РАФТАСТУ МЕОЯД…
Низом Қосим
Устод Бозор Собир гӯё аслан дар дунёе бо номи Шеър таваллуд шуда буд ва батадриҷу табиӣ дар он бузург мешуду камол меёфт.
Пайваста асрори сухан меҷуст ва суханро паҳлӯ мегардонд, то бозтоби тозаашро дарёбад. Аз куҳнагӯиву куҳнагароиҳо азалан ва амалан дилгир буд.
Дар дасти шоирии ӯ ибора ба ишора табдил мешуду ҳарф ба барф; ӯ намегуфт, ӯ меофариду офаридаҳояш зиндаву палмосиданӣ пеши назарҳо намоён мешуд. Мисраъҳояш роҳҳое буданд сӯи маънии баланду тасвироти дилписанд ва байтҳояш воқеан байт буданд — яъне, сарпаноҳи маромҳо, ормонҳо, санъатҳо, тасвирҳо, маъниҳо.
Пеши чашми дилаш сухани гуфтаниву шуниданӣ бо ҳазорон рӯй ҷилва мекард ва ӯро дар мавқеи собиту устувори якрӯияш барқарортар месохт.
Калимае, иборате, мисрае зебову барҷо кофӣ буд, ки фориғ аз савдову ғавғои дунё соатҳо сармаст дар дунёи хаёл бигардад.
Аз ҷилои дигар ахтарони осмони ҳунар лаззат мебурд, аз шароби нури ситораҳои тобнок сармаст мешуд, вале дилаш пайваста наҷми тозае, ноошное, мунаввартаре… мехост дар он бекарон.
Ӯ натанҳо роҳҳои сумзада, балки бероҳаҳоеро ҳам, ки нақши хираи пое доштанд, як сӯ мегузошту пайи ҷустуҷӯ бо бероҳаҳои пуразоби сухан мерафт, ҳамвора роҳи нопаймудае мекофт ва ҳатман меёфт. Дар ин роҳи осоннамои мушкилпаймо бешитобу боазоб мерафту сатрҳояшро гӯё бо қалам на, бо қалампои пурпинаи хеш менавишт.
«Ҳар сатри дафтари ман чун мӯр меравад роҳ…», ки гуфтааст, лутфи шоиронаву суханбозии моҳирона нест, асли самимияту ҳақиқат аст. Агар ҳамаи сурудаҳояшробаҳам биёварем, китобе беш намешавад. Вале чӣ китобе! Чунон ки унвони асарҳои бузурги адабиёт – қисса, достон, румон, манзума… дар ёдҳо мемонад, номи аксари шеърҳои ӯ низ дар хотирҳост, хонандаи дилсофу хушзавқ аз ҳар кадоме чун аз асарҳои бузургҳаҷми адабиёт, чун аз падидаи ҳунари баланд ёд меоварад.
Устод, бо ҳама он печидагиҳои сарнавишту саргузашт ва тундравиҳои рӯзгору осор, фақат бо тавъамии гуфтору рафтори шоиронааш Шоир-Шахсият мондааст. Яъне, дар ашъораш ҳамонест, ки дар рӯзгораш буд.
Баданам аз қаламам нест ҷудо,
Нафасам аз қаламам нест ҷудо,
Панҷ хаввоси танам аз қаламам нест ҷудо…
Кист, ки шоирашро медонаду ба ин шеър шак дорад?
Бале, ӯ дигар хел буда наметавонист. Агар буда метавонист, чунин Шоир намешуд. Ва инро барвақт ҳис кардаву пешгӯӣ намуда буд:
Розиам ман,
Бо гуноҳи шоирӣ дар чоҳу зиндонам кунанд,
Чун ҳилолӣ шеър дар лаб сангборонам кунанд…
Гар хато бошад, гаравгонаш сарам,
Дар баҳои сар намедонам хатои дигарам…
Ягон муҳит устодро ҳамгунаи худ сохта натавонист. Дар ҳаёт ва бахусус дар эҷодиёт ҳаргиз ба сохтакориву рӯбинӣ нагаравид. Ҳунари асилаш дар муҳитҳои асолатнопарвари адабӣ ҳам торафт комилтар, нозуктар, расотар ва шахсияташ баркамолтар мешуд.
Хидматаш дар адабиёт натанҳо он аст, ки худ шеъри ноб гуфту тавассути ҳунари беназири тасвир ва заҳмати ҷонфарсои таҳрир шеъри нобро роиҷ кард, балки он низ ҳаст, ки як насли нави шоирони ҳамгунаи хеш- ҷӯяндаву ёбандаву ноқонеъ аз хешро ба арсаи эҷод овард. Ифтихориву саризабонӣ не, воқеан устод буд, навроҳони адабиётро собирона, ҳарф-ҳарфу калима-калима асрори сухан меомӯхт, аз ҳар сатри муваффақашон самимона шод мешуду ҳар беҳавсалагиашонро бераҳмона саркӯб менамуд. Шеър буду шудаш буд ва дар мавриди он ҳаргиз гузашт намекард. Сурудаи хуб, аз касе, ки бошад, ба истиқболи гарм ва баракси он ба танқиди беамонаш дучор мешуд.
Хуш он замоне, ки Иттифоқи нависандагон маъбадеро мемонд ва ҳар касе ҷуръат намекард по бар ин остони баланд бигзорад! Хуш он замоне, ки рӯзе даҳҳо ҷавоншоирон назди ин даргоҳи муқаддас пири маънавии хеш – Бозор Собири умрбод ҷавондилу ҷавонҳунарро мепоиданд ва бо пайдоиши ӯ аз ғалаёни ҳаяҷон дар худ метапиданд! Чӣ ҷои ҷавонон, ки соҳибному соҳибмақомон низ пеши ҳузуру ҳайбати шоириаш дар худ фурӯ мерафтанд…
Дар дами сели сангини ҳазёнашъор, ки маҷрои адабиётро пур карда буд, шеърполаки бузургу беназиреро мемонд, вақту қувваташро бедареғ сарфи мутолиаву таҳлили маҷмӯаҳои бешумору бузургҳаҷми шоирони ҷавону пир мекард ва аз ҳазорон шеър гулчинҳои кӯчакеро ба чоп тавсия менамуд. Бисёр ҷузвдонҳоро мехонду намедонист, ки соҳибонаш кистанд ва бисёр воқеъ шуда, ки ашъори писандидаеро, бе он ки шоирашро биёбаду бишносад, бо тавсияву сарсухани самимӣ ба рӯзномаву маҷаллаву нашриёт ҳидоят кардааст.
Умри мушкил, вале пурифтихору пурмаъние ба сар бурд, ки камшоиронромуяссар шудааст. Зиндагиашро саропо шеър кард ва оқибат худ Шеъре ҷовидона шуд…
Кӣ намехоҳад, ки рӯзе не агар, як соате
ҳамчу шоир зиндагонӣ карда, мирад шоире?
Шоҳкоре не агар, байте бимонад ёдбуд
Дар забони миллати худ…
Дар шабҳои шеъраштолорҳо лабрез аз мухлисон мешуду тӯли ду-се соати шеърхониаш хомӯшии тамом ҳукм меронд! Каме аз шоирону ровиёни замон шеърро мислаш хондаву ба дилҳо расонда метавонистанд; ҳар базмаш ба як сабақи бузурги шеърдониву шеършиносӣ, сипоси халқу диёр, гиромидоштитаърих, забон ва суннатҳои миллӣ табдил меёфт, ба афкори ҷомеаву шеъри муосир таконе медод. Чунки шеърашпайваста ба лафзу маънӣ тоза, ба марому ҳадаф пуровоза ва бисёртоҷикона, яъне, чун тинати ин халқ басо содаву самимӣва батамом аз муҳити тоҷикӣ бархоставу бо имтиёзҳои рӯзгору афкори тоҷикӣ пероста буд. Бисёр образҳо, тасвирҳо, ташбеҳу талмеҳоти ӯро маҳз тоҷик метавонад то фишурда гаштани дилу пуроб шудани чашм дарк бикунад, зеро ҳама аз зиндагии ӯст, хоси ҳаёти ӯст, аз дарку эҳсоси ӯст, пайванди шууру тафаккури ӯст.
Шеъри устод шеъри истиқлолхоҳ ва истиқлолхоҳист, чунки шоираш дар ҳар мавриде сарозоду вораста будааст. Баъди осори устод Айнӣ маҳз шеъри ӯ ва чанд шоири айнимарому айникалом буд, ки мардуми моро ба худшиносиву худогоҳии бештаре хонд, сафҳаҳои ҳассоси ғаму шодии халқамонро пеши назарҳо муҷассам намуд, ғуруру ифтихори миллӣ ёд дод. ҳазорон ёду хотираҳо шоҳиданд, ки дар ҳама ҷои Тоҷикистон ва қаламрави бузурги забонамон чӣ гуна гарму самимӣ истиқболаш мекарданд!
Бо амри тақдир дунёро дид устод, вале фирефтаи ҷилоҳои арзони ин ҷову он ҷо нашуд. ҳамеша Ватанро суруд, хоку афлок, лаълу санг, гулу гиёҳ, сағиру кабир, расму оин, дирӯзу имрӯзуТоҷикистонро шеъри дилрасу монданӣ кард.Солҳои дуриаш аз Ватан ҳам пайваста ашъори ба мардум наздик гуфт ва пиру ҷавонро ба миллати рӯ ба озодиву давлати даст ба ободӣ, ба садоқату самимияти ватандорӣ қарибтару қаринтар намуд.Шоири Тоҷикистон буд ӯ, шоири тоҷикон буд ва, то ин забони шеъру ин макони шоирона боқист, ҳамчунон ҳасту ҳамчунон хоҳад монд.
Бисёр сафар мекард ва ҳар бор Ватанро бо ҳама ғаму шодиаш дар дили хеш мебурду худро бо ёду хотираҳои ширини шахсияту эҷодаш дар Ватану бо ҳамватанон мемонд. Ин бор ҳам чунин аст – бо мост ӯ, чун дарку эҳсоси зебо бо мост, чун андешаву афкори воло бо мост, чун меҳри сӯзони ин кишвари арҷманду ин миллати сарбаланд бо мост. Агар рафтааст, аз пайи шеъри нав рафтааст, барои дарёфти маънии тоза рафтааст, ба суроғи сайқали завқу таҳкими рӯҳу равони мо рафтааст…
Равони роҳи маънӣ бар сафар рафтасту меояд,
Бачашми дил зи дунёи назар рафтасту меояд.
Ҳамора дилгазон аз куҳнагӯӣ, куҳнароҳиҳо,
Раҳи нав ҷуста, бо роҳи дигар рафтасту меояд.
Чу илҳоми дилоро омаду рафт эй басо, акнун
Ба дӯшаш бори осору асар рафтасту меояд.
Зи Турсунзодаву Айнӣ суханҳо гуфт ҷовидон,
Ба ҷовидони мардони ҳунар рафтасту меояд.
Баҳорон асту сӯи пуштаҳои сабзи Файзобод
Хабаргирии лахтони ҷигар рафтасту меояд.
Ҳама розу ниёзи модари дилхастаи худро
Шунида аз лаби гӯёи ҷар рафтасту меояд.
Зи дунболи бародарҳои хору зори бемораш
Савори аспи армони падар рафтасту меояд.
Даре то боз бинмояд ба сӯи умри ҷовидон,
Ба азми даркушоӣ пушти дар рафтасту меояд.
Зи дунё собирона ганҷу колои сухан андӯхт,
Бигӯ бо худ: «Ба бозори ҳунар рафтасту меояд!»
Ҳазорон ашки мо аз чашми мо рафту наомад боз,
Магар ин ашки пок аз чашми тар рафтасту меояд.
Ба ёдаш ғарқаи гул саҳнаҳои хотироти мо,
Ҳамон сон гулбашеъру гулбасар рафтасту меояд.
Тасалло дода худро, ҳар дилу ҳар чашми тар гӯяд:
Ба кашфи Амрикои шеъри тар рафтасту меояд…