РАҲМОНӢ ҲИДОЯТУЛЛО

 РАҲМОНӢ ҲИДОЯТУЛЛО

ҲИДОЯТУЛЛО РАҲ­МОНӢ 1 июни соли 1952 дар деҳаи Хоҷачилдиёри Поёни ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст. Таълимоти ибтидоӣ ва маълумоти ҳаштсоларо дар дабистони деҳа, маълумоти миёнаро дар дабистони рустои Тӯда гирифтааст. Солҳои 1970-1974 донишомӯзи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буда, солҳои 1974-1976 адои хидмати ҳарбӣ, солҳои 1976-2000 муаллимӣ кардааст. Аз соли 2000 раиси маҳфили «Истеъдод» ва бахши Ҳисории Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ мебошад.

Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Тӯмори ишқ», «Боз меояд баҳор…», «Модарнома», «Шоми ситорарез», «Чанори равшансоя», «Ғазал-шаҳд», «Закоти ҳусн» (1999), «Каманди ноз» (1999), «Шаби боронӣ» (2000), «Чакраборон» (2001), «Фарёди дил» (2001), «Шабоҳанг» (2002), «Шабнами оҳ» (2003), «Нома ба зан» (2003), «Барги андеша» (2004), «Сояи дарахти шаб» (2004) ба табъ расидаанд.

Муаллифи осори мансури «Ишқ ва туҳмат», «Дар суҳбати Ҳакималӣ Назаралӣ», «Дар суҳбати Суҳбатулло», «Як роҳ андеша» ва ғ. мебошад.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Ҳидоятулло Раҳмонӣ 27 декабри соли 2018 аз дунё чашм пӯшид.

Дигар хабарҳо