯз аст.
Агар дар очерки “Падари халқ” симо ва кору пайкори раиси номдори хоҷагии ба номи Орҷоникидзеи ноҳияи Айнӣ Раҳим Аслиддиновро, ки бо ҳисси масъулияти баланд ва бо дасту дили гарм ба иҷрои вазифа пардохта, хоҷагии қафомондаро ба сафи пеш баровардаву ободкориҳои зиёдеро анҷом дода, ҳамчун хидматгузори халқ дар хотираҳо маҳфуз мондааст, ба риштаи тасвир кашида бошад, дар очерки “Муҳориба бо оташ” аз диловарию ҷоннисории механизатор Талбак Лолаев, ки дар муҳориба бо оташ барои наҷоти ғаллазор ҷони худро қурбон менамояд, бо забони салису фасеҳ қисса мекунад: “Бист гектар ғаллазор ва чарогоҳи ба коми сӯхтор фурӯрафта, ки дар миёни баҳри тиллоранги ғаллазор ҷазираи сиёҳро мемонад, он рӯз набардгоҳи одам бо оташ буд. Дар он набард, дар он муборизаи шадид одам ғолиб омад, оташ мағлуб шуд.”
Инъикоси иншооти бузург аз дигар шохаҳои фаъолияти пурсамари публитсисти номвар буда, очеркҳояш дар ду давра – замони шӯравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ таълиф ёфтаанд. Очерки “Сафинаи Байкал” аз миёни дигар очеркҳои дар даврони шӯравӣ навиштаи муаллиф (сарбози вақти Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Шӯравӣ) бо фарогирии густардаи мавзуъ таваҷҷуҳи моро бештар ба худ ҷалб намуд. Хонанда аз он метавонад ба таърихи пайдоиши кӯли Байкал, мавқеи ҷойгиршавии он, ҳадду андозаву умқ, дору дарахту гулу гиёҳи соҳилҳояш, ягона рӯди аз он ҷоришаванда – Ангара, қиссаву ривояту афсонаҳои мардумии ба он марбут, кору пайкори олимону пажӯҳишгарон, рӯйдодҳои аҷиби таърихӣ, шахсиятҳои шинохта, ки умри хешро барои ободонии ин мавзеъ бахшидаанд, ошноӣ пайдо намояд. Муаллиф барои дарёфти маълумоти бештар ва заминаи воқеидошта роҷеъ ба Байкал дар тавзеҳи масоили ба он марбут мӯйсафеди таҳҷоии рӯзгордида Иван Григоревич Галкинро, ки ҳатто дар замони бознишастагӣ ҳам аз кор дил канда наметавонад, ба суҳбат мехонад ва аз забони ӯ ҷузъиёти бисёр ҷолибро чун хони густарда пеши хонандаи худ мегузорад. “Сафинаи Байкал”-ро бо назардошти тасвирҳои бадеӣ, забону баёни мавзун ва бозгӯйи мушоҳидаҳои шахсии муаллиф метавон очерки бадеӣ-публитсистӣ ва ё фаротар аз он сафарномаи ҷолиб номид: “Аз тарафи кӯл насими салқине мевазид ва шохаву баргҳои дарахтон алвонҷ хӯрда, ба ҷисму ҷони кас нафису форам мерасид. Дар ин лаҳзаҳо дили одам бо садои мавҷҳои беқарор ҷӯр шуда, тамоми вуҷудро як ҳиссиёти аҷиби муассире фаро мегирад. Соғари дил аз фараҳ пур мешавад ва дар васфи одамони нағз, обҳои соф, осмони беғубор, офтоби тобон ва дору дарахтони сарсабз тарона мехонад: бигзор дар байни мардуми тамоми олам дӯстӣ чун оби Байкал соф бод!”
Дар бораи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» очекрҳои “Садди сойи Оби Шӯр”, “Оташи қалби инсон”, “Роҳи “Нурафшон”, “Бригадаи аввалини нақбканон”, “Пирӯзии муҳандиси тоҷик” ва ғайра рӯйи чоп омаданд, ки бо фарогирии мавзуъ ва тасвири воқеии заҳмати фидокоронаи бунёдкорони манбаи нур аз дигар очеркҳои ба ин мавзуи муҳим бахшидашуда тафовути назаррас доранд. Аз ин миён очерки “Садди сойи Оби Шӯр”-ро метавон очерки бадеӣ номид, ки дар адабиёт камназир аст. Дар он рафъи хатари сойи Оби Шӯр ба сарбанди НБО «Роғун» масъалаи умда ва меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Сели ин сой бо чунон суръати баланд ва неруи бузурге сарозер мешавад, ки сангҳои чандтонагиро бо худ оварда, ҳатто пеши Вахшрӯдро мебандад. “…Тақрибан бист дақиқа ё ним соат қабл аз фурӯ рехтани селоб аз сойи Оби Шӯр бӯйи гиёҳи ров паҳн шуда, аз хатар гӯё огоҳӣ медиҳад, баъд селоб сангҳоро ғелонда меояду қиёмате барпо мегардад.” Муаллиф тавонистааст, ки ин офати табииро аз зовияҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор бидиҳад: аз куҷо маншаъ мегирад, чӣ қадар тӯл дорад, масири ҳаракаташ чӣ гуна аст, чаро онро Оби Шӯр хондаанд, ба сарбанди неругоҳ чӣ хатар таҳдид мекунад, масъала аз тарафи кадом ниҳодҳо мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст, чаро маҳз лоиҳаи пешниҳоднамудаи Пажӯҳишгоҳи “Гидропроект”-и шаҳри Маскав аз тарафи шӯрои техникӣ пазируфта шуд, корҳои безараргардонии сой аз куҷо ва чӣ гуна оғоз ёфту ба чӣ сурат анҷом пазируфт, он диловароне, ки неруи даҳшатзои сойро аз миён бурдаву безарараш гардониданд, киҳо буданд ва ғ. Ин ва дигар паҳлуҳои марбут ба мавзуъро муаллиф бо ҳунари баланди нависандагӣ басо моҳиронаву нозукбинона ба риштаи тасвир кашида, манзараи кору пайкори бунёдгаронро бо хурдтарин ҷузъиёташ чунон пеши назари хонанда ҷилвагар месозад, ки ӯ худро дар қатори бунёдкорон тасаввур мекунад. Ҳангоми мутолиа ин андеша аз зеҳн мегузарад, ки муаллиф мутахассиси ҳирфаӣ ва собиқадори соҳа буда, бо нозукиҳои кори сойбандӣ ошноии комил дорад.
Дар очеркҳои “Шарораҳо”, “Садои чархресии модар”, “Оғози сохтмонро дӯст дорам”, “Оҳан механдад” ва ғайра муаллиф саъй намудааст, ки раванди ташаккули синфи коргари тоҷикро, ки дар сохтмонҳои Вахш, роҳи мошингарди Сталинобод–Хоруғ, каналҳои калони Ҳисору Фарғона, корхонаҳои саноатии Душанбею Хуҷанд ва корхонаҳои мухталифи истеҳсолию саноатии дигар манотиқи кишвар фаъолона ширкат варзидаву дар пешрафти Ватани азизамон саҳми боризи худро гузоштаанд, ба риштаи тасвир бигирад.
Очерки “Оҳан механдад”, ки ба фаъолияти устои машҳур – оҳангари рустои Зосун Хуҷ Ҳамдамов бахшида шудааст, зебо оғоз меёбад ва хонандаро чун оҳанрабо ба худ ҷазб мекунад: “Оҳан механдад… Турфа ибораи завқбахши шоиронае… Кас магар хандидани оҳанро дидааст? Не, ба ҷуз оҳангар ҳеҷ кас хандидани оҳанро надида ва асрори онро кашф накардааст”. Муаллиф на танҳо коргоҳи оҳангарӣ, раванди кори усто, маҳсули заҳмати ҳунарманд, зиндагиномаи ӯ, ҳарфҳои пандомӯзаш, рӯзгори мардуми русто ва дигар паҳлуҳои муҳими марбут ба мавзуъро ҳунармандона ба қолаби очерк мерезад, балки бо овардани устураву ривояти мардумӣ онро пуробуранг мегардонад ва бо ҳарфи пандомӯз, ки оҳанги таблиғию тавсифӣ дораду барои хонандаи ҳушманд баҳри поянда нигоҳ доштани ин касби аҷдодӣ ҳушдор низ ҳаст, ба хотима мерасонад: “…Ёди ононе, ки покдилу хирадпеша ҳастанд ва аз оҳанпораҳои сиёҳу каҷу килеб сохтаҳои зебою хубу аҷиб бунёд мекунанд ва ба маънии кулл офаридгоранд, кай аз дилу хотир сутурда шаванд! Оҳан механдад… Тиқ, тиқ; тқрр… ба гӯши ман садои хуше мерасад”.
Мавзуи ҷанг аз дигар мавзуъҳоест, ки Бахтиёр Муртазо ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Дар ин замина очеркҳои “Чанорҳои ёдбуд” (дар бораи Юлдош-командир) , “Рӯҳи бешикаст” (дар бораи тоҷикписар Фазлӣ Ҳодиев, ки бо супориши хоса ба Афғонистон фиристода шудааст), “Фирор аз ҷасорат” (тасвири корнамоии аскарбачаи тоҷик Назар Қайюмов), “Нури ҷовидонаи зузанаб” (андешаҳои муаллиф дар мавриди ҷанги Афғонистон, хосса диловарии Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ Александр Мироненко) ва ғайраро эҷод намуд, ки аз сӯйи муҳаққиқон муҳим, хонданӣ ва пандомӯз арзёбӣ шудаанд.
Бо итминон метавон ақида кард, ки очеркҳои проблемавӣ ва мондагори публитсисти соҳибҳунар “Оҳан механдад”, “Боғбони гули кӯҳӣ”, “Ман заминро дӯст дорам”, “Хонаи дарё”, “Насими Дашти Кокул” , “Дарахти пайвандӣ”, “Лимуи тоҷик”, “Чанорҳои ёдгор”, “Роҳи дилҳо”, “Чашмаҷон”, “Падари халқ” дар оянда низ аҳаммияти вижаи худро гум намекунанд. Аз ин миён очерки “Лимуи тоҷик” сарнавишти аҷиб дорад, ки поёнтар ба он ишора хоҳем кард, аммо ҳоло роҷеъ ба мавзуъ ва бандубасти он изҳори андеша намуданро зарур медонем. Очерк ба таърихи пайдоиши лимупарварӣ дар кишвари офтобии мо ва нахустин лимупарварон бахшида шудааст. Бо мутолиаи очерки мавриди назар ва ағлаби очеркҳои дигар дарёфтем, ки публитсисти номдори мо дар бисёр маврид ҳангоми баррасии масъалае, ки пайгирӣ мешавад, ба умқи мавзуъ фурӯ меравад, ба таърихи гузашта, нақлу қиссаву ривояту афсонаи ба он марбут рӯ меорад ва ба ин васила ба навиштаи худ ранги тоза бахшида, онро боз ҳам ҷолибтар мегардонад. Дар очерки зери назари мо низ ин услуб мавриди корбурд қарор гирифтааст. Хонанда аз мутолиаи он натанҳо ба кору пайкору заҳмат ва ҳолномаи аввалин лимупарварон, ба мисли Ходим Боҳиров, Владимир Тсулая, Убайдулло Эшонқулов, Людмила Ефимова, Худойдод Қосимов, Олим Ҳайдарову дигарон, балки бо навъҳои лиму, тарзу усули парвариши он, роҳҳои рушди лимупарварӣ, хусусияти давоии он, дурнамои соҳа ва дигар паҳлуҳои он низ ошноии комил пайдо мекунад. Муаллиф барои тасдиқи назари хеш бо асосгузорони лимупарварӣ дар ҷумҳурии мо, ки намояндагони халқҳои гуногунанд, суҳбат ороста, аз забони онҳо ҷузъиёти бисёр ҷолибро, ки маншаи маълумотдиҳию омӯзишӣ доранд, ба хонандаи худ ироа менамояд: “–Дар хоҷагии мо, – мегӯяд сарагрономи совхоз Людмила Терентевна Ефимова, – лимӯи навъҳои Меёер ва Вилли Франка парварида мешавад. Лиму рустании ниҳоят нозукест, онро мисли тифли ширхора нигоҳубин кардан лозим аст. Агар вақти шукуфтан гулҳои дарахти лимуро шуморед, адади он ба миллионҳо мерасад, лекин, мутаассифона, якуним фоизи гулҳо мемонанду дигарҳояшон мерезанд. Табиати рустании лиму ҳамин аст. Аз ҳамин якуним фоизи як дарахти лимӯ ҳам то ҳазору шашсад дона лиму ба даст меоранд…”. Ё дар ҷойи дигар аз забони корманди таҷрибагоҳ, яке аз аввалин лимупарварони кишвар Владимир Иванович Тсулая мехонем: “Вақте ки (аввалин) ҳосили лиму расид, ба котиби КМ Партияи Комунистии Тоҷикистон муҳтарам Бобоҷон Ғафуров телефон кардем. Ӯ ниҳоят хурсанд шуда, дарҳол ба таҷрибагоҳ омад ва ҳосили зарринтоби лимуро дида, ба мо таҳнияту таҳсинҳо гуфт. – “Шумо сарзамини қадимаи тоҷиконро ғанитар кардед” – дастамонро фишурд ӯ”.
Аз давраи рӯйи чоп омадани ин очерк беш аз чиҳил сол сипарӣ гардида бошад ҳам, аҳаммияти вежаи худро гум накардааст. Он барои имрӯзиёну ояндаҳо дар самти рушди соҳаи лимупарварӣ метавонад ба сифати як дастури роҳнамо хидмат намояд. Ҳамин аст, ки баъди нашраш натанҳо таваҷҷуҳи масъулини вақти соҳаи зироати кишварро ба худ ҷалб намуд, балки овозаи он ба дуриҳо рафту сарнавишти аҷиб ба худ гирифт: яҳудиҳои аз ҷумҳурии мо ба Амрико ҳиҷраткарда онро на бо номи “Лимуи тоҷик”, балки зери унвони “Лимуи Тоҷикистон” ба нашр расониданд ва муродашон аз тағйири ном ин буда, ки чун онҳо замоне тоҷикистонӣ будаанд, дар ин соҳа саҳмгузоранд. Ҳамчунин, дар тарҷумаи русӣ дар Қазоқистон низ рӯйи чоп омад. Ҳангоми баргузории конфронси илмӣ вобаста ба рушди соҳаи лимупарварӣ бознашр гардида, ба ҳар як иштироккунандаи нишасти илмӣ тақдим гардид.
Романи мустанади муаллиф “Нақби Истиқлол”, ки аз кору пайкори нақбканон қисса мекунад, бо тобишҳои зиёди бадеиаш ба як асари хуби бадеӣ мемонад. Он на танҳо аз тарафи муҳаққиқони насри тоҷик баҳои баланд гирифт, балки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро “асари хотирмон” дар бораи корнамоиҳои бунёдкорони ватанӣ хонданд.
Дар поёни сухани худ таъкиди ин нуктаро ба маврид медонем, ки фаъолияти адабии мустанаднигори шинохта Бахтиёр Муртазо бо эҷоди очерк ва асарҳои бадеӣ маҳдуд намегардад. Дар кори тарҷума низ дасти боло дорад ва беҳтарин асарҳои нависандагони шинохтаи хориҷиро бо дарки масъулияти баланд дар назди муаллиф ва хонанда ба забони ноби тоҷикӣ баргардон намудааст, ки мо бо назардошти тӯл надодани навиштаи хеш зарур надонистем роҷеъ ба ин самти фаъолияти қаҳрамони худ таваҷҷуҳ намоем ва меҳрномаи худро бо суханони Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар, ки онро метавон ба сифати баҳои мунсифона ба фаъолияти доманадору бисёр густардаи публитсисти шуҳартёр пазируфт, ҳусни хотима мебахшем: “Бахтиёр Муртазо дар дарозои умри бобаракаташ бисёр хидматҳои хоксорона кардааст. Агар мақолаҳо, очеркҳо, лавҳаҳо, мусоҳибаҳои арзишманди ӯро ҷамъоварӣ кунед, ҷилд-ҷилд мешавад. Гап дар бораи ҷилдҳо намеравад, ҷавҳари гап дар муҳтаво ва манфиатбахшии онҳост”.
Сироҷиддин ИКРОМӢ