РАҲ­МОН АБДУСАТТОР

 РАҲ­МОН АБДУСАТТОР

АБДУСАТТОРИ РАҲ­МОН 16 январи соли 1955 дар деҳаи Хоҷабулоқи ҷамоати деҳоти Хоҷабулоқи ноҳияи Орҷиникидзобод (ҳозира Ваҳдат) таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи мактаби №43 шаҳри Ваҳдат мебошад. Соли 1977 факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро ба итмом расондааст. Фаъолияти омӯзгориро дар мактаби №25 шаҳри Ваҳдат оғоз намуда, солҳои зиёде ба шогирдон дарс гуфтааст. Дар айни замон котиби масъули маҷаллаи бонувон «Бахтофарони Ваҳдат» мебошад.

Шеърҳои аввалинаш, ки бештар мусаввири ҳаёти бачагонанд, аз миёнаи солҳои ҳафтодуми қарни гузашта дар дастраси хонандагон қарор гирифтаанд. Маҷмӯаи аввалини сурудаҳояш «Амак шудем» соли 1984 аз чоп баромадааст. Баъдан маҷмӯаҳои «Тағо ҷиян шуд» (1989), «Бибию бобои ман» (1989), «Шакаррез» (1992), «Балои ҷон» (Ваҳдат, 1993), «Чорбоғ» (2000), «Обрӯямро марез!» (2003), «Ман аз кӣ калон?» (2006), «Меҳрпайванд» (2008), «Тавба» (2009), «Пайки шодию алам» (2011) манзури хонандагон гардидаанд.

Мураттиби маҷмӯаҳои дастҷамъии «Ҳеҷ коре нест бе зан хуб шуд….» (2009) ва «Баёзи меҳр» (мақолаву шеърҳои ҳамқаламону дӯстон дар ситоиши Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ) мебошад.

Иддае аз шеърҳои Абдусаттори Раҳмон ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Соли 1987 бо нишони фахрии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Барандаи  ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2019).

Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо