Равшанзамири камназир. Ёде аз ус­тоди зиндаёд Муҳиддин Хоҷазод

 Равшанзамири камназир. Ёде аз ус­тоди зиндаёд Муҳиддин Хоҷазод

Бисёр хондааму шунидаам на­виштаву гуфтаҳои шогирдону устодон­ро дар ситоиши ҳамдигар. Ва аксари ин таснифот аз дидору мулоқоти на­хустин, сабабу мақсад, дар куҷо, чӣ тавр сурат гирифтани онҳо оғоз мегар­данду идома меёбанд. Баъзан дидору мулоқотҳо тасодуфӣ рӯй дода бошанд ҳам, самимона анҷом мепазиранду хотирмон мемонанд. Вале ҳарчанд биандешам, дидори аввалинро бо ус­тоди зиндаёд Муҳиддин Хоҷазод дар ёд надорам.

Дар бораи устоди зиндаёд, ниҳоят масъулиятшинос, ба кору муносибат воқеан ҳам ҷиддирафтор, сахтгиру раҳмдил, нозукбину дурандеш, хи­радманду ибратбахш, миллатдӯсту ватанпарвар, Нависандаи халқии Тоҷи­кистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон ва соҳиби дигар мукофоту унвонҳои иф­тихорӣ Муҳиддин Хоҷазод намедонам суханро аз чӣ оғоз намоям.

Мехоҳам дар ин матлаби хеш оид ба паҳлуҳои на ба ҳама аёни ҳаёту зиндагии устод, ёддошту хотираҳо аз вохӯрию мулоқотҳо бо эшон ва таассу­роти шахсиам нисбаташон иншо намо­ям. Соли 1998 ба муносибати шастсо­лагии рӯзи мавлуди устоди гиромӣ бо унвони «Нависандаи саҳнаҳои бунёд­корӣ» меҳрномае бо сураташон дар нашрияи бонуфузи давр «Садои мар­дум» чоп карданд. Он замон устод бо ҷурми нобасомониҳои вазъи иҷтимоӣ ва бенизомиҳо аз Душанбе ба Хуҷанд кӯчида буданд. Баъд устод ба идораи рӯзнома занг зада, самимона арзи си­пос намудаанд, аз ҷумла ба муаллифи меҳрнома – банда ҳам. Фаҳмидам, ки воқеан ҳам он замон мо – хурду калон, беш аз ҳама ба шафқату меҳрубонию лутфу карами ҳамдигар ниёз дошта будаему зинда мондаем. Матлабро хондам. Ин чоряк аср пеш буду он вақт устод дар қайди ҳаёт. Шояд эшон аз хондани он нафасе осуда, руҳбаланд ва шод гардида бошанд. Ба ифодаи Ҳабибулло Файзулло:

Афсус, гаҳе зиндабузургон  нашиносем,
Он вақт шиносем, ки пурсанд: куҷо шуд?

Ба гузаштаи наздик менигараму ба андеша меравам, ки солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ як зумра адибо­ну олимони мо (руҳашон шод бод), аз ҷумла Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Раҷаб Амонов, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Воҳид Асрорӣ, Ҳоҷӣ Содиқ ва дигарон “бо шамшеру бо қалам” алайҳи душманони инсони­ят ҷангида бошанд, 4 нафари аввалӣ дар лаб сухану дар даст шамшер дар набардҳои хунин барои озодии Ватану мардум ҷон нисор кардаву шаҳид шу­даанд. Устоди мо Муҳиддин Хоҷазод шояд ягона тоҷикбачае буданд, ки аз хурдию наврасӣ (аз замони мавлуда­шон соли 1938) бӯи боруту ғулғулаи тиру туфанги ҷангро дар деҳаи Николо-Александровскии кишвари Ставропол шамидаю шунида, зиёда аз ним сол бо аҳли байташон нони талху оби шӯри асириро аз дасти фашистон хӯрдаю нӯшидаанд. «Гуноҳ» сари он буд, ки қиблагоҳашон – Олимхон Махдуми Хуҷандиро, бинобар мудири мадрасаи Ҳазрати Бобо буданаш, соли 1930 ба Қафқози Шимолӣ бадарға кардаанду тифли бегуноҳ дар диёри бегона ба олам омада буд.

Аз ёдкардаҳои устод дар хотирам мондааст, ки мегуфтанд: – Хурд будам, вале тарсу ваҳми ҷангро баробари ка­лонсолон ҳис мекардам. Макони зисти мо ҳам ҷабҳаи ҳарбу зарб (фронт)-ро мемонду ҳам ақибгоҳи пурташвишу пур аз таҳлукаро. Мардумро тарсу ваҳм зер карда буд. На замин сокит монда буду на фазо. Албатта, вақте фашисти зиндаро болои сарат мебинӣ ва ҳарчи хоҳанд, нисбатат раво мебинанд, ме­фаҳмӣ, ки назди ӯ ҳеҷ арзише надорӣ, аз хешу зиндагӣ ҳам даст мешӯӣ…

Хушбахтона, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) бо ғалабаи халқи Иттиҳоди Шуравӣ анҷом ёфт ва баъди чоряк аср бо тақозои давру аз рӯи зарурат устоди азизи мо Муҳиддин Хоҷазод айнан ми­сли адибону олимони болозикри замо­ни ҷанг қаламро як давраи муайяне бо шамшери меҳнати созандаю бунёдгар иваз намуданд. Ин иқдом падидаи наве дар доираи адабии ондавра ба ҳисоб мерафт. Ва бинобар он ки устод Мирзо Турсунзода чунин масъулияти баланди касбию инсониро бар дӯши эшон вогузор намудаанд, ҳар касе набошад, албатта сазовори шарафу ифтихор мегардад. Аз чунин боварӣ ва қадршиносии як шахсияти оламписанд ҳар кас ифтихор мекунад.

Адиби ҷавон ҳам бо қаламу ҳам бо олати меҳнат як давраи муайяне фаъо­лият доштаанд. Мо, соликони роҳу пайроҳаҷӯи адабиёт, лавҳа, очерку ҳикояҳои ҷолиби устодро, ки қаҳрамо­ну мухотабашон бинокорони НБО-и «Норак» буданд, пайваста аз матбуоти даврӣ мехондему шодӣ мекардем ва дигаронро ҳам ҳидоят менамудем, то бихонанд. Баъдтар романи машҳури устод «Об–рӯшноӣ» (с.1976), ки ба созандагони иншооти азими асри ХХ бахшида шуда, ҳанӯз ҳам дар нақди адабиёти муосир дар радифи асарҳои беҳтарин зикр меёбад, ҳамчун ҳосили меҳнати ҷисмонию фикрии нависандаи заҳматпеша ба дасти хонанда расид. Романи мазкур соли 1981 бо номҳои «Вода–свет» дар Москва, «Что было, то было» соли 1983 бо украинӣ дар Киев чоп шуда, мавқеи адабиёти тоҷик ва муаллифро дар фазои адабии Ит­тиҳоди Шуравӣ хеле баланд бардошт.

Мавзуъ, масъалаҳои бунёди неру­гоҳҳои барқи обӣ, истифодаи мақсад­ноки захираҳои оби кишвар ва таҷдиди иншоотҳои энергетикӣ дар асарҳои баъдии устод «Нанг ва номус», «Роҳи Роғун дигар аст», «Кӯҳ бе варта нест» ва дигар мақолаҳои публитсистиашон низ баён гардида, нуқтаи марказии андешаву эҷодиёти эшонро фаро мегиранд. Чаро ин мавзуъ ва масъ­алаҳо маҳаки эҷоди устод буданд? Тақозои замон буд, ки адибон ҳам рӯ ба масоили иҷтимоӣ биоранд ва иншои романҳои истеҳсолӣ дар сиёсати дав­лату адабиёт мавзуи аввалиндараҷа маҳсуб мешуд. Боре аз устод чунин гуфтаҳоро шунида будам: – Бояд аз он шукргузор бошем, ки табиат ба мо за­хираҳои фаровону номаҳдуди энергия додааст, вале истифодаи самараноки онҳо ба хираду дониши ҳар кадоми мо вобаста. Роҳбарони давлат ҳам дар ҳамин андешаанд. Кишварҳое, ки бо нафту газашон меболанд, захираҳо­яшон маҳдуданд. Ояндаашон торик аст. Заводи алюминий барои он дар Тоҷикистон сохта шуд, ки захираҳои фаровони ашёи хом ва гидроэнергети­кӣ дорем. Бунёди иншооти энергетикӣ барои кишвари мо сарчашмаи асосии рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт аст.

Ин нуктаи муҳим ва ҳадафи асосӣ дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (аз 28.12.2023) ҳам дақиқан чунин омадааст: «Ҳукумати мамлакат, бо назардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва соди­роти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст… Ман ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан ба Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат карда, ба ит­тилои онҳо мерасонам, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” соли 2037 воқеан ба “кишвари сабз” табдил меёбад…».

Рисолати нависанда аз он иборат аст, ки ба ин дастуру ҳидоятҳо пи­роҳани бадеӣ пӯшонида, барои амалӣ гардиданашон ба мардум руҳу илҳом бахшад. Агар ба эҷодиёти устод дар давоми сӣ соли истиқлол назар афка­нем, дар ро­манҳои иҷти­моии эшон бунёди неру­гоҳҳои барқи обӣ, истифо­даи самара­ноки об, бод, дигар захираҳои табиию муҳити зист ва иқлим ҳада­фи асосии муалли­фанд, ки имрӯз ба­рои ҳаллашон дар кишвари соҳиби­стиқлоламон сох­торҳои марбутаи давлату ҳукумат ва институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғу­ланд.

…Чеҳраи ганду­мии устодро қариб ҳамеша мағмум медидам ва ба дил мегуфтам, ки осори маҳзунию ғаманге­зии ҷанги хонумон­сӯз ҳанӯз ҳам вуҷу­ди озурдаи эшонро тарк накардааст. Вале хайрият, дидам он лаҳзаеро, ки устод мисли гулдастаи тару тоза барг-барг мешукуфтанд, мисли садбарги тару тоза аз тулуи хур­шеди саҳарӣ ранг-ранг ҷило медоданд ва чун марди ғолиби майдон қомат ме­афрохтанду аз дидагонашон ба мисли кӯдак ашки шодӣ мерезонданд. Ин лаҳ­за зимни вохӯрию мулоқоти мардуми ноҳияи Восеъ тирамоҳи соли 1997 ба муносибати панҷоҳсолагии нависандаи хушбаёну дилписанди мо устод ва ба­родарам Абдулҳамид Самад рух дода буд. (Мавсуф Муҳиддин Хоҷазодро ҳам устоди хеш эътироф мекунанд). Дар рафти ҷамъомади тантанавӣ садри маърака изҳор намуданд, ки дар ин маҳфил баробари адибону ҳунарпе­шагони маъруфи тоҷик, шахсиятҳои шинохта, хушбахтона, нависандае ҳам ҳузур доранд, ки неруи ҷавонию фитриашонро солҳои ҳафтодум ба сох­тмони Неругоҳи барқи обии «Норак» бахшидааанд. Неругоҳе, ки имрӯз ба хонадони ҳар кадоми мову шумо нуру гармӣ ва зиндагӣ мебахшад. Он кас рӯзҳои гарму сард дар даст белу кур­чакбел, лому зоғнӯл бетон шӯридаанду шабҳои дароз қалам ба даст тарки хобу хӯр намуда, таассуроту мушоҳидаҳои рӯзонаашонро рӯи саҳфа оварда, қаҳрамонҳои замон ва адабиёт офа­ридаанд. Ана ба ҳамин минвол, баъди заҳматҳои зиёди рӯзонаю шабона дар бораи корнамоӣ, бунёдкорию созанда­гии бинокорони НБО-и «Норак» романи ҳаётию хондание навиштаанд…

Ин лаҳза шунидани ному насаба­шон барои устоди зиндаёд тамоман ғайричашмдошт буд, бо шунидани ин суханон мардуми толор дар ҳавои қарсаку кафкӯбиҳо ба по хестанд ва гарму самимона нависандаи воқеан маъруфро ба саҳна хонданд. Ана ҳа­мон лаҳзаеро, ки дар боло тасвираш кардем, дар симои устод, дар пайкари нафиси устод бармало намоён буд. Ашки шодиашонро ҳеҷ дошта намета­вонистанд, ҳар замон рухсораву айнаки оинааш компасмонандро бо рӯймолча пок карда, ба чашм мемонданду сӯи мардум самимона таъзим мекарданду мегуфтанд: «Ташаккур, ҳазорон бор раҳмат шумоҳонба, халқи бузургворам, кифоя, кифоя…», вале баракс кафкӯ­биҳои гарму самимонаи мардум авҷи нав мегирифтанд. Ҳис мекардам, ки дар фазои кафкӯбиҳои гарму ҷӯшони хонандагону ҳаводоронашон устоди зиндаёд Муҳиддин Хоҷазод болу пар бароварда, парвоз мекарданд, боз қуллаҳои нав ба нави эҷодиро фатҳ кардан мехостанд, чеҳраи гандуми­ашон дар рӯ ба рӯи нигоҳҳои гарму самимонаи эътиқотмандону мухлисо­нашон мешукуфт… Банда ҳам чунин ҳолатро бори аввал медидаму шодӣ мекардам ва гулдастаҳои бағалашонро гирифта, ба минбари маҳфил ҳидоят менамудам… Баъд мавридашро ёфта, сабаби ашк рехтанашонро аз устод пурсон шудам.

– Бароям ҳамааш нохост рӯй дод он лаҳза, ғайричашмдошт буд, шо­гирд. Барои ҳамин худро тамоман гум кардам. Охир, мо барои эҳтироми бародари ҳамқаламамон Абдулҳамид омада будем. Хато накунам, чунин ҳолат, чунин қадрдонии самимонаро бори аввал медидам. Ин қадар нави­санда барои мардум арҷманд будааст. Шабу рӯз эҷод кунем ҳам, мо назди хонанда қарздор, – гӯён айнакашонро гирифта, чашмони ғарқи ашкашонро бо рӯймолча пок карда, – ин ашки алам не, хушбахтона, ашки қалами омехта бо ашки шодӣ аст – гуфта, фаҳмондаанд устод. Дар қаъри чашмонашон он лаҳ­заҳо дарду кулфати ғарибӣ, ғаму ғусса, шодию нишоти зиндагӣ, нокомиҳои ҳаёт падиду нопадид мегаштаанд… Солҳо, солҳои пур аз ташвишу ҳарос, сарсонию ноумедиҳо дар чашмон ва симои устод асари мағмуми худро боқӣ гузошта буданд.

Каминаро бо устоди зиндаёд Муҳиддин Хоҷазод шавқу завқи на­висандагӣ, ки дар ниҳодам каму беш хурӯҷ мекард, бо ҳам пайваст. Ҳикояам «Бачаи хом» ном дошт. Дар шуъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» қалами устодон Саттор Турсун ва Абдулҳамид Самадро «хӯрда», аз устод Муҳиддин Хоҷазодро (муовини сармуҳаррир бу­данд) «хӯрда», пухтатар шуда буд «Ба­чаи хом» ва соли 1979 дар маҷаллаи мазкур бо номи «Бача, ки калон шуд» чоп гардид. Лекин то чоп шудани он…

Бо ҳидояти устод Саттор Турсун – «ҳамчун муаллиф шинос шудан хуб аст» ҷуръат пайдо карда наздашон рафтам. Борҳо вохӯрда будам бо устод, лекин маро намедонистанд. Устод машғули таҳрири кадом матлабе буданд. Маро дидан замон саросема хеста, чунон мурооту пазироӣ карданд, ки шармам омад. Нигоҳҳои саволбо­рашро пай бурда, «Ман, ман… «Бачаи хом»… – гӯён хомӯш мондам.

–Ҳ-м-м, – табассуми зебое карда, – «Бачаи хом» нағз, бисёр нағз, хондаам ҳикояро. Дар хотирам мондааст, ҳа­минаш муваффақияти муаллиф, – ана ёфтам – гӯён чанд варақи мошинна­висро аз бурҷи мизи кориашон гириф­та, – лекин бачаи хом пухта нашудааст, шогирд, – гуфтанд.

Лол монда будам, мисли сомеи таш­наи ҳикмату насиҳат ба рӯи нурбори устод нигарон, мехостам тамоми ҳусну қубҳи муаллифу қаҳрамони ҳикояро ошкоро бигӯянд.

– Дар ҳикоя амали персонажҳо ҳаст, забони онҳо бад нест, ба ҳама фаҳмост, лекин барои хонанда то охир қаҳрамони он бачаи хом мемонад. Гуфтам-ку, бачаи хом пухта нашудааст.

Аз рӯи тавсияву маслиҳатҳои устод «Бачаи хом»-ро чоруму панҷуму ша­шум бор таҳрир кардаву такмил додам. Бовар доштам, ки акнун аз имтиҳони устод мегузарам.

– Ба дараҷае мазмуну ҳадаф талаб мекунанд, ҳикоя анҷом наёфтааст. Қаҳрамони он – муаллими Раҳимҷонро пухта кардан лозим, – ҷиддӣ хулоса бароварданд устод.

– Ҳафт бор чен бикуну як бор бибур, мегӯянд рафиқони рус, умед аст, ки ба мақсад мерасӣ, – дилбардорӣ карданд устод Саттор Турсун.

Дар таҳрири ҳафтум ҳикоя бо ҷум­лаи зерин хотима ёфт: «Бача, ки калон шуд, фарзанди ҳама мешавад!».

– Дар гуфтори мардуми Кӯлоб ин мақол аст ё зарбулмасал? – ҳикояро то охир хонда, пурсиданд устод Муҳиддин Хоҷазод.

– Намедонам, устод, ин сухани бобои Ҳалим (падари Раҳимҷон) аст.

– Анҷоми хуб ёфтаед, шогирд, акнун бачаи хом пухта шуд. Воқеан, бача, ки калон шуд, масъулияташ аз доираи оилаву хонаводааш мебарояд, фарзанди маҳалу деҳа, ватану миллат мешавад.

Баъди чопи ҳикоя дар симои зиндаёд Муҳиддин Хоҷазод устоди сахтгиру серталаб, ғамхору дилсӯзи адибони ҷавон, инсони ҳалиму бо­тамкин, дурандешу соҳибмаърифатро медидам. Фаҳмидам, ки ҳамаи он там­кину таҳаммул, мулоҳиза, истодагарӣ, устуворӣ ва ҷиддияту масъулиятши­носӣ барои навниҳолони боғи адабиёт имтиҳоне будаанд, то ки ба даргоҳи адаб тасодуфиҳо роҳ наёбанд. Дар ин ҷодаи муқаддас худро шогирд ва пайрави устодон Пӯлод Толис ва Фаз­лиддин Муҳаммадиев медонистанд. Банда устодон Муҳиддин Хоҷазод, Сат­тор Турсун ва Абдулҳамид Самадро мураббии хеш медонам.

Қиссаву романҳои нави устод ва дигар раҳоварду очеркҳои рӯзмара­ашонро мехондаму паҳлуҳои нав ба нави зиндагиномаи эшон, қисмати талхи ба сари аҳли байташон омада, ҳаёти вазнину кулфатҳои сангини дар бадарға гузаронидаашон бароям рав­шантар мешуданд. Ҳатто дар Норак ҳам вақти бетонрези сохтмони ГЭС буданашон мухотаби баъзе кӯрдилон ҳам шуда буданд устод.

– Вақти коргари сохтмон буданам ҳолатҳое мешуд, ки моро гоҳе бо дастаи кории маҳбусони колонияи ис­лоҳотӣ (низомаш умумӣ) барои иҷрои корҳои фаврӣ якҷоя сафарбар мена­муданд, – ёдовар шуда буданд устод. – Нозири тартибот (зоҳиран шинос будем, ҳамзамон ӯ дар факултети ҳуқуқшиносӣ мехонду камина дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон) маро дида, шинохту баъд нишони тиру теғи ни­гоҳаш шуда мондам. Вай дар майдо­ни меҳнату гаштугузор мушоҳидакор буд. Пай бурдам, ки бандаро маҳбус пиндоштааст. Ниҳоят вақти чошт дар ошхона, ки рӯи як миз хӯрок мехӯрдем (вай қасдан назди ман омада буд), зери чашм маро песонда пурсид:

– Бо кадом модда? Таҷовуз ба номус?!

–…Ҳа-а, не, – баъдтар фаҳмидам мақсадашро, – дар тақдирамон буда­аст, бародар, бо як нозанин дар охир миҷозҳоямон мувофиқ наомаданд, баъд партофтамашу пинҳон шудан хоста, ин ҷо пулкоркунӣ омадам…

– Яъне боз нозанини дигареро сиёҳ­бахт карданиӣ?!

– Инашро Худо медонад, банда оҷизу бечора аст…

Баъди ин гуфтугузор «подшоҳи олам, дуздро қапидам» гуфтагӣ барин он нозири тартибот-ҳуқуқшинос аз паси банда хеле маълумот ҷамъ карда, бе­чора то маъмурияти сохтмон баромада пешниҳод кардааст. «Ба он кас кор нагиру худатро эҳтиёт бикун, ки боз дар бало намонӣ, вай одами СК» – таъкиду хотиррасон кардаанд ӯро.

Дар суҳбат бо адабиётшиноси маъруф Абдурраҳмони Абдуманнон аз устод ёдовар шудам. Сар ҷунбон­да, хандида гуфтанд: – Руҳашон шоду ҷояшон ҷаннат, устодро “махдум” мегуфтем ва ҳар гоҳе номи эшонро мешунавам, як сафари таърихиамон ба Тошканд пеши рӯ меояд. Соли 1984 дар он ҷо ба муносибати 50-солагии Иттифоқи нависандагони СССР ҳамои­ши илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Бозор Собир, Гулназар, Муҳиддин Хоҷазод ва камина Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар ин ҷамъомад на­мояндагӣ мекардем. Дар фурудгоҳи Тошканд моро хуш пазироӣ намуданд. Муаррифии ҳайат ба зиммаи банда вогузор шуда буд. Вақте ному насаби устодро гирифтам, бо як овоз “Знаем, знаем, автор романа “Вода-свет” гӯён изҳори хурсандӣ намуданд ва мо ҳам албатта шод гардидем. Баъди чора­биниҳои расмӣ рафиқони ӯзбек моро ба як тӯй таклиф намуданд. Ба мисли тӯйҳои тоҷикӣ чор-панҷ нафар мизбон дар саҳни дарвозаи тӯйхона истода, меҳмонҳоро хайрамақдам мегуфтанд. Моро гарм истиқбол гирифта, ба хонаи алоҳида бурда шинонданд. Баъди чанд лаҳза набудани устодро фаҳмида, аз ҳамдигар пурсон шудему ба хулосае омадем, ки шояд эшонро ба дигар ҳуҷра таклиф карда бошанд. Баъди қариб ду соат, вақте аз хона хеста, ба ҳавлӣ баромадем, дидем, ки устод дар даромадгоҳи ҳавлӣ бари мизбонҳо рост истода, меҳмонҳоро истиқболу пазироӣ доранд. Аз ин рафтори устод хандаамон омаду пурсидем, ки ягон чиз хӯрдед?

– Хӯрдану нӯшидан дар ҳама ҷо ме­шавад, ман аз тамошои чеҳраҳои хан­дону лабони пуртабассуми меҳмонҳову мизбонҳо сер шудаам, – хандида изҳор намуданд устод.

Муҳиддин Хоҷазоду ҳамсари зин­даёдашон Муҳайё Музаффарова аз ҳад зиёд хоксору меҳрубон, меҳмон­дӯсту бонону намак буданд. Худованд нону намаки ин хонадонро насиби мо низ гардонда будаасту ҳамроҳи падари бузургворам (руҳашон шод) ду-се соате беш, ба нею нестони банда эътиборе надода, меҳмони хонадони устод шудем. Мехоҳам фишурдаи онро ба хонандаи гиромӣ баён намоям.

Меҳмонӣ чунин сурат гирифта буд: Ҳар гоҳе аз оинаи нилгун падарам масҷиду мадрасаҳои Самарқанду Бу­хороро медиданд.

– Барои зиёрати хонаи Худо дастам намерасад, имконият надорам, лекин сайри Самарқанду Бухоро бошад, бо ҷону дил, марҳамат, бо ҳам меравем, – фаҳмондам падарамро.

Розию шод шуданд қиблагоҳ. Ҳозир бошад, чиптаҳои хатсайри поезди «Ду­шанбе-Когон» дар дасту соати даҳи шабро интизорем, худро нороҳат ҳис менамояд падарам, медонам, ки аввал барои мӯйсафед ҷои намозгузории табъи дил ёфтан лозим. – «Ҳавлӣ, этаж набошад» ба гуфти худашон. Хӯроки пешинро дар чойхонаи «Роҳат» хӯрдему ба андеша рафтам…

– Як сари қадам Иттифоқи нависан­дагон мераваму омада, ин масъаларо ҳал мекунем. Шумо чой нӯшида ши­нед, – гуфтам ба падар…

Саросема будам, вақти аз бинои на­висандагон баромадан бо устоди азиз тасодуфан рӯ ба рӯ задем. Ҳолати маро дида, ҳайрон шуда, пурсиданд: «Тинҷӣ аст, шогирд?»

Аз он хомӯшу дар хиҷолат мондам, ки омадааму устодро надида баромада меравам. Эҳсосамро фурӯ нишонда, ҳолати ба сарам омадаро фаҳмондам. Гуфтам, ки мӯйсафеди падарам дар чойхона маро интизор.

– Беҳтарин ният, – хандида гуфтанд устод ва хаёле андешида, – қиблагоҳро рост хонаи мо мебаред, ман баъди ним соат, Худо хоҳад, мерасам, ана бо ҳамин суроға: кӯчаи Островский, 12 “б”.

Чунон ҷиддию қатъӣ изҳор наму­данд, ки маро дигар имкони ҳарферо ба забон овардану ташаккур гуфтан намонда буд ва аз паси устод нигарон лаҳзае лолу ҳайрон монда, роҳи чойхо­наро пеш гирифтам. Падарам бетоқатӣ зоҳир менамуданд, вақт мерафт, намо­зи пешин қазо мешуд.

– Ҷадид (ҳангоме ҷиддӣ сухан гуф­танӣ мешуданд, маро ҳамин тавр ном мегирифтанд), бояд ҷое равем, ки бароҳат таҳорати дуруст кардаву на­моз хонда тавонам! – боз хотиррасон карданд падарам.

–Хонаи устод Муҳиддин Хоҷаев ме­равем, дар шафати бозори «Сабз», ба вокзали роҳи оҳан наздик, – хушнудона изҳор намудам.

–Хонаи Муҳиддинхоҷа гуфтӣ?

–Бале, Муҳиддинхоҷа, – ман ҳам ми­сли падарам яклухт талаффуз кардам.

–Ҳавлӣ доранд ё этаж? – фаҳмидан хостанд падарам.

–Устод ҳавлӣ доранд, таҳоратхона доранд, мисли одамони деҳот.

– Мешавад, меравем,– хурсандию қаноатмандӣ карданд падарам.

Намедонам, ба замин омада буданд ё ба ҳаво, устод назди дарвозаашон моро интизор. Аз таъсири гармии офтоби чиллаи тобистон дар ҷабину рухсораҳои гандумиашон ғӯра-ғӯра арақ мавҷ мезаду шодию хушнудиашон ҳадду канор надошт. Чунин пазироӣ, истиқболи самимонаи мизбонро бори аввал медидам ва дар тасвири он қалам оҷизу маҳорат норасо буд. Ҳис мекардӣ, боварат меомад, ки устод ди­лашонро, саропои вуҷудашонро, меҳру муҳаббаташонро, самимияташонро пеши пои меҳмон пойандоз кардаанд…

– Нури дида, тоҷи сар, хуш ома­данд, хуш омаданд, хонаи моро мисли хонаи худҳотон донед,  – пайи ҳам ба забон оварданд устоду оби таҳорату ҷои таҳорат муҳайё карда, падарамро ҳуҷраи дарун барои пешинхонӣ ҳидоят намуданд. Ба нею нестони мо аҳамми­ят надода, дар айвон дастархон густар­да, мегуфтанд, ки равзани хонаро зани хона медонистааст, зан набошад, мард сарсону ҳайрон мемондааст. Ҳамин як соат пеш аз рӯи зарурат келинро ба Хуҷанд гуселонидаму аз фурудгоҳ рост ҷои кор рафтам. Насибро бинед, бо шумоҳо вохӯрдам. Дар хонаи норӯфта меҳмон меомадаасташ ҳамин. Боз айб накунед, шогирд.., – мегуфтанд устод.

Падарам бо димоғи чоқ, руҳи бо­лида аз ҳуҷраи устод баромаданду аз истиқболу эҳтироми соҳибхона моту мафтун шуданд. Устод ҳам аз «Муҳид­динхоҷа» гуфтану ҳозирҷавобӣ, ҳазлу шӯхиҳои падарам хеле мамнуну қано­атманд буданд.

Як чиз маро ба андеша оварда буд: Медонам, ки устод дар мулки бегона, муҳити гуфтораш ғайритоҷикӣ ба дунё омадаанд, қариб даҳ соли умрашонро дар чунин фазо ба сар бурдаанд, мак­таби миёнаро ҳам бо забони русӣ хатм кардаанд, вале дар гуфторашон ягон калимаи бегонаро ба забон намеовар­данд.Чунин садоқатро на ҳама дорад.

Баъди намози шом бо арзи сипо­си бепоён аз ҳавлии устод Муҳиддин Хоҷазод баромада, вокзали роҳи оҳан рафтем. Ба нею нестони ману падарам эътибор надода, устод то вокзал моро гуселонида, узри бисёр пеш меовар­данду илтиҷоомез мегуфтанд: “Афсус, сутуни хона набуданд, меҳмоннавозии дуруст карда натавонистам. Худо хоҳад, дар бозгашт ҳатман меҳмон мешаветон, мо интизор…”

Поезди «Душанбе-Когон» оҳиста-оҳиста ғел хӯрдан гирифту чеҳраи хандону дастони дар ҳаво афшони устод моро мегуселониду роҳи сафед мехост. Ҳамзамон падарам фотеҳаи сафарро хонда, даст ба дуо кашида, бо табъи болидаю чеҳраи хандон: – Ин насибаро бин-а, нону намак одамро ба куҷоҳое намебурдааст, хонаи Муҳид­динхоҷаро ҳам дидем… ,– мегуфтанд.

–Устоди мо чӣ хел, маъқул шу­данд?! – фаҳмидан хостам аз падарам.

–Ҳар кас бояд рӯи Худоро дида гӯяд! Инсон беҳтару хубтар аз ин на­мешавад, одамгарӣ, меҳмоннавозӣ, муоширату хушгуфториашон ба дунё мемонад-е. Ин қадар инсони дониш­манд, хоксору дилсӯзу раҳмдил…

***

Устоди зиндаёди мо 26 марти соли равон дунёро падруд гуфтанд ва аз худ ганҷи бебаҳое ба мерос монданд. Инҳо асарҳои бо оби дидаю бо хуни ҷигар навишта, мукофотҳо, аксҳо, ди­плому ифтихорномаҳо ва дигар асноди шахсии эшон мебошанд. Пайвандони бонангу номуси устод Ҷозиба, Ҷовид ва Алишеру наберагонашон ҳуҷраи кории қиблагоҳашонро дар Хуҷанди бостонӣ ба осорхона табдил додаанд, ки воқеан ҳам ҷолибу диданист.

Карим Давлат

Дигар хабарҳо