Роҳе, ки бо заҳмат тай шудааст…

Дар олами эҷод Сафармуҳаммад Айюбӣ яке аз чеҳраҳои намоён маҳсуб меёбад. Роҳи эҷодии ӯ нахуст аз фаъолияти рӯзноманигорӣ оғоз шудааст. Дар марҳалаҳои аввали ба арсаи эҷод қадам монданаш бо эҷодкорони давр, устодони номии кишвар Одина Ҳошим, Ҳақназар Ғойиб, Мирзоватан Миров, Абдусалом Раҳимов робита барқарор намуда, аз ҳунару таҷрибаи онҳо ба хубӣ ва самаранок баҳрабардорӣ намудааст.

Сафармуҳаммадро аз ҳамон солҳо мешинохтам, борҳо дар Кӯлоб аснои нахустнамоишҳои театр, ё худ вохӯриҳо бо аҳли эҷод ӯро медидам, суҳбат мекардем. Ӯ табиатан шӯх, чақон ва дар андешарониҳо ҳақгӯю далер буд. Ӯ чизеро, ки медонисту ба он эътимод дошт, бидуни тарсу ҳарос мегуфту тасдиқ мекард ва ҳамеша кӯшиш менамуд, ки ҳамсуҳбаташро қонеъ намояд. Ҳамин гуна хислати ҷасуронаву шуҷоатнокиаш буд, ки аввалин шуда дар олами драматургияи тоҷик мавзуи хеле нозук, яъне дарди асосии олами ботинии шахсро рӯйи коғаз оварад. Ин драмаи хеле овозадор бо номи “Фишор” буд, ки соли 1984 дар театри ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб рӯйи саҳна омад.

 Он замон аз ин гуна таҳлилҳои ҷиддии ҳаёти иҷтимоии мардум драматургон ва театрҳои пойтахт худдорӣ менамуданд, вале коргардони бомаҳорат Мирзоватан Миров тавонист ин драмаи Айюбиро бо услуби хеле пуртаъсири бадеӣ саҳнасозӣ намояд. Айюбӣ дар ин драма руҳияи ҷомеаро, ки дар асари фишори беинтиҳои идеология азият мекашид, тасвир намудааст. Дар асар бештар қаҳрамононро фишори ботинӣ азоб медод, зеро қариб ягон илоҷ ё имкони ба берун рехтани эҳсосот вуҷуд надошт.

 Ҳамин тавр, бо ҳамин асари пурарзиш Сафармуҳаммад ба олами драматургия қадам гузошт ва баъдан муаллифи даҳҳо асари драмавӣ гардид, ки аксари онҳо дар саҳнаҳои театрҳои пойтахт ва шаҳру вилоятҳо ба саҳна гузошта шудаанд.

Дар Душанбе давраи нави эҷодиёти Сафармуҳаммад оғоз меёбад, ӯ соли 1982 ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул гардида, минбаъд дар бари устодони номии шеъру адаб машғули фаъолияти эҷодӣ мешавад. Дар ҳамин давра ӯ гӯё ҷавобан ба тақозои замон ҳарчи бештар ба эҷоди яке аз навъҳои хеле нозук ва душвори назм – суруд камар мебандад.

 Сафармуҳаммад аз таҷрибаи олии устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муҳиддин Фарҳат, Аминҷон Шукуҳӣ сабақ гирифта, дар як муддати кӯтоҳ сурудҳои гуногунмазмуне, ки ҳамаашон ҷавобгӯи ин ё он марҳилаи ҳаёти ҷомеа буданд, эҷод мекунад.

Сурудҳояш дар иҷрои сарояндагони номӣ Сурайё Қосимова, Файзалӣ Ҳасанов, Парда Қосимов, Давлатманд Холов, Миралӣ Достизода, Саидқул Билолов, Мирзоватан Миров, Афзалшо Шодиев, Суҳроби Сафарзод, Лоиқшо Холов ва дигарон танинандоз шуданд. Оҳангсозони номии тоҷик Талабшо Сатторов, Файзалӣ Ҳасанов, Мирзоватан Миров, Қудратулло Яҳёев ба зиёда аз дусад суруди Сафармуҳаммад оҳанг эҷод намуданд.

 Доираи мавзуъҳои сурудҳои Айюбӣ хеле фарох буда, дар онҳо оҳангҳои ифтихор аз замон, каломи фараҳбахши давр аз номи қаҳрамонон, лирикаи ватандӯстӣ, ҳасрату ормонҳои ботинии инсон бо ифодаҳои зоҳиран сода, вале хеле пурмаънои бадеӣ таҷассум ёфтаанд.

Зарбу лаҳни сурудҳои эҷоднамудаи Сафармуҳаммад дарак аз он медиҳанд, ки муаллиф худаш мусиқиро хеле хуб эҳсос мекунад. Масалан, оғози суруди “Душанбе” чунин аст:

Шаҳри кибриё, руҳи ориё,
Маснади ниё, тоҷи Осиё…

Ё худ дар матни дигар суруд дар васфи об чунин мисраъҳоро мехонем:

Дарёб, ки мо зодаи сайёраи обем,
Дар рӯи заминем, вале пораи обем.

Дар ин ду маврид гуё сиккаҳои шеър ба садо медароянд ва барои эҷоди оҳанги мувофиқ ҳеҷ душворие эҷод намекунанд.

Дар ҳамон давра Айюбӣ бо садои баланди бародарона матни суруди навро бахшида ба Эрон таҳти унвони “Ту танҳо нестӣ, Эрон” ҳадя кардааст:

Худоёри худодорон, ту танҳо нестӣ, Эрон,
Дилат пур бод аз ёрон, ту танҳо нестӣ, Эрон…

Доир ба яке аз асарҳои хеле ҳам ҷолиб ва рамзии Сафармуҳаммад сухан нагуфтан номумкин аст. Соли 2000 ӯ бо илҳом аз иқдоми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эҳёи шоҳасари мусиқии халқи тоҷик “Шашмақом” асареро таҳти унвони “Драмаи Шашмақом” эҷод кардааст, ки воқеан аз маҳорати фарҳангшиносӣ ва посдори мерос буданаш шаҳодат медиҳад.

Айюбӣ дар ин асар фоҷиаи оғози қарни бистумро дар баробари амалҳои пантуркистон бар зидди нашри “Шашмақом” дар Маскав хеле далерона тасвир кардааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки он замон, соли 1924 аснои омода намудани нашри аввалини “Шашмақом” дар Маскав ҳамаи матнҳои тоҷикии он аз ҷилд хориҷ карда шуда буданд. Сафармуҳаммад чунин фоҷиаро тавонист ва бо такя ба ҳуҷҷатҳои таърихӣ таҳлили бадеии ба қалам оварад. Аз чунин фоҷиа дар мисоли “Шашмақом” қисса намуда, муаллиф бори дигар ба ҳамагон ҳушдор дода буд, ки ба мероси бузурги миллат, ба маҳсули заҳматҳои садҳо фидоиёни шеъру мусиқии тоҷик бо ифтихор ва бо эҳтиёт муносибат намоянд.

Аслиддин НИЗОМӢ,
доктори илмҳои санъатшиносӣ

Дигар хабарҳо