РАҲМАТЗОД БАҲРОМ

БАҲРОМИ РАҲМАТЗОД 3 апрели соли 1987 дар деҳаи Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд ёфта, дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии №11 таҳсил кардааст. Хатмкардаи факултаи забонҳои Шарқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст.
Аз солҳои мактабхонӣ шеър мегуфтааст. Шеърҳояш дар маҷаллаву рӯзномаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва маҷмӯаҳои «Муколамаи Хуршед» (2008) ва «Мусиқии атр» (2012) пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ шудаанд.
Дар соҳаи адабиётшиносӣ ҳам тавфиқ дошта, роҷеъ ба жанри соқинома ва таҳаввулу ташаккули он, махсусиятҳои эҷодиёти баъзе намояндагони сабки ҳиндӣ ва хусусиятҳои шеъри муосир мақолаҳо навиштааст, ки «Махсусиятҳои сабки ҳиндӣ дар соқиномаҳои садаи XVII» (дар маҷмӯаи мақолаҳои «Номаи ховаршиносон») ва «Назаре ба ғазалҳои Зуҳурии Туршезӣ» («дар Паёми Суғд») аз он ҷумлаанд.
Баъди иштирок дар машварати адибони ҷавони ҷумҳурӣ (2012) ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. Барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016).