Руҳи нав дар қолаби куҳна
Дар бораи ду қасидаи Озар
Шоир Озар дар баробари дигар анвои шеъри суннатӣ ба қасида низ то ҷое таваҷҷуҳ зоҳир намудааст ва мо дар ин навиштаи худ ба таҳлилу баррасӣ ва арзишдоварии ду қасидаи ӯ мепардозем.
“Қасидаи дарахт” аз ҷумлаи қасидаҳои дилнишин ва муассири Озар аст, ки муҳтавои онро ифтихори ватандорӣ ташкил медиҳад. Мавзуи мазкур аз мавзуъҳои асосии шеъри даврони Истиқлол аст, ки намунаҳои он дар эҷодиёти ҳар шоири муосир дучор меояд.
“Қасидаи дарахт” аслан тамсилӣ буда, бо тасвири фасли хазон оғоз меёбад, ки дар он аз ҳамлаи боди харобкори тирамоҳ ба боғ сухан меравад. Бар асари табаҳкории боди сард гулу гиёҳи тарсида рӯйи худро аз халқ пинҳон мекунанд ва парандагони фирорӣ ба мамолики амнтар ҳиҷрат менамоянд. Ҳатто об низ аз ҳайбати бод тарки ҷӯйбор мекунад, то дар баҳорон, яъне баъд аз осуда шудани ватан аз нав ба ҷорӣ шудан оғоз намояд:
Чу боғ дастхуши сарсари хазон гардад,
Чи розҳо, ки дар ин фоҷиа аён гардад.
Кунад фирор зи шохи дарахт селаи мурғ,
Пур аз таронаи ғам гӯши осмон гардад.
Гули шикаста аз он ҳайбате, ки дорад бод,
Ба хок резаду аз чашмҳо ниҳон гардад.
Зи ҷӯй об гурезад ба он умед, ки боз
Баҳор ояду аз нав таронахон гардад.
Гулу гиёҳе, ки давоми фаслҳои баҳору тобистон дам аз муҳаббату садоқати боғ мезаданд ва худро аз оғӯши ӯ дур намегирифтанд, аз даҳшати боду борони фасли хазон ба монанди хиёнаткорон тарки манзилу макон карданд:
Ҳар он гиёҳ, ки дам мезад аз муҳаббати боғ,
Дигар ба фикри хиёнат ба ин макон гардад.
Дар ин ҳангома танҳо дарахти тавонманду бовиқор аст, ки ба шӯру ошӯб ва дағдағаи боди тирамоҳӣ тан намедиҳад ва алорағми кӯшишу ғайрати боди яғмогар сина пешорӯйи он сипар менамояд. Агарчи боди хашмгини тирамоҳӣ баргҳои ӯро батамом аз танаш мечинад, бо шохаҳои урёни худ муқобили бод устувору барқарор боқӣ мемонад:
Фақат дарахт, дарахти шукуҳманд, қиём
Кунад ба боғ, ки то бод нотавон гардад.
Ситад ба пой, ки рағми аду кунад коре,
Агарчи кор муяссар ба тарки ҷон гардад.
Дар ин масоф бигирам, ки баргҳояш рехт,
Тамоми шохаи ӯ бар кафаш синон гардад.
Ин қасидаро як навъ таърихчаи мухтасари халқи тоҷик дар ин давраи ҳассоси таърихӣ метавон номид. Фасли хазон рамзи даврони пурошӯби солҳои 90-уми асри гузашта аст, ки маҳз дар ҳамин даврон дар Тоҷикистони азизи мо ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва оқибатҳои фалокатборе барҷой гузошт. Бар асари ин ҳаводис мардуми зиёде қурбон гардиданд ва ё тарки манзилу макон намуданд, ки шоир онҳоро ба василаи намоди “гулу гиёҳ” ва “оби ҷӯй” тасвир кардааст. Мурғони нағмасанҷи фирорӣ рамзи зиёиёне ҳастанд, ки аз бими ҷон тарки хонадон намуданд, то баъди хомӯш гардидани оташи фитнаву ошӯб дубора ба ватан баргарданд. Қаҳрамони шоир ватандӯстони воқеие ҳастанд, ки алорағми ҳама таҳдидҳо дар канори халқу ватани худ боқӣ монданд ва барои сулҳу осоиши дубора саъю талош намуданд. Шоир ин гурӯҳ инсонҳоро ба василаи намоди “дарахт” ёд кардааст, дарахти шукуҳманде, ки дар муқобили боду борон мардона барқарор мемонад:
Агар муқовиматашро кунанд шеър, шавад
Ҳамосае, ки ба торих ҷовидон гардад.
Аз ин қиёми сутурге, ки ҳаст хоси дарахт,
Вуҷуди бод ҳама нолаву фиғон гардад.
Гӯё боди бераҳм низ аз ин устувориву барқарорӣ ва собитқадамии дарахт хаставу ночор гардида, даст аз сари ӯ бармедорад ва ӯро осуда мегузорад. Вақте ки аз нав баҳори эҳёгар фаро мерасад, шохаҳои захмини дарахт низ аз нав солиму дуруст ва пур аз баргу гул мегарданд. Дарахти сарбаланду бовиқор аз ин ёрони худ кинае дар дил надорад ва ба онҳо миннате намегузорад:
Хушо ба ҳоли дарахт, эй хушо ба ҳоли дарахт,
Баҳор боз пур аз баргу гулфишон гардад.
Ба мурғакони фирорӣ, ки мерасанд зи роҳ,
Дубора во кунад оғӯш, ошён гардад.
Ба оби ҷӯ, ки биояд, иҷоза хоҳад дод,
Ки зери сояи ӯ ҳар тараф равон гардад.
Ҳам аз хиёнати хайли гияҳ бипӯшад чашм
Ва бар якоякашон ёри меҳрубон гардад.
Дар тасвирҳои боло бо либоси рамзу тамсил ҳаводиси пурошӯби солҳои навадуми асри ХХ дар Тоҷикистон нақл карда шудаанд. Аз ҳама ҷолибтар фаъолияти ҷавонмардони матиниродаест, ки сабабгори сулҳу субот дар мамлакати азизи мо шуданд ва барои ояндаи дурахшони он пояи устуворе аз мардонагию матонат бунёд карданд. Ҳамин мазмун дар ду байти охири қасида ба ҳайси хулоса зикр гардидааст:
Зи дасти ҳарки наояд, дареғ, кори дарахт,
Даме ки хоки ватан марзи имтиҳон гардад.
Барои мард зарур аст ҷавҳари зотӣ,
Ки чун дарахт дар ин арса қаҳрамон гардад.
Тавре мушоҳида мешавад, дар қасидаи мазкур дар баробари санъати тамсил чанд орояи дигари адабӣ, амсоли истиора, маҷоз, тавсиф, ташбеҳ, муболиға ҳастанд, ки ҳар яке дар ғановати маънавӣ ва латофати лафзии қасида нақш гузоштаанд. Дар ин миён мавқеи санъати маҷоз назаррастар аст, чунки матлаби шоир низ маҳз ба василаи он баён гардидааст. Ифодаву таркиботи “дастхуши бод гардидани боғ”, “пур аз таронаи ғам гардидани гӯши осмон”, “аз ҳайбати бод ба хок рехтану аз чашм ниҳон шудани гул”, “зи ҷӯй гурехтани об”, “аз муҳаббати боғ дам задан” ва ҳам “ба фикри хиёнат афтодани гиёҳ” матлаби шоирро ба тариқи маҷоз ифода менамоянд.
Қасидаи дигари Озар, ки ба тарғиби худшиносии миллӣ бахшида шудааст, “Қасидаи тоҷик” мебошад. Мухотаби шоир дар ин қасида насли имрӯзи миллати тоҷик, аслан ҷавонон ҳастанд, ки шоир ба онҳо аз гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик нақл менамояд ва сазовори арҷгузорӣ будани арзишҳои миллиро ёдовар мешавад. Аввалин чизи ифтихорзо ҳунари суханварии гузаштагони зинданоми мост, ки кохи пуршукуҳу бегазандеро аз шеъри форсӣ бунёд намуданд ва оламеро мафтуни ҳарфу ҳиҷои дилнишин ва мазмуну маонии матини худ гардониданд. Ин бузургон, дар тасвири Озар, шиносномаи воқеии миллати сарбаланди тоҷиканд:
Тоҷик, эй ҳамосаи шеъру суханварӣ,
Дар шеър ҳич қавм набурд аз ту бартарӣ.
Уммат турост халқи ҷаҳон, к-аз ту чанд тан
Рафтанд дар сухан ба мақоми паямбарӣ.
Оинаи тамомнамо гашт шеъри ту,
Бурд обрӯ зи оинаҳои сикандарӣ.
Аз таъму аз дурахш ба шеъри ту гуфтаанд
Гаҳ қанди порсиву гаҳе гавҳари дарӣ.
Мадюни кас наӣ ба мақоми баланди хеш,
Чун шамъҳо зи шуълаи худ тоҷбарсарӣ.
Вале таърихи миллати сарбаланди тоҷик танҳо ангезандаи ифтихору ғурур нест, балки бисёр саҳафоти ин китоб ба хуну ашк олуда аст ва аз воқеаву ҳаводиси нохушоянде нақл мекунад, ки ба сари миллати азияткашидаи тоҷик омада буданд. Давоми садҳо сол истилогарони аҷнабӣ сарзамини поки ниёгони моро ба арсаи ҷангу ҷадалҳо ва бедодгариҳои хеш мубаддал гардонида буданд. Вале ин ҳама шӯру ошӯб ҳисси худшиносии халқи тоҷикро аз ӯ гирифта натавонист ва фарҳангу адаби ӯро ба боди фаромӯшӣ набурд, баръакс ин фарҳанг ба ақвоми кӯчии бефарҳанг таҳвил гардид ва ин золимонро маҷбур кард, ки аз мазлумони хеш илму адаб ва фарҳангу ахлоқ омӯзанд. Ҳамин аст, ки алорағми ҳама саъю талошҳои бегонагон давоми садҳо соли бедавлатии миллати тоҷик забону фарҳанг ва илму адаби ӯ дар қисмати бузурге аз дунё ҳукмраво буд ва даҳҳо миллату халқияти хурду бузурги олам аз фарҳанги тоҷикӣ пайравӣ мекарданд, илму адаби тоҷикро меомӯхтанд, бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд ва аз ин кори худ ифтихор доштанд.
Оқибат ҳамин қудрати таҳвилгарии фарҳангу адаби миллӣ бар бегонагон халқу миллати моро аз нобудӣ раҳо кард ва пайғоми меҳру муҳаббат ва сулҳу сафое, ки ӯ талқин мекард, ба гӯши ҳамагон хушоянду пазируфтанӣ шуд. Ҳамин мазмуне, ки гуфтем, дар қасидаи мавриди назар хеле дилнишину таъсиргузор изҳор гардидааст:
Берун шудӣ зи оташи наҳси замонаҳо
Бо сад дурахш, баски ба фитрат самандарӣ.
Ишқ аст сар ба пои вуҷуди ту, ишқ, ишқ,
Ҳам ишқ мепазириву ҳам ишқгустарӣ.
Хонад туро мубашшири сулҳу сафо, кунад
Дунё агар ки аз сари инсоф доварӣ.
Пайғоми ту ба ҷуз ғазали нағзи нур нест,
Азбаски парваридаи хуршеди ховарӣ.
Вале қасидаи мазкури Озар танҳо аз тасвири шукуҳу эътибори таърихии миллати мо иборат нест. Аз пораҳои баъдии қасида маълум мегардад, ки ҳадафи шоир низ мадҳу ситоиши гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик набуда, балки ӯ ҳадафи хеле болотар аз ин дорад. Тавре ки гузаштагони арҷманди мо дар ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва забону фарҳанги худ ҷонбозӣ мекарданд, моро низ ҳамин ҷасорату ҷуръат ва ҳиммати баланд лозим аст, то ба насли баъд аз худ ватани ободу осуда ва фарҳангу тамаддуни волое ба мерос гузорем:
Ҳиммат баланд дор, пайи иззу ҷоҳ кӯш,
Хуш нест бар карим навои қаландарӣ.
Чун оҳувон раманда зи ҳар ону ин мабош,
Дар худ фурӯ бишав, ки биёбӣ ғазанфарӣ.
Ҷуз бандаи Худой машав, ҳафт пушти ту
Озодазода будаву деҳгону лашкарӣ.
Маълум аст, ки баъди дастрасӣ ба ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик, яъне дастёбӣ ба истиқлоли милливу давлатӣ, пешорӯи халқи тоҷик аз шаш сӯ дарҳои комёбиҳо боз гардид, вале барои иҷозаи вуруд ёфтан ба ин дарҳо боз ҳам илму ҳунари ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебояд. Озар низ ҳамин лавозимотро хуб дарк намуда, аз насли ҷавони миллати худ хостори он аст, ки илму ҳунар омӯзанд ва вориси воқеии бузургоне, амсоли Рӯдакиву Абуалии Сино будани худро ба оламиён исбот кунанд. Озар итминон дорад, ки халқи сарбаланди мо тобу тавони иҷрои ин масъулияти сангинро доранд ва гувоҳ бар ин қудрату тавоноии онҳо бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” аст, ки айни замон бомаром идома дорад. Бунёди ин иншооти бузург дар ҳақиқат мардонагӣ ва тавонмандиву собитқадамиро тақозо дорад, ки халқи азизи кишвари мо ба ин хусусиятҳо соҳиб будани худро аллакай исбот кардааст:
Сар ҷуз ба пои дилбари илму фунун манеҳ,
Акнун, ки дод қисмати ту бар ту сарварӣ.
Нав гӯю нав сарою нав андешу нав навис,
То нав шавад навои ту аз ин навоварӣ.
Айб аст дар замонаи эҳёи давлатат
Синову Рӯдакии наверо напарварӣ.
Аз нав чу як ситора дурахшон бишав, ки ҳаст
Аз баҳри нури сабзи ту офоқ муштарӣ.
Роғуни ту гувоҳ, ки, эй насли офтоб,
Дар интишори нур ба хуршед ёварӣ.
Ба ҳамин тартиб, аз таҳлили иҷмолии ин ду қасида маълум мегардад, ки Озар дар ин навъи шеър низ, пеш аз ҳама, ба мавзуи асосии эҷодиёти худ – ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ рӯ овардааст. Ӯ дар ин қасидаҳо аз вазифаи иҷтимоии худ ҳамчун шоир фаромӯш накарда, муваффақ шудааст, ки ба василаи ашъораш дар тақвияти ҳисси худшиносии ҷавонон саҳм гузорад.
Сафармад АҲМАДОВ,
номзади илмҳои филологӣ