• 08.06.2025

РАҲИМЗОД ҶАМШЕД

 РАҲИМЗОД ҶАМШЕД

 ҶАМШЕДИ РАҲИМЗОД 10 майи соли 1970 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Аз даврони мактабхонӣ ба шеърофаринӣ пардохтааст. Соҳиби маҷмӯаҳои ашъори «Ҷоми ашки Ҷамшед», «Ҷоми сухан», «Лоиқнома» ва «Аҳмад Зоҳирнома» мебошад.

Барои китоби «Лоиқнома» сазовори Ҷоизаи ба номи Лоиқ Шералӣ «Падида» гардидааст.

Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

7 феврали соли 2014, баъди бемории вазнин, дар сини 44-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт.

Дигар хабарҳо