Ринди дунёи ҳунар

 Ринди дунёи ҳунар

 Шӯхие дар шодбоди ҷашни устод

Мавлоно Тӯрахон Аҳмадхони Канд­гурдӣ аз шаҷараи Ҳоҷӣ Ҳусайни Канд­гурдӣ буда, навасаи 731-уми ин орифи маъруф маҳсуб мешавад. Устод Тӯрахон дар нимаи қарни ХХ ба ҷараёни ҷадиди адабӣ – «парешония», ки бо истилоҳи илмӣ «парешонизм» мегӯянд, асос гузошт. Ӯ дар роҳи эҷод риштаи ҳунар ва риштаи адабиётро ба ҳам гиреҳ баст ва муваффақ шуд. Асарҳои драмавии ӯ солҳост, ки дар саҳнаи театрҳои кишвар ва берун аз он, аксаран дар таҳияи худи муаллиф ё коргардонии шогирдонаш манзури ҳазорон тамошобин гардида­анд. Устод ҳамчун ҳунарпешаи соҳиби­стеъдоди театр ва синамо офарандаи даҳҳо нақши ҷолибу образҳои рангин мебошад. Ба ҳайси коргардон дар саҳ­наи Театри Лоҳутӣ ва бисёр театрҳои касбиву халқии кишвар даҳҳо намоиши зебову шавқангезро аз рӯи асарҳои драмнависони ҷаҳониву ватанӣ ва ни­гоштаҳои хомаи худ таҳия намудааст.

Осори парешонаш ва ҷараёни бунёдгузоштааш бо номи «парешония» дар назми муосири тоҷик ҷойгоҳи вежа дорад.

Наздики 70 сол аст, ки чакидаҳои хомаи устод Тӯрахон дар ҷараёни па­решон мебошад боиси хушҳоливу хан­даҳои ёрон… Чунки ӯ худ ҳаст як инсони намоён, бо накӯтарин хислатҳои шоён, тарбиятдидаи хонаи кӯдакон, қалбе до­рад пур аз армон, поку беғашу бекинаву шодон…

Ҳанӯз дар қарни 12-и он замон Умари Хайёми пурдон чунин фармуда буд дар ситоишу сифоти устод Тӯрахон:

Ин аст тариқи риндиву авбошӣ,
Гар даҳр пур аз бало бувад, хуш бошӣ.
Дар рӯзи хушӣ ҳама касон хуш бошанд,
Шарт аст, ки рӯзи нохушӣ хуш бошӣ!

Устод Тӯрахон – ин ринди олами ҳунар ва авбоши дунёи сухан дар ҳама ҳолат хуш аст, хушҳол аст, хушбин аст, хушхоҳ аст, хушдил аст, хушният аст, хушандом аст, хушнамо аст…

Устод басо марди шариф асту зариф, з-ин рӯ набвад ӯро рақибеву ҳариф.

Ба дараҷае (таъбири Тӯрахон) марди шӯху зиндадил, бекинаву беозор аст, ки ҳамагон дорандаш дӯст. Дар суҳбатҳои ӯ ҳамвора ханда асту фараҳ аст…

Бо хандонлабию тозарӯйӣ устод дар домани 90 мисли ҷавони 20-30 солаест, ки бо қомати баланду сарбаландӣ, бо як бонуи самарқандӣ ҳаст дар ҳоли ошиқиву саодатмандӣ. Бодо, ки ҳамеша чунин бодо!

Инҷониб охири солҳои 80-уми қарни гузашта ба осор-ул-парешонияи устод Тӯрахон як чашмандози мухтасаре карда, бо унвони «Каломи озоду гиро» тақризе нигошта ва чанде аз вежагиҳои ин ҷараёни куҳантарин ва дар айни ҳол навтаринро мавриди пажӯҳиш қарор дода будам.

Ҳоло дар мавриди чаро «куҳантарин» ва ҳамзамон чаро «навтарин» будани ин ҷараён ба баҳс меоғозем.

Устод Тӯрахон баъди омӯхтани таъриху тақдири парешони гузаштагон ва таҳсил дар пойтахти пурқудраттарин давлати ҷаҳон, боде дарандохт дар за­мину замон, к-аз он чанги болои сабки ниёкон, яъне «парешон-ул-ҷараён» рафт то бар кайҳон! Парешонизм боз чун озода ҷараён омад далерона ба майдон. Чаро мо асосан дар радифи «он» ме­кунем андеша баён? Чунки сарчашмаи тозаи ин ҷараён мебошад устод Тӯрахон! Ва ин ҷараён бо он ки мебошад озоду парешон, ба таҳриру муҳаррир надорад ниёз, зеро «Сирри дили тортанак чӣ до­над сӯзанак?..»

Ва устод дар мавриди эҷод дорад инчунин эрод:

«Минбаъд дар ҳаёти «эҷодиям» ин тарзи навишти ғайр-ул-қоидавии назму наср ва риоя нагаштани қавоиди маъму­лии назм аз ҷониби дӯстону ҳамкорон «Ҷараёни парешония» гирифт унвон. Ва ман бо ифтихор бонг задам:

Ҳар асар таҳрир дорад,
Таҳрир муҳаррир дорад.
Гуфтори ман бе таҳрир,
Бетаҳриру муҳаррир!

Ҳар чӣ ояд бар забон,
Менависам ман ҳамон.
Олам ҳама сап-сафед,
Дунё тамоман торик!…

Бояд тазаккур дод, ки аксар чаки­даҳои парешони хомаи устод Тӯрахон бо моҳияти мавзую мундариҷа (сужа)-и хеш шарҳиҳолӣ мебошанд.

Масалан, манзумаи «Замони кӯдакӣ» аз унвонаш пайдост, ки тасвири парешо­ни аҳди тифлии худи устод мебошад. «Замони кӯдакӣ» гӯё як достони нота­момест, ки ҳаёти душвору пурпечутоби муаллифро аз ҳавлии падарӣ, деҳа то хонаи кӯдакон ва аз он ҷо то Донишкадаи ҳунар дар шаҳри Маскав фаро гирифта­аст. Порае аз ӯ:

Дӯш бо дӯшизае дӯши ба дӯш,
Хостем, ки дароем бар яке «душ».
Лек соҳиби он «душ» будаст шуш,
Дум хода намудем чун мушу калламуш…
Сирри мардҳо пӯшида.

Зинҳор хонандаи азиз ин тамсилро ба хотири ҳифзи амнияти устод абёти шарҳиҳолӣ қабул нафармояд.

Ҳикояти «Гӯшвора» низ қиссаи шарҳиҳолӣ буда, бо лирикаи зебову парешон хонандаро ба аёми кӯдакиҳо ва ҳамзамон ба аҳди балоғату ошиқиҳои муаллиф мутассайир менамояд (ба сайр мебарад).

Дар ҷараёни «Парешония» устод равиши тозаеро касбу кашф кардааст, ки сатру абёти парешони худро бо як мисраи аз лиҳози вазну маънӣ комили шеъри нав ҷамъбаст менамояд, ки хо­нандаро беихтиёр болидахотир мегар­донад. Таваҷҷуҳ намоед ба ин шоҳидҳои маъноӣ:

Дил, нашав хиҷил,
Гузаштӣ аз чил.
Ман ба ин кафил,
Нашавӣ ту сил.
“Агар аз гиря кардан об мешуд дил,
                                                            дили ман буд”.

                     * * *

Дарун хунук,
Берун хунук,
Аз ин хунук
Гирифт зунук.
“Офтобо, бори дигар хонаро
                                                   пурнур кун”.

                    * * *

Дуруст будаст ин гуфтор,
Ки нағмаҳои баҳор
Мисли нози духтарон
Гаҳ офтобу гаҳ борон.
“Баҳори тавбашикан мерасад,
                                               чӣ чора кунам”.

Ин ҷараён бо мурури замон аз ҷониби муаллиф Тӯрахон шакли наве пайдо кар­да, ҳатто ба асарҳои саҳнавиаш низ роҳ меёбад осон. Мисоле аз намоишномаи «Чодари найранг»-ро менамоем баён:

«Ҳунарпеша Анис, ки аслан бо эшони масҷид шиносоӣ дорад, имрӯз тағйири сарулибос намуда, бо ришу мӯйлаби сохта ба пешвози эшон меояд:

Анис: – Эй мумаҳидди бисоти да­раҷоти шаръиёт ва эй мутайиди аркони интизоми муҳиммоти махлуқот.

Дидаам манзили муҳаббати туст,
Дил харидори ҷинси хидмати туст.

Хотири меҳркеши ман ҳама вақт чо­кари зархариди ҳазрати шумост. Маро имрӯз ба хидмати шумо руҷуъест. Ома­дам, ки хитоби ин муддаоро ба тавқеи вақеи таваҷҷуҳи шумо музайян созам.

Эшон: – Алайкум ассалом, бар ту, бар падарат ва бобоёнат, эй марди хушбахт. Хуш омадӣ, ба хона даро, даме баросой, қалёне бикаш ва қаҳва биошом.

Анис: – Айюҳалэшон, маро имрӯз шуғли кадхудоӣ монеъи қарору ором аст. Номзаде дорам дар хона нишаста ва имрӯз қамар дар аввали бурҷи мизон аст, ду соату нуҳ дақиқа, ки аз рӯз мегузарад, ин лаҳза ба ҷиҳати ақд мувофиқат дорад.

Эшон: – Бикушо, эй кушояндаи дарҳо! Меравем».

Дар маҷрои душвориву талотумҳои сангини дарёи рӯзгор, аз кӯдакӣ то ка­молоти умр устодро ҳамеша зиндадил, мардона, қавиирода, рӯҳбаланд ва дӯст­дори ҳаёту зандагӣ дармеёбем.

Хислату ормонҳо ва зиндагиномаи устод Тӯрахон барои имрӯзу фардо беҳтарин улгу, беҳтарин намунаи ибрат мебошад.

Ортиқ ҚОДИР

 

Пораҳо аз гуфтаҳои Тӯрахони Аҳмадхон

Хотироту хаёлҳои ширини кӯдакию наврасӣ чун тасмаи кино аз назар мегузаранд. Лентаи киноро бозпас монда, тамошо кардан мумкин аст, аммо наврасию ҷавониамонро баргардондан корест муҳол.

***

Илм омӯхтан ба кас мисли обу ҳаво зарур аст. Давлати мо ба рӯи фарзандон дарҳои донишро васеъ кушодааст. Бигузор ин дарҳо ҳамеша кушода ва ба мардум роҳатрасон бошанд.

***

Драма танҳо дар саҳна зиста ме­тавонад. Бе он вай мисли рӯҳест, ки тан надорад.

***

Шахсе, ки на барои театр, балки барои хондан менависад, вай дра­матург нест.

***

Аввалин намоише, ки ман дар саҳ­наи театри Лоҳутӣ ҳамчун коргардон гузоштам, «Олами пурасрор» буд, ки ба қалами худам тааллуқ дошта, нахустнамоиши он 9 майи соли 1968 баргузор гардид. Ҳамин тавр ман ба драматургия ворид шудам ва дар маҷмуъ қариб 50 асари драмавӣ навиштам.

***

Ман дар наврасиам китобхониро хеле дӯст медоштам. Шеърҳои шоирони классику муосирро ба зудӣ ҳифз мекардам. Бо аксари шоирони маъруфи тоҷик дӯстию ҳамкорӣ доштам ва ҳанӯз ҳам ин анъана идома дорад.

***

Ҳунар пирӣ надорад, ҷовидон аст. Кӣ мегӯяд, ки ман имрӯз ба 90 расидаам?! Шукр, ки ҳанӯз бардаму бақувватам, аз саҳна дил кандан наметавонам.

***

Донишҷӯӣ айёми тилоии умр аст. Аз он пурсамар истифода бояд бурд.

Дигар хабарҳо