РАҶАБ УБАЙД
УБАЙД РАҶАБ 15 майи соли 1932 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко гардида, соли 1954 бо дипломи аъло хатм кардааст. Сипас дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият доштааст.
Соли 1961, бо даъвати бевоситаи Мирзо Турсунзода, ба кори маҷаллаи «Садои Шарқ» гузаштааст. Аввал мудири шуъбаи танқиду адабиётшиносӣ, баъдан мудири шуъбаи назм, сипас и.в. котиби масъули он будааст. Дар анҷумани 6-уми нависандагони Тоҷикистон (1966), котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъин гардида, дар ин вазифа то моҳи майи соли 1979 иштиғол варзидааст.
Баъдан муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мушовири Иттифоқи нависандагон оид ба адабиёти кӯдакону наврасон будааст.
Асосан барои бачагону наврасон эҷод мекард. Муаллифи маҷмӯаҳои шеъри «Орзуҳои ширин» (1958), «Қиссаҳои модаркалон» (1958), «Ҳамсуҳбати ширинзабон» (1963), «Нинӣ чӣ ном дорад?» (1964), «Саду як барг» (1970), «Рӯи замин» (1974), «Хӯшаи гандум» (1978), «Ману ҷӯраҳои ман» (1981), «Як дона марворид» (1984), «Тирукамон дар рӯи бом» (1987), «Тӯшае аз ҳар гӯшае» (1988), Арчамайдон» (1989), «Модарам» (1989), «Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?» (1991), «Як лаълӣ марҷон» (ба форсӣ, 1993), «Себаки ғелон» (1997), «Нақши қалам» (2002), «Ҳадяи бобо» (2006), «Олуча – гули бодом» (2012) ва ғ. мебошад.
Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Пайраҳа» (1967), «Илҳом» (1972), «Нимарӯз» (1977), «Рози обшор» (1979), «Саррез» (1982) ва ғ. барои калонсолон офарида шудаанд.
Достонҳои «Шабчароғ»-у «Замин»-и ӯ дар мавзӯи тарбияи наврасон эҷод шудаанд.
Китобҳои алоҳидаи ашъори бачагонааш борҳо дар Маскав, Боку, Ашқобод, Ереван, Минск ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ чоп шудаанд.
Шеърҳои алоҳидааш ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума ва дар Эрону Афғонистон борҳо чоп шудаанд.
Шеъри «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме…», ки дар ҳимояи забони модарӣ нигошта шудааст, ба муаллифаш шуҳрати ҷаҳонӣ овард.
Осори даҳҳо адибони халқҳои бародарро ба тоҷикӣ гардондааст.
Дар таҳия ва нашри «Тазкираи адабиёти кӯдакони тоҷик» (дар панҷ ҷилд) ҳиссаи арзанда гузоштааст.
Бунёдгузори Конуни кӯдакони Тоҷикистон (1987-1990) буда, то охири умр сарварии онро бар уҳда доштааст.
Ба дарёфти Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1977), Диплом-мукофоти байналхалқии ба номи Ҳ.К. Андерсен (1983) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1987) мушарраф гардидааст.
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1982), Шоири халқии Тоҷикистон (1994).
Бо медалу ифтихорномаҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардидааст.
Аз соли 1962 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
11 августи соли 2004 аз олам даргузашт.