Романи «Палатаи кунҷакӣ» – таҷрибаи муваффақи нависанда
Ба муносибати 50-солагии ба нашр расидани романи «Палатаи кунҷакӣ»
Эҷодиёти устод Фазлиддин Муҳаммадиев аз саҳифаҳои дурахшони адабиёти садаи бисти тоҷик ба шумор меояд. Вай дар наср сабку диди тозаи бадеиро ворид овард, ки аз бисёр ҷиҳатҳо дар гузашта собиқа надошт ва насри тоҷикиро аз ҳайси муҳтаво ва ҳунару сохтори поэтикӣ ғановати кайфӣ бахшид. Ҳар як асари тозаи устод аз ҷиҳати шаклу жанр ҳодисаи адабӣ ба шумор меомаданд. Ҳикояҳои ахлоқиву равоншиноснаи вай, қиссаҳои «Одамони куҳна», «Дар он дунё», «Зайнаббибӣ», «Шоҳии япон», «Варта» дарвоқеъ намунаҳои осори асили бадеӣ мебошанд.
Романи «Палатаи кунҷакӣ» (1974) низ аз комёбиҳои муҳимми ҳунарии Фазлиддин Муҳаммадиев ва насри тоҷикии солҳои ҳафтоди асри гузашта ба шумор омадааст. Асари мазкур ягона романи устод аст, вале ба ин нигоҳ накарда, вай дар адабиёти тоҷик, хусусан насри он, аз ҳайси ибтикорот дар муҳтаво ва ҳунар аз чанд ҷиҳат ҷолиби диққат мебошад. Аввалин хусусияти романи мазкур дар он зоҳир машавад, ки як андоза тақсимоти мавзуии жанрҳоро, ки дар насри солҳои 60 асри гузашта дар адабиёти тоҷик зоҳиран ба шакли қонун даромада буд, шикаст. Хусусан дар тасвири бадеии мавзуи рӯз, масъалаҳои ахлоқӣ ва зиндагии инсони муосир.
Ҳамин нуктаро бояд таъкид кард, ки дар адабиёти солҳои шаст, хосса насри он, дар фарогирии тасвири мавзуи ҳозиразамон жанрҳои повесту ҳикоя хеле фаъол буданд ва аз ҷиҳати тасвиру тадқиқи мавзуву масъалаҳои ахлоқи ҳамзамонон имтиёзи бештаре доштанд. Ин ҳодисаро, чунонки маълум аст, эҷодиёти Фазлиддин Муҳаммадиев низ тасдиқ менамояд. Аммо дар романи тоҷик бештар тасвири таърих ва замони инқилобу ҷанги гражданӣ мавқеи асосӣ дошт. Дар ҳамин давра буд, ки романҳои сегонаи Ҷалол Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» (1960-1973), Раҳим Ҷалил «Шӯроб» (1956-1967), Сотим Улуғзода «Восеъ» (1967), Ҳабибулло Назаров «Мирзо Ризо» (1968) ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Муҳимтарини ин романҳо барои амиқрафти назари бадеӣ ба таърих ва инсони таърихӣ имкон фароҳам оварда, таърихияти тадқиқи бадеиро амиқ бурданд. Ҳамзамон онҳо ба муҳимтарин масъалаҳои зиндагии рӯз низ ҳамовоз буданд… Романи ҳозирамавзуъ мебоист ҳамин ду тамоюл дар наср – масъалаҳои муҳим ва тезу тунди иҷтимию ахлоқии рӯзро бо таърихияти тасвир ба ҳампайванди сазовор медод. Умуман, савияи адабиёти собиқ шуравӣ, беҳтарин намунаҳои романи рус, гурҷӣ, Наздибалтика, халқҳои Осиёи Марказӣ эҷоди ҳамин гуна асарҳоро тақозо мекард. Адабиёт ба тадқиқи бадеии зиндагӣ ва таҳлили психологии инсон ба таври ҷиддӣ машғул шуда, сари моҳияти зиндагӣ ва рисолати инсон дар муборизаҳои маънавӣ ва ахлоқӣ ба андеша мерафт. Ва устод Муҳаммадиев, ки ҳамеша дар сафи пеши ҷустуҷӯҳои бадеӣ буд, боз ҳам ҷасорати наве зоҳир карда, муқаррароти адабиро шикаст ва романи аз ҳайси муҳтаво, шакл ва сохтори поэтикӣ тозаеро дар насри тоҷик эҷод намуд.
Ҳамин тавр, романи «Палатаи кунҷакӣ» яке аз асарҳои калонҳаҷми ҳозирамавзуъ аст, ки дар он масъалаҳои муҳимму мураккаби иҷтимоӣ бо ҷиддияту амиқбинӣ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Адабиётшинос А. Сайфуллоев ба мундариҷаи ғоявӣ ва баъзе хусусиятҳои бадеии романи мазкур баҳои дода, масъалаҳои мавриди тасвири онро ба се гурӯҳ: а) масъалаи робитаи наслҳо, ки дар симои Ивон-амак, Носир Аббос, Каримҷон-ака ва Иброҳимҷон ифода ёфтааст; б) таносуби манфиатҳои шахсию ҷамъиятӣ, масъулияти шахс дар назди давлат ва халқ аст; в) ахлоқу адоб ва ишқи озод тақсим карда буд. Вале тамоми роман дар атрофи ҳалолкорӣ, софкории ахлоқӣ ва сиҳатии ахлоқии афроди имрӯзу фардои ҷамъият, савияи маънавии мардуми нигаронида шудааст. Бинобар нн, андешаҳои адабиётшиносро як андоза мушаххас карда, таъкид карданием, ки нависанда дар асар ҳамоно масъулиятшиносии ҳар фард дар назди ҷамеа, рисолати иҷтимоиву маънавии он ва хусусан мавқеи падаронро дар таҳкиму устувории асосҳои маънавию ахлоқии ҷамъият, ҷонфидоию ҷонсӯзии онҳо, умуман фаъолиятмандии иҷтимоии наслҳои гуногуни одамонро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Бинобар ин, пайванди маънавию ғоявии наслҳо ва талоши онҳо баҳри сиҳатии ахлоқиву маънавии ҷомеа масъалаи марказии роман мебошад. Зиёда аз он, ба сифати эпиграфи асар интихоб шудани андарзи қадимии «Чароғи падаронро фурӯзон дор!» низ бесабаб набуда, мазмуни ботинии ғоявию бадеии тамоми асарро умқу вусъати тоза мебахшад. Агар доираи васеи муҳокимаҳо ва ҳусни таваҷҷуҳи қаҳрамонҳоро ба хотир орем, пас паёми устод Муҳаммадиев дар роман поси хотир доштан, давому такмили ҳамаи анъанаҳои пешқадам ва гуманистии дирӯзу имрӯзи мардуми тоҷики замони шуравӣ ва қисман инсониятро фаро мегирад. Андешаи қаҳрамонҳои роман – Носир Аббос, Ивон-амак, Иброҳимҷон-ака, ки худ намояндагони се насл мебошанд, ба ҳам наздик ва аз ҷиҳати моҳият ягона мебошад. Дар фикру зикри онҳо натанҳо манфиати шахсӣ, балки беҳбудии маънавии ҷамъият дар заминаи ёдоварии лаҳзаҳои таърихи ним асри Тоҷикистони замони шуравӣ ва башарият мақом пайдо кардаааст. Носир Аббос гуфтааст: «Инсон, охир, ҳамон аст, ки нафақат ғами хеш, балки ғами дигаронро низ хӯрад». Бинобар ин, меъёри баҳои қаҳрамонҳои устод Муҳаммадиев хеле баланд аст ва аз ин дидгоҳи инсондӯстона маънии аслии дигаргуниҳои ҳаёт баҳо додаву масъалаҳои ҳалталаби он ба миён гузошта мешавад.
Аз ҷумла, Ивон-амак аз наслест, ки кору зиндагиаш ба замони Инқилоби Октябр, ҷанги гражданӣ ва Ҷанги Бузурги Ватани иттифоқ афтодааст. Вай намояндаи насли калонсол аст ва тарҷумаи ҳолаш гӯё лаҳзаҳои муҳимми таърихи сохтмони ҳаёти навро дар Тоҷикистон дар худ ифода кардааст. Ивон-амак исми тоҷикии ӯст (аслан ӯ Иван Андреевич аст), таъкид мекунад нависанда. Дар ин ҷузъиёти хурд метавон пай бурд, ки ин мард дар бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ саҳме доштааст ва худро чун ҷузъи он эҳсос менамояд. Вай таърихи зиндаи талошу муборизаҳои ҳифзу бунёди ҷумҳурӣ мебошад.
Вале Ивон-амак нисбат ба ҳама гуна таълифи тахминии таърих, беэътиноӣ нисбат ба хотираи шаҳидон муросо карда наметавонад. Саргузаштҳои ҷангии рафиқонашро бештар ба хотир меоварад, ҷонбозиҳои онҳоро ёдовар мешавад ва ҳар гуна носипосӣ ба таърихро бо дарду алам қабул мекунад. Дили ҳассосе дорад ин мӯсафед. Рӯзи Ғалаба барои вай иди махсусе мебошад. Умуман, ҳар он чи ба инқилоб, ба бунёди сотсиализм ва Ҷанги Ватанӣ вобаста аст, барои вай аз муқаддасоти аввалдараҷа ба ҳисоб меравад. Бо образи Ивон-амак нависанда ба роман мавзуи таърих, руҳи гузашта, бузургдошти онро (эҳтироми маҳалли покро аз хурдӣ омӯхтан беҳтар» гуфтааст вай) ба миён мегузорад ва ин фикр тавассути андешаву амалиёти дигар қаҳрамонон такмил меёбад. Дар кул, Ивон-амак мӯсафеди барнодилу беқарор аст. Вай ба сифати сарвари Клуби шуҳрати ҷангӣ кори зиёдеро ба ҷо меоварад. Бо «бачагон»-и худ (вай ҳамфикрону ҳамфаъолиятони худро ҳамин тавр меномад – А.Н., Ф.Қ.) байни мардум меравад, бо мактаббачагон во мехӯрад, худро як ҷузъи фаъоли ҷомеа ҳис мекунад. Мо қадам ба қадам дар ҳикояҳову фаъолияти ин марди содиқ ба дастурҳои зиндагии худ, садоқати беинтиҳои вайро ба идеалҳои Инқилоб, ҳизб ва сохти сотсиалистӣ дарк менамоем. Ин ҳама боиси он гаштаанд, ки Ивон-амак фикру зикр ва хоҳиши ҳамхонаҳояшро ба зудӣ дарк мекунад, ба дарду ташвишҳои онҳо шарик аст ва идеалҳои олии инсондустӣ ҳамеша бо вай ҳамроҳ ҳастанд.
Дарвоқеъ, моҳияти амалиёт ва фикру зикри дигар қаҳрамонҳои романро ҳамин идеал ба ҳам пайвастааст. Адабиётшинос М. Шукуров (Шакурӣ) барҳақ қайд карда буд: «Дар ин роман («Палатаи кунҷакӣ» – А.Н., Ф,Қ.) ҳам касоне, ки дар роҳи тоза нигоҳ доштани идеалҳои ҷамъияти мо, дар роҳи устуворона амалӣ намудани ин идеалҳо фидокорӣ мекунанд, дар маркази диққати Фазлиддин Муҳаммадиев қарор гирифтааст».
Насли дувуми қаҳрамони роман Носир Аббоси 56-сола – раиси комитети назорати халқии район ва коргар Каримҷон-ака мебошанд, ки дар солҳои сохтмони зиндагии нав ба дунёи омада, муҳимтарин хислату сифатҳои инсонӣ ва ҷамъияташон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди он ташаккул ёфтааст.
Дар ин радиф Каримҷон-ака инсони бисёр хушҳол, накухислат, коргари пешқадам аст ва ба қиссаҳои ҷангӣ таваҷҷуҳи махсусе дорад. Аксар китоби ҷангӣ мехонад ва ё филми бахшида ба ҷангро тамошо мекунад. Ҷанг гӯё дар зеҳну вуҷуди ӯ чун як ҷузъи муҳимми дарку ҳис нишастааст, ки талаботи маънавиашро бе он қаноатманд намеҳисобад. Албатта, ин чунин маъно надорад, ки гӯё Каримҷон-ака хостори ҷанг аст, вале ӯ дар ҳар ҳикояе, ки мешунавад, китобе, ки мехонаду филме, ки мебинад, он солҳои сахт, он корнамоии бузургро ба хотир меоварад ва худро доимо озим ба корнома ҳис мекунад. Бинобар ин, вай ба «Шоҳнома», ки ҳамосаи бузурге дар бораи ҷангу ватандӯстӣ, мардонагию қаҳрамонӣ, сулҳу салоҳ, дар хусуси нокасӣ, каҷӣ ва бадгуҳарӣ, яъне набарди неку бад баҳс мекунад, таваҷҷуҳи хеле зиёд дорад ва аз ҳикояҳои ҷангии Ивон-амак низ лаззат мебарад. Дар асар аз «Шоҳнома» 40 мисраъ истифода шудааст (дар роман шеър куллан 140 мисраъ аст) ва бо муҳтаво, мутолиаи нусхаҳои гуногуни он, арзиши достон ва чопу тарҷумаи вай барин масъалаҳо дар иртибот мавриди гуфтугӯст.
Дарвоқеъ, мақоми «Шоҳнома» дар роман аз доираи таваҷҷуҳи образи Каримҷон-ака берун рафта, қисмати қаҳрамонҳои асар ва муборизаеро, ки онҳо доштаанду доранд, ба таърихи гузашта пайваастааст. Дар ин маврид пайванди ноаёне байни корнамоиҳои қаҳрамонони Фирдавсӣ ва қаҳрамонони «Палатаи кунҷакӣ» ба вуҷуд меояд… Ҳамин тавр, бузургдошти таърих, ки бо образи Ивон- амак ба миён омада буд, тавассути «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба ҳофизаи таърихии халқ пайванд хӯрда, дар натиҷа меъёри баҳо ба муҳокима, саргузашт ва корнамоиҳои қаҳрамонҳои роман маънии амиқе пайдо мекунад ва поэтикаи онро сифатан такмил менамояд.
Дар ин замина Носир Аббос ба марде аз достонҳои бостон мемонад, ки танҳо худаш бар алайҳи кулли нобаробариҳои ҷомеа, камбудиҳо ва норасоиҳои афрод ба мубориза бархостааст. Ӯ аз қабили ҳамон қаҳрамонони ҳассоси устод Муҳаммадиев аст, ки мо дар асарҳои вай шинос ҳастем. Вале ҳассосияти Носир Аббос падидаи нодир аст. Ба гуфти Зардодхон ва ташхиси духтурҳо, касалии вай оқибати «ҳассосии фавқулода» мебошад, он «ҳодисаи табиист. Ва дар он айбе нест, балки ҳуснест ниҳон». Аз ин ҷо сухани вай пурэҳтирос буда, дар муҳокимаҳояш шӯру шааф, тезу тундӣ ва ҷонсӯзӣ бештар ба чашм мехӯрад. Ҷанбаи публитсистӣ маҳз тавассути образи Носир Аббос дар роман мақоми бештаре гирифтааст, ки қабати муҳимми поэтикаи ӯро ташкил медиҳад.
Носир Аббос, ба қавли Ивон-амак, аз шахсонест, ки дарди дигаронро аз дарди худ зудтар ҳис мекунад. Вай фикри худро чунин афзуда аст: «Дар назари аввал ин гап гӯё ба ақл рост намеояд, чунки шарики ғами дигарон будан аз ақл дида, бештар кори дил аст» ва «барои дарки ин маънӣ аз ҳамин қавм будан ё ақаллан ҳаводори он будан шарт аст. Қавме, ки номуси башар аст. Шираи замин, гули сари сабади бани одам аст». Яъне ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва инсондӯстӣ ба вай хос мебошад. Маҳз дар айни чунин андешаҳо ровии асар – Иброҳимҷон дар бораи Носир Аббос ба ин хулоса расидааст:
«Рост, Носир Аббос инсон аст.
Инсон, охир, ҳамон аст, ки нафақат ғами хеш, балки ғами дигаронро низ хӯрад. Ғами фардо. Фардои худ, фарзандони худ, аммо дар баробари ин, ғами фардои ҳамаи ҳамватанон, ҳаммаслаконро».
Аз ин ҷо вай ба муқобили ҳама гуна камҳавсалагӣ, коҳилӣ, назарфиребӣ, худхоҳиву тангназарӣ ва фиребгарӣ муборизаи шадид мебарад, бесарусомонӣ, исрофкорӣ ва бепарвоиро чашми дидан надорад. Вай бар алайҳи онҳое, ки бинои тану шикамро бар сафои хирад боло гузоштаанд, бархестааст. Ин ҳолат ӯро ба шӯр овардааст, ки гарданғафсе худро дар сафи ҳизб дидаву аммо «виҷдонаш, имонаш, инсофаш, ғайрату ҳимматаш, миёни чарб монда, нопадид гаштааст», ва ё «Безҳои равған! Безҳои касолат, касофат, кароҳат! Паразитҳо!)». Ба ақидаи Носир Аббос, «зиёни чунин одамон ба ҷамъият аз ҳар ҷиҳат хеле бештар мерасад».
Мақсади Носир Аббос решакан кардани ин гуна типҳои муфтхӯру ба ҷамъият бегона аст… Вай атрофи омилҳои зуҳури ин камбудиҳо, решаҳои иҷтимоию ахлоқии онҳо ва сабаби суст аз байн рафтани онҳо низ муҳокима рондааст. Ба ақидаи ӯ, мо «бартараф кардани камбудиҳоро ба ҷамъияти куҳна вобаста дониста, бартараф шудани онро хеле осон, муддати онро хеле кӯтоҳ муайян мекардем. ҳол он ки ин худфиребӣ буд. Мо заминаи иҷтимоӣ, вале, пеш аз ҳама, маънавии ин камбудиҳоро намедидем, ки аз сиришти мураккаби худи одам сар мезанад»: «Сохтмони ҷамъияти нав магар қабл аз ҳама ба дигарсозии аъзоёни он вобаста нест?» – савол додааст ӯ ва ин пурсиш он замон хеле воқеӣ ҳам буд.
Бешубҳа, ин андешаву мулоҳизаҳо бисёр муҳимманд ва Носир Аббос заминаҳои амиқи иҷтимоӣ, он шароитҳое, ки барои тавлиди норасоиҳо аз худи сотсиализми ҳанӯз номукаммал сар мезананд ва барои нумувви чунин хислатҳои бад ва сахтҷонии онҳо сабаб мегарданд, мавриди андеша қарор додааст. Ин ҳама Носир Аббосро ба яке аз образҳои беҳтарини насри муосири тоҷик табдил додаанд.
Дар романи «Палатаи кунҷакӣ» воқеаҳо аз номи Иброҳимҷон ривоят мешаванд. Бинобар ин, вай зиндагӣ, фикру зикри худ ва қаҳрамонҳои асарро ба андешаву муҳокима гирифтааст. Ӯ, ки ҷавони баркамолест, 27 сол умр дораду оператори кинохроника аст ва тасаввури муайяне дар бораи зиндагӣ дорад. Аз ин рӯ, ба ҳампалатаҳои худ бо кунҷковӣ назар мекунад ва як муддат худро байни онҳо бегона низ ҳис кардааст. Вале пайваста маслаку нияти пок ва одамияти эшонро пай бурда, нисбат ба онҳо ҳусни таваҷҷуҳ пайдо менамояд. Балки «Акнун Иброҳимҷон ҳам ба кирдори Носир Аббос ба назари худи ӯ нигоҳ хоҳад кард», дар бораи тарбияи инсон, одамони муносиби идеяҳои наҷиб «ба воя расидан»…» ба андеша хоҳад рафт. Муҳим он аст, ки Иброҳимҷон чун ба ҷараёни ин андешаҳо дохил шуд, онро «аломати шифо ёфтани» худ дониста, «боз мисли собиқа аз ҳар боб андеша меронад».
Иброҳимҷон ҳамчунин як инсони зариф аст ва бо ҳодисаҳои зиндагӣ, ба худ ва ҳамроҳонаш бо юмори нозук нигоҳ мекунаду баҳо медиҳад. Хусусан, ин хислати вай дар мусоҳибаҳо бо рафиқаш Қамар бисёр хуб зоҳир шудааст. Ин ҳам муҳим аст, ки ҳангоми беморӣ низ ҳамин хислат ӯро тарк накарда, натанҳо ба муҳит, балки ба худ низ назари хӯрдагирона дорад. Вале вақте ки гирифтори панҷаи эҳсоси ишқи воқеӣ ва ҳақиқии Хиромон мегардад, юмор ҷои худро ба лиризм ва қабули ҳиссии воқеаҳо медиҳад. Дар бораи ин паҳлуи роман ва мавзую сохтори поэтикии ба он вобаста ба таври алоҳида таваққуф мебояд кард.
Ҳамин тавр, яке аз хатҳои асосии сужети роман қиссаи ишқи Иброҳимҷон ва Хиромон мебошад. Тасвири ишқи ин ду ҷавон аз ҳайси моҷаро, дарду алам ва гирифториҳои ошиқонааш як дараҷа саргузашти ошиқони адабиёти классикиро ба хотир меоварад. Вале муносибати серташвиши Иброҳимҷону Хиромон ва шиддату шӯру сӯзи ҳиссиёти баланди онҳо заминаҳои воқеӣ ва равонӣ дорад. Иброҳимҷон шахси ҳассос аст, вале дар зиндагии шахсӣ бесуботӣ зоҳир мекунад ва ин сабаби бебарорию сабукрафтории ӯ дар оғози зиндагӣ гардида буд. Дар айни ҳамин ҳолат вай ба Хиромон вохӯрд ва тасаввураш дар бораи ишқ ба куллӣ тағйир ёфт ва аз ин сабаб ин қадар ба ӯ муҳаббати самимӣ баст. Ба иқрори худаш, вай «аз нав бедор шуд, эҳё гардид». Дар роман образи Хиромон дар канори як инсони воқеӣ ва заминӣ будан, ҷозиби махсус дорад, бинобар ин, хоса аз назари Иброҳимҷон асроромез тасвир шудааст. Умуман, устод Муҳаммадиев ба тасвири фаъолиятмандии зани тоҷик, зебоии шаҳрвандию инсонӣ ва ахлоқиву маънавии ӯ таваҷҷуҳи хоса дошт. Ин хусусан дар образи Оишахон аз повести «Одами куҳна» хеле хуб зоҳир шуда буд. Баъд аз ин таваҷҷуҳи нависанда дар қиссаи «Зайнаббибӣ» хеле аниқ гардид.
Образи Хиромон низ ҳамоно аз меъёри меҳнати ҷамъиятӣ ва зиндагии шахсӣ чун таҷассуми зебоӣ бо ҳама латофату назокат, малоҳати зоҳириву маънавӣ, вале табииву ҳаётӣ тасвир мешавад. Хиромон ҳам дар меҳнат, ҳам дар нафрату адолат ва ҳам дар муҳаббат бо нафосату дурандешии ба занон хос муносибат дорад. Тасвири Хиромон, он ҷо ки худаш нақл кардааст, ҷиддист. Дар он нақлҳо мо аз таърихи зиндагии бебарори Хиромон, аз зарбаҳое, ки тақдир ба ӯ насиб доштааст, пай мебарем. Ҳис мекунанд, ки ӯ ба рузгори баъдаш бо тамоми ҷиддият нигоҳ мекунад, характераш серпайванд аст. Вай зани мустақилу худшинохтаест. Камоли маънавӣ ба вай ҷозибаи асроромезе бахшидааст, чунонки Ҳофиз мефармояд:
Ҳуснат ба иттифоқи малоҳат ҷаҳон гирифт,
Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт.
Ва ҳамин сифатҳои ин зани ҷамила ҳушу ёди Иброҳимҷонро ба куллӣ тасарруф карда буданд. Бинобар ин, Хиромон аз назари Иброҳимҷон хеле ҷаззоб, яъне аз дидгоҳи лирикиву романтикӣ тасвир шудааст. Худи Хиромон низ дили тӯфонӣ ва шоиронае дорад. Барои ӯ касбаш натанҳо воситаи рӯзгузаронӣ, натанҳо як шакли худмуҳофизӣ аз гапу назарҳои беибои одамон, балки макони озодӣ, парвози хаёл ва андешаҳои фалсафӣ мебошад. Аз ин рӯ, крани оҳанин ва меҳнати вазнин барои ӯ ҳунар ва воситаи қаноатмандии маънавӣ ҳам мебошад. Дар ин маврид дар тасвири Хиромон боло гирифтани ҷанбаи ҳиссӣ ва тасвирҳои лирикӣ заминаи воқеӣ ва равонӣ дорад. Хусусан, онҳо дараҷаи гирифтории Иброҳимҷони ошиқро ба хубӣ ифода мекунанд:
«Духтари зебост Хиромон. Дустрӯй, хушрӯй, фаттону дилрабо… Хиромон мисли навниҳолест, ки дар боғи барҳаво қад афрохтааст. Навниҳоле, ки чи дар айёми гулу шукуфоию ҳангоми бороварӣ ва чи фасли тирамоҳу дар чиллаи зимстон ба як зайл назаррабою дилпазир аст. Чаро ки вай худ таҷассуми ҳаёт, ҳайкали зиндаи зиндагонист». Иброҳимҷон ба дидори «зеботарин, боақлтарин, боназокаттарин занони олам, ба васли Хиромон» расиданро орзу дорад. Ин ҳама тасвирҳои ҳиссӣ, гоҳо романтикӣ ифодаи мафтунӣ ва волоарзиш будани Хиромон дар назари Иброҳимҷон аст, ки барои кушодани ҳақиқати руҳии ӯ ёрӣ расонидаанд. Вай инсони воқеист, вале дар баъзе мавридҳо ҳамсон ба Маҷнун аст. Дар ин маврид нависанда аз шеъри ошиқонаи классикӣ истифодаи зиёд мекунад ва онҳо ҳам ба муҳтаво ва ҳам ба тору пуди поэтикаи роман таъсири хубе гузоштаанд.
Зиёда аз он, ишқи Хиромон Иброҳимҷонро аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ софкорӣ карда, ба сафи одамони ҷонсӯзи ҷамъият даровард. Вай инро эътироф карда гуфтааст, ки «Моро ба қатори инҳо (ҳампалатаҳояш) Хиромон даровард».
Агар ин ҳама мисолро дар ҷараёни тасвиру таваҷҷуҳ ба таърихи худу халқҳои дигар, истифодаи тамсилу ривоёт ва далелҳо гузошта бисанҷем, пас маълум мешавад, ки доираи андешаи қаҳрамонҳои романи «Палатаи кунҷакӣ» хеле пурвусъат аст. Ба фикру андеша онҳо таърихияти назар хос аст ва, аз ин рӯ, ҳофизаи таърихӣ ба сифати зоҳиркунандаи муҳимтарин сифати онҳо истифода шудааст.
Адабиётшинос М. Шукуров дуруст қайд карда буд: «Нафақат таҷрибаи маънавии чандинасраи халқи тоҷик, балки гӯё таърихи башарият ба чашмандози қаҳрамонони Фазлиддин Муҳаммадиев даромадааст… Ин ҷо гӯё тамоми таърих меъёри баҳо қарор ёфтааст… Ин нияти нависанда чашмандози насри имрӯзаи тоҷикро хеле васеъ ва асоси ғоявии онро мустаҳкам кард».
Комёбиҳои устод Муҳаммадиев дар воситаву шакли тасвир низ ҷолиби диққатанд. Ӯ ба муҳокима ва тавсиф, тасвири ақлӣ ва баёни лирикӣ майл дорад. Назми қаҳрамонӣ, лирикаи фалсафӣ ва ишқии классикон, андешаҳои таҳлилӣ ва аниқу зарифи Иброҳимҷон, муҳокимаҳои публитсистию танқидии Носир Аббос, мулоҳизаҳои нарму дақиқи Ивон-амак хеле табиӣ ба ҳам омада, тору пуди поэтикаи тасвирро ғанӣ гардонидаанд.
Бо асарҳои Муҳаммадиев дар наср қаҳрамони худнигари муҳоким ворид шуд ва тасвири психологӣ дар шакли таҳлилиаш шакл гирифт, ки монологи ботинии серсадо воситаи муҳимми тасвир дар он мебошад. «Палатаи кунҷакӣ» ин ҷустуҷӯҳои устодро ҷамъбаст карда, ба жанри романи монологии серовоз (полифонӣ) асос гузошт, ки ба кор гирифтани таҷрибаву ибтикороти ӯ ба рушди минбаъдаи ҷӯяндагиҳо ва ғанои поэтикии адабиётамон мусоидат хоҳад намуд.
Абдухолиқ Набавӣ,
Фарзона Қурбонова