Рисолати равшангарӣ. Ёде аз донишманди маъруф Ҷумъабой Азизқулов
Донишманди номвари тоҷик, муҳаққиқ ва мутарҷими маъруфи мо Ҷумъабой Азизқулов умри дарозу бобаракате ба сар бурд. Дар фосилаи ин умри тулонӣ устод бо ҳиммату ҳавсалаи тамом бедареғ ба кори таълифу тарҷумаву таҳрир иштиғол дошт ва дар ҷодаи хидмат ба илму адабиёт бо завқи саршор, ҳалолу пок ва бо ихлосу иродати комил заҳмат кашид.
Аввалин навиштаҳои Ҷумъабой Азизқулов охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-ум рӯйи чоп омада, фаъолияти адабии ӯ то даҳаи дувуми асри ХХI, яъне беш аз шаст сол давом ёфт.
Ҷибиллат ва ҳусни тарбияти устод бо пайвастан ба муҳити адабпарвари солҳои 50-60-уми Душанбе ва таҳаммули заҳмати сангини омӯзиш дар Душанбеву Маскав шукуфаҳои тоза ба тозаро ба илму фарҳанги тоҷикон армуғон овард. Ҳамкорию ҳамнишинӣ бо олимону адибони маъруф М. Турсунзода, Н. Маъсумӣ, М. Шакурӣ, С. Салоҳ, Т. Зеҳнӣ, Р. Ҳошим, А. Афсаҳзод, баъдтар бо И. Брагинский, Михаил Занд ва дигарон ба саводи суннатии устод донишҳои замони нав ва андӯхтаҳои уламои Эрон, Русия ва Аврупоро зам намуд. Ба ҳам омадани саводу тарбияти шарқӣ ва маърифату фарҳанги аврупоӣ, ки ба ағлаби олимони тоҷик дар он даврон хос буд, сатҳу савияи илми тоҷикро хеле баланд бардошт ва дар маърифати сарватҳои миллии маънавӣ пойгоҳҳо ва дидгоҳҳои навро бунёд ниҳод. Дар миёни соликони ин навҷӯиҳо ва навпардозиҳо устод Ҷ. Азизқулов ҷойгоҳи хос дошт. Эшон бо тақозои ғайрату ҳамият, фитрати адабпарвар, дониш ва завқи волои суханшиносӣ дар тули умри бобаракат бо он ҳама мутолиоти густарда ҳамеша муштоқи омӯзиш, мувоҷеҳи тарбияти нафс, нафси маънавии хеш буд ва то поёни умр бо басират ва огоҳии комил дар адои хидмат ба забону адабиёту фарҳанг камтарин фурсатеро ҳам фурӯ нагузошт ва аз маслаки ҳақҷӯӣ ва ҳақгузориву ҳақшиносӣ қадаме фаротар наниҳод.
Кору пайкори доманадори устод Ҷумъабой Азизқуловро метавон ба панҷ даста табақандӣ намуд:
- Таҳқиқи масъалаҳои забону адабиёт;
2. Матншиносӣ ва нашри мутун;
3. Таҳриру тасҳеҳ;
4. Тарҷума;
5. Ёдномаҳо.
Маҳаку меҳваре, ки ба ин чашмандози фарох ва гуногунҷанбаи устод ҷомеият мебахшад, омӯзиши амиқу дақиқ, дониши мукаммал, ҷиддияти назар, пухтагии фикр ва эҳсоси масъулият аст, ки ҳама таълифоту навиштори эшонро мазияту кайфияти хос бахшидааст.
Осори илмиву адабии Ҷумъабой Азизқулов, ба ғайр аз китобҳои «Гулзори ҳикмат», «Китоби ҳаким Синдбод» ва бист китоби тарҷума, дар ду китоб, яке «Синдбоднома» (тадқиқот, тасҳеҳ ва таълиқот) дар ҳаҷми 710 саҳифа ва дигаре «Андӯхти рӯзгор» (644 саҳ.) ҷамъоварӣ шуда, бо таҳрири муаллиф солҳои 2012 ва 2014 ба табъ расидааст. Дар саросари ин ду китоби захим зарби қалам ва тафаккури моҳиятҷӯи як донишманди тавоною борикбин ҳувайдо аст, ки бо вуҷуди тафовут дар санаи таълифи онҳо, яъне дар фосилаи чиҳилу панҷ сол бо сухани нав ва фикру андешаҳои тозаву пухта имтиёз дорад. Тамоми чакидаҳои хомаи бобаракати муаллим, аз тақризу мақола то рисолаву китобҳо, матолиби наву ҷолибро дар бар дорад. Ҳақ бо адабиётшинос А. Абдуманнон аст, ки гуфта: «Ман ягон навиштаи хоми Ҷумъабой Азизқуловро ёд надорам».
Аввалин асарҳои илмии устод «Савдо» (1959), «Таҳрир ё тафсир» (1960), «Доир ба илми бадеъ» (1960), «Китоби ҳикмати халқ» (1961) мебошанд, ки олими ҷавон ҷасурона бо суханшиносони маъруф Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, М. Фозилов ва дигарон баҳс ороста, бо далелҳои раднопазир мулоҳизаҳои интиқодиашро собит кардааст. Ба ғайр аз дониши амиқ ва муҳокимаҳои қавии мантиқӣ, сифате дар ин тақризҳо ҳаст, ки навиштаҳои мазбурро мумтоз карда ва он ин аст, ки муаллиф дар баррасиҳои худ аз банди арзишгузориҳои дурушти мафкуравии он замон берун омада, меъёри баҳоро бар пояи табиат ва вежагиҳои каломи бадеъ қарор додааст. Пазируфтани эродҳои муҳаққиқи ҷавон аз ҷониби ин устодон, ҳарчанд ба таъхир ҳам бошад ва дар нашрҳои баъдӣ ислоҳ кардани онҳо асарҳои худро, аз зуҳури адабиётшиноси донишманд ва соҳибназаре дар илму адаб паём мерасонид, ки ҳар ҳарфу сухан ва фикру мулоҳизоташ пухтаву санҷидаанд. Таваҷҷуҳи хос ба матншиносӣ ва покизагии мутун дар мақолаҳои «Иқдоми нек» (1963), «Нашр ва тадқиқоти тозаи осори Рӯдакӣ» (1964), «Муносибати «Синдбоднома»-и Заҳирӣ ба байтҳои Рӯдакӣ» (1963), «Кашфи як асари илмии оммавӣ» (1972), «Маҳбуби дилҳо» (1979) густардагии бештар пайдо намуд. Шакке нест, ки равиши таҳқиқ ва андешаҳои ин суханшиноси нозуксанҷ дар пажуҳиши муаммоҳои назарӣ ва амалии илми матншиносии тоҷик имрӯ- зу фардо ҳам раҳнамою мушкилкушо хоҳад буд.
Дар ҳамин солҳо самти асосии фаъолияти илмии Ҷ. Азизқулов – тадқиқи насри классикии таълифӣ шуруъ мегардад, ки яке аз натиҷаҳои муҳимми он пажуҳиши «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ ва ба миён омадани рисолаи мабсуту гаронмояест, ки аз нигоҳи умқи таҳқиқ ва вусъати масъалагузорӣ дар адабиётшиносии муосири мо камтар асареро дар сатҳи он метавон ном бурд. Ҳарчанд аз таълифу дифои он бештар аз панҷоҳ сол гузашта, мақоми баланди ин асари пурарзиш дар феҳристи пажуҳишҳои ховаршиносӣ ва адабиётшиносӣ ба унвони маъхази дасти аввали илмӣ ҳамоно побарҷост. Дар ин ҷо аз зикри муҳассаноти ин тадқиқоти ҷомеъ ва пуриттилоъ худдорӣ намуда, танҳо як матлабро ёдовар мешавем. Ҷ. Азизқулов дар адабиётшиносии мо шояд аввалин муҳаққиқе буд, ки масъалаи аслу пайдоиши китобҳои мансури гузаштаро ба миён гузошта, бо истинод ба сарчашмаҳои қадими ҳиндиву арабиву юнонӣ ба исбот расонид, ки насри халқҳои эронитабор пешинаи деринасол дошта, ҳазорон сол пеш аз футуҳоти ислом пайдо шудаву шакл гирифта, анвои мухталифи наср – аз ҳикоёту ривоёти ахлоқиву маишӣ то ҳамосаҳои бузурги паҳлавониву романтикӣ дар замони ҳукумати Ҳахоманишиёну Ашкониёну Сосониён марҳалаҳои такомулро паймудааст. Ва чунонки муаллиф бо далелҳои қотеъ ва баҳсҳои фозилона бо олимони Шарқу Ғарб хулоса кардааст, «Синдбоднома» моли аслии қавмҳои ориёӣ буда, сайри таърихии чандҳазорсоларо аз сар гузаронидааст. Имрӯз лозим аст, ки ҷамеи осори мансури гузаштагон, ки дар илми ховаршиносӣ қисме аз онҳо маъмулан ба фарҳанги Юнону Рум ва Ҳинду Араб мансуб дониста шудаанд, ба равиш ва усуле, ки Ҷумъабой Азизқулов вазъ кардааст, як-як дар рисолаҳои ҷудогона нақду баррасӣ гардад ва пайвандҳои маънавии мо бо гузаштагони дурамон, ирсият ва решаҳои зотии адабиётамон беш аз пеш дар манзари таърихи дурударози он дар меҳвари ковишҳо ва ҷустуҷӯҳои аҳли илму адаб қарор гирад. Дар пайравии иддае аз олимони мо ба ин шеваи таҳқиқ ва дар густариши ояндаи ин ибтикори равишманди решаҷӯӣ рисолаи Ҷ. Азизқулов аҳаммияти хос хоҳад дошт. Солҳои охир падид омадани чанд рисолаву мақолаҳои арзишманд роҷеъ ба паёмадҳои таърихиву адабии ҷунбиши бонуфузи шуубия моро итминон мебахшад, ки дар таҷаддуди назар ба решашиносии адабиёти мо ҷодаҳои нав ҳамвор хоҳад шуд.
Пайваста ба ин устоди фозили мо як равияи ҷадид – равияи бозхонии мутунро дар адабиёти давраи нав эҳё намуд, ки раҳоварди мутолиоти густардаи ӯ дар насри классикист. Гап дар сари он аст, ки дар гузашта дар миёни хосу ом чанд қаринаи як асар мутадовил буд, қаринаҳое, ки дар замонҳои мухталиф таълифу тадвин шудаанд, аз ҷумла қаринаҳои «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Тӯтинома», «Ҳазору як шаб» ва ғ. маълуму машҳуранд, ки бо таҳаввули завқи мухотаб муҷаддадан таснифу таҳрир ёфтаанд, то ҷое, ки то чаҳор-панҷ қаринаи баъзе аз ин китобҳо ба вуҷуд омадааст. Маҷмуи ҳикоёти пандомӯз бо номи «Гулзори ҳикмат» ва «Китоби ҳаким Синдбод», ки аз таровишҳои дилангези қалами устод Ҷ. Азизқулов аст, дар миёни хонандагон маҳбубият азиме пайдо намуд. Мусанниф бо камоли ҳунар ва забоноварӣ, бо риояи сабки классикии қиссапаймоӣ мутуни қадимро мутобиқ ба фаҳму завқи хонандаи имрӯз таҳриру тадвин кардааст. Ба ин салиқа тадовум ёфтани ибтикори мазкури Ҷ. Азизқулов дар огоҳӣ ва ошноии ҷавонони имрӯза низ муассир воқеъ хоҳад шуд.
Ҷ. Азизқулов дар як мусоҳибаи худ изҳор дошта буд: «Он қадар маводи зиёдро тарҷумаву таҳрир кардаам, ки ҳисобашро худам ҳам намедонам». Ба ғайр аз иштирок дар таҳрири достони «Самаки айёр», «Саргузашти Ҳотами Той», «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Куллиёти Лоҳутӣ», китоби шашҷилдаи «Саҳеҳи Бухорӣ», «Луғати русӣ-тоҷикӣ» ва ғайра, ки ҳар яке китобҳои ҳаҷман бузурганд, садҳо маводи дигар барои нашрияҳои мухталиф, алалхусус, маводҳои «Энсиклопедияи советии тоҷик» аз қалами таҳрири устод гузаштаанд. Марҳалаи нави бозгашти забони тоҷикӣ ба ҳусну асолати худ, ки бо эҷодиёти М. Қаноат, П. Толис, Ф. Муҳаммадиев оғоз ёфт, дар миёни олимону тарҷумонҳо ва қаламкашони хушзавқ пайравони содиқе пайдо кард, ки ҳунар ва истеъдоди худро ба хидмати забони модарӣ гузоштанд. Он таҳаввулоти сифатӣ, ки дар забон охири солҳои 50 ва солҳои 60-70 ба вуҷуд омад, бисёре аз имконот ва иқтидори забони тоҷикиро падид овард. Муаллим Ҷ. Азизқулов низ ба унвони яке аз пешоҳангони ин тозаҷӯиҳо нафақат бо таълифот, балки бо хидмати пурмашаққати таҳрир ин фармудаи замонро боиставу шоиста ба ҷо овард. Дар ин мусоҳиба муаллим бо надомат гуфтааст: «Таҳқиқу пажуҳиш машғулияти шабонарӯзӣ мехоҳад, яъне кори ҳамарӯзаи таҳияву таҳрири ҷилдҳои алифбоии ЭСТ ва дигар нашрияҳои соҳавӣ ақлу ҳуши маро ба якборагӣ фаро гирифт ва дар ин миён умри қобили корам сипарӣ шуд». Аммо он коре, ки эшон дар таҳриру таҳия бо ҳамкорону шогирдони худ анҷом дода, мактаби ибратомӯзро ба вуҷуд овард, худ заҳмату хидмате мондагор ба забону фарҳанги миллӣ аст, ки бо гузашти айём қадру қимати он афзун мегардад. Аз баландии чашмандози имрӯза равшантар ба назар мерасад, ки ба туфайли таҳриру тасҳеҳи садҳо ҳазор саҳифаи рӯзномаву маҷаллаҳо, дастнависи асарҳои бадеиву тарҷума, маводҳои илмиву адабӣ, ки ҳамакнун парокандаву гумном аст, адибону олимон ва рӯзноманигорони миллатпарвари мо дар таквину такомул ва шакл гирифтани забони адабии тоҷикӣ дар шаклу сурате, ки имрӯз дар даст дорем, воқеан корнамоӣ кардаанд. Бо заҳмати гаронсанги ин насли бонангу номус, ки то ҷое дар китоби муътабари «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар ду муҷаллад ва «Энсиклопедияи советии тоҷик» дар ҳашт ҷилд ҷамъбаст гардидааст, забон аз қолабҳои идеологии ахборӣ, ки дар таркиби он тағаллуб дошт, берун омад, ҳусну тароват ва иқтидори нави маънавӣ касб намуд.
Яке аз хидматҳои барҷастаи Ҷумъабой Азизқулов тарҷумаи осори адабиёти ҷаҳон ба шумор меояд. Бо қалами ӯ бист китоб тарҷума шудааст, аз ҷумла «Маснади Рӯдакӣ», «Армуғони Утрор» «Пайкони Маҳамбет»-и А. Олимҷонов, «Суҳбати маҳтобшаб»-и В. Шукшин, «Маро аз ҷангал ҷӯед»-и Т. Пӯлодов, «Се мушкетдор», «Граф Монте-Кристо»-и А. Дюма, «Бехонумон»-и И. Авижюс ва ғайра, ки аз ҷониби як нафар бар замми он ҳама корҳои пурманфиати дигар анҷом ёфтааст, воқеан амре шигифтангез аст. Ба вежа, ки Ҷ. Азизқулов дар тарҷума равиши нав, назариёт ва сабку услуби хоссаи худро падид овардааст, шевае, ки ба устоди сухан С. Улуғзода писанд афтода буд. Дар омади гап бояд гуфт, ки он ҷӯшу хурӯше, ки дар тарҷумаи осор дар он замон тасаллут дошт, лозим аст, ки дигарбора эҳё шавад. Аввал ин ки бозгӯии таҷрибаи маънавию иҷтимоии халқҳои ҷаҳон дар қолаби забони ноби тоҷикӣ садди мустаҳкаме хоҳад сохт дар муқобили забони ахборгунаи интернетӣ, ки кушандаи завқи зебошинохтист. Дувум, тавассути тарҷумаи асарҳои барҷастаи адабиёти дигар, ки бо тафаккур ва ҳувияти фарҳангии худ оростаанд, забон иқтидорҳои нави худро намоён меоварад, бо истиқболи забон ва дастовардҳои тафаккури бадеии ҷаҳонӣ сарватҳояш афзун ва заминаҳои сарсабзиаш қавитар мегардад.
Дар «Ёдномаҳо»-и устод Азизқулов мо эшонро як нависандаи чирадасти мушоҳидакор ва соҳиби ҳофизаи қавӣ дармеёбем, ки бо меҳру ихлоси саршор аз рӯзгор ва осори ҳамзамонон қисса мегӯяд. Ӯ дар миёни фазоили инсонӣ ва эҷодиёти қаҳрамонони худ, зимни баёни воқеаҳои аҷиби хонданию шуниданӣ риштаҳои пайвандро падид меоварад ва хонандаро ноаён ба андешидан дар бораи маънои умр ва моҳияти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Барҳақ:
Ёд бод он кас, ки ёд аз дӯстдорон мекунад,
Он чӣ борон бо замини ташна кард, он мекунад.
Хидматҳои якумра ва бедареғи устоди зиндаёди мо – Ҷумъабой Азизқулов дар танвири афкори ҷомеа шохае аз ҳамин пайкорҳои пурбори маорифпарварӣ маҳсуб мешавад, ки сазовори ёдоварӣ, омӯзиш ва пайравист.
Носирҷон Салимӣ