Равшангар ва шахсияти фарҳангӣ

 Равшангар ва шахсияти фарҳангӣ

Дар ин мухтасар, ки аз кору пайкор ва осори мондагори Зафар Мирзоён суҳбат мешавад, байти зебои зерини Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро муносиби ҳоли зиндагии пуштисаршудаи ин шахсияти фарҳангӣ дарёфтам:

Бандаам покраверо, ки дар ин дайри куҳан,
То зияд, пок зияд, чун биравад, пок равад…

Ва ҳанӯз, ки ба қисмати муҳтавои кало­ми хеш нарасидаам, мехоҳам як шингиле аз китоби хеле пуровозаи Мишел Экзюме де Монтен “Таҷрибаҳо” (номи дигараш – “Андар ҳунари бошарафона зистан”) биёрам, ки дар замонаш Пушкин гуфта буд: “Каси ин китобро нахонда ҳеч мумкин нест, ки хештанро аз аҳли зиё бишмарад”.

Инак, дар боби “Дар бораи андуҳ”-и ин китоб Монтен мисоле аз таърих меорад: маълум, ки Миср аз ҷониби писари кало­нии Куруши Кабир Камбуҷияи II истило шуд. Шоҳи Миср Псаменит асир афтод. Ҳангоми асорат дид, ки духтараш бо бардагони дигар дар пироҳани ғуломона об мекашонад. Духтар аз паҳлуи падар гу­зашт, ҳама муқаррабони шоҳ доду фиғон карданд, ки “бубинед, бо паризоди Миср чӣ кардаанд…”.

Аммо падар бо виқору ғурур чизе нагуфт ва оҳе накашид. Баъдан писа­рашро ба қатлгоҳ бурданд ва фаҳмид, ки сарашро аз тан ҷудо кардаанд. Ба ин фоҷиа ҳам гӯё аҳаммият надод. Ниҳоят, аз наздаш дӯсти бисёр наздикашро ка­шон-кашон бурданд ва он гаҳ шоҳи асир ба доду фиғон даромад. Аз ӯ баъдан пурсон шуданд, ки чӣ сирре буд, ки дар фоҷиаи писару духтар ҳузну андуҳе дар чеҳраи Шумо падид наомад, аммо дар ин ҳодисаи дӯст якбора инони ихтиёрро аз даст додед? Шоҳ посухи маънидоре гуфт:

– Аз он сабаб, ки ҳамин ҳодисаи ахир косаи сабри маро лабрез кард. Барои он ду фоҷиаи дигар тарзи ифодаи ғаму яъсу навмедиро надоштам…”.

Мо низ дар ҳодисаи фавти бемаҳали Зафар Мирзоён тарзи ифодаи ҳамон андуҳу буғзи дар гулӯмондаро намеёбем: як инсоне аз ҷамъи асҳоби донишман­дон даргузашта, ки ростраву ростгӯ ва мудом дар андешаи эҳёи миллат буд ва як шахсияте, ки метавон нисбаҳои милливу фарҳангиро ба дунболи номи муборакашон изофа кард. Дар ин навъи аҳвол бузургони мо, чи дар Шарқу чи дар Ғарб, роҳҳали хубе пеши мо ниҳодаанд: дар Шарқ мегӯянд, дар ҳаққаш дуо куну аз корномаҳояш ёд, дар Ғарб ҳамон гунае мекунанд, ки ҳамин Мишел де Монтени фаронсавӣ гуфтааст.

Ӯ дар пешгуфтори китобаш менави­сад: “Таъйиноти ин китоб таассуроти хосе расонидан ба пайвандону дӯстонам аст. Онҳо вақте маро аз даст медиҳанд, пайи хислату характер ва роҳу равиши андешаи маро хоҳанд дарёфт ва бад-ин васила он тасаввуре, ки дар онҳо ҳангоми зинда буданам шакл гирифта буд, хеле густарда хоҳад шуд. Муроди ман ғайр аз ин чизи дигаре нест…”.

Ҳамин андешаву хулоса барои имрӯзи мо бисёр хос аст: Зафар Мирзоён чӣ касе буд, чӣ хислату бархӯрдҳо ва рафторҳое дошт, барои онҳое чун шуълаҳои офтоб рӯшан аст, ки ӯро аз наздик мешинохтанд, дар гуфтугӯ ва муошират бо ӯ буданд, якҷо нишастухез доштанд… Аммо барои дигарон мероси илмиву насри иҷтимоӣ, андешаҳои ӯ, ки дар авроқи кутубашон арзи ҳастӣ мекунанд ва гуфторҳояш, ки дар садову симо ва дигар васоити ахбор намоиш шудаву то кунун боқӣ ҳастанд, тасаввури воқеии шахсият ва олим бу­данашро намоён мекунанд.

Ва як асли фарҳанги мост, ки ҳар инсонеро аз тариқи аъмолаш баҳо би­диҳанд ва арзишдоварӣ бикунанд… Ва аз ин шахсияти наҷиб он чӣ ки ба ёдгор мондааст ва барои ин фақир маълум аст, ҳамин китобҳояш – “Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллии тоҷикон” (2013), “Ниёиши некон ва покон” (2014), “Худовандгори сухани порсӣ” (2015) ва як силсила мақолоташ аст, ки баробари нашр шуданашон, ончунон ки гуруснае ба як пора нон муносибат мекунад, ҳамон гуна онҳоро мехондему маъниҳоро фурӯ мебурдем…

Чанде пеш банда хабар ёфтам, ки ки­тоби дигарашон низ соли 2020 ба нашр расида будааст бо унвони “Бозёфтҳо аз “Шоҳнома”. Ҷумлаи содае дорад, ки ҳазор маънӣ дар пасманзараш ниҳон аст: “Шоҳнома”-ро Абулқосим Фирдав­сӣ дар сӣ сол эҷод карда буд, вале мардуми олам ҳазор сол боз шоҳнома­хонӣ мекунанд…”. Маълум, ки ин китоб шарҳи муҳимтарин нуктаҳои тарбиятӣ ва ақидатии “Шоҳнома” аст, ки мувофиқ ба зеҳну ақл ва тасаввури наврасон бо забони хеле сода, аммо самимона иншо шудааст, як навъ идомаи анъанаи шарҳу тафсири насрии “Шоҳнома” аст, ки шодравон Сотим Улуғзода соли 1976 анҷом дода буд.

Адабиётшиноси фақид Раҳим Мусул­мониён сабаби иншои насрии ин шоҳа­сарро чунин шарҳ додааст: “Аз солҳои панҷоҳуму шастум кундии завқу пастии маънавият шиддат кард. Барои пешгирии ин ҳолати нохуш диққати мардумро ба манбаъҳои фурӯзону ҷовидонаи завқу маънавият, ки “Шоҳнома” низ бегумон аз ҷумлаи онҳост, кашидан лозим омад. Шояд сабаби асосии ба кори “Шоҳнома” пардохтани устоди насри бадеӣ Сотим Улуғзода низ дар ҳамин бошад…”.

Албатта, ба қиёс гирифтани нақли “Шоҳнома” аз ҷониби С. Улуғзода ва ин китоби хурдҳаҷми Зафар Мирзоён кори дурусте нест, зеро бо тақозои замона устод Улуғзода хеле ҳиммат кардаанд, то аксари достонҳои пандомӯзи ин шоҳасар­ро ба наср гардонанд ва кӯшиш кардаанд, ки хатти сужаи достонҳоро халалдор накунанд.

Ҳунари Зафар Мирзоён аз он ҷиҳат сазовори қадр аст, ки барои кӯдакони 7-12-сола беҳтарин намунаи ҳикояту ривоятҳоро, ки дар зеҳни кӯчаки кӯдакон нахустин гомҳои ҳувиятиро шакл медиҳанд, интихоб ва ба тариқи пурсишу посух пешниҳод кардааст, аз қабили аввалин подшоҳ, кашфи оташ аз ҷониби Ҳушанг, пайдоиши ойинҳои миллӣ, аз қабили Садаву Меҳргону Наврӯз, ба мардуми мо мутааллиқ будани чавгон ва аввалин ромкунандагони асп будани аҷдоди мо ва ғайра… Инҳо агарчи дар китобча хеле мухтасар ҳикоят шудаанд, аммо барои шакл гирифтани тасаввури кӯдак аз гузашта бисёр муҳим ҳастанд. Фарзан, агар касе иддао кунад, ки озариҳо ҷавгонро тавассути ЮНЕСКО моли миллати худ эълом кардаанд, навраси тоҷик хоҳад гуфт, ки ин ҷо хатои нобахшиданӣ шудааст ва чавгон ҷузъи таърихи пуршарафи ниёкони мост…

Ба назари банда, китоби “Се шикасти ориёҳо” ончунон шукӯҳу азамате дар боби худнигарӣ дорад, ки онро метавон “таърихнигории фоҷеоти миллӣ” номид. Хуб, дар хусуси он матолибе, ки дар ин асари пурмуҳтаво нигошта шудааст, даҳҳо ва садҳо кутуби таърих ва на­виштаи гуногун мавҷуд аст, аммо роҳу равиши назаркарди Зафар Мирзоён басо муассир уфтода. Ин ҷо чизе эҳсос мешавад, ки дар гуфтору навиштори дигарон нест: самимияти ифода ва иф­шои нуқтаи назар аз дидгоҳи шахсияти миллӣ, бо таҳлили жарфи пажӯҳандагӣ ва мӯшикофие, ки мунҳасир ба фарди худи нависанда аст.

Пушти ҳар боби ин китоб, ҳар фасл ва ҳар қитъаи он хитобаҳо ҳушдорест, ки ба масъулини миллату давлат ва адабу фарҳанги он нигаронида шудааст: аз таърихи пурфоҷиаи миллат бояд сабақ омӯхт ва омӯзаҳои таърихро ба кор бурд, вагарна аз шикасти нав эмин нахоҳем буд! Муҳтавои китоби мазкурро файласуфи овозадор Комил Бекзода хеле бамав­рид таъкид карда: “Ин нуктаро ёдовар мешавам, ки муҳтавои китоби мазкур дар баробари нақл аз саргузашти мухтасари шикасти тоҷикон (ва умуман ориёҳо) дар сайри таърихии якчандҳазорсолаи худ, иллатҳои қафомондагии ҷаҳони Шарқро аз Ғарб рӯйи саҳифаҳои алоҳида дорад. Барои тасбит ва поядории андешаҳои худ кори зиёди пажӯҳишӣ карда, иқтибосҳои бешу­мор овардааст. Навиштаҳои ӯ хонандаро, бахусус ҷавононро водор мекунад, ки дар андешаҳояшон ба худнигарии миллӣ ва худсозӣ бартарии ҷиддӣ диҳанд”.

Ин шикастҳо (шикаст аз Искандари Мақдунӣ, ҳуҷуми араб, хунрезии муғул) садсолаҳост, ки шарҳу тафсир ва иллату авомили рухдоди онҳо бо далелу аснод аз ҷониби муаррихону фарҳангиёни чи дохиливу чи хориҷӣ собит шудаанд, аммо ба иллати кампарвоиву машғулият ба масъалаҳои имрӯзаи мутобиқ шуданҳо ба раванди ҷаҳонгароӣ, бо вуҷуди таъ­лиму тадрис дар макотибу донишгоҳҳо ва барпо кардани садҳо тадобири итти­лоърасонӣ то кунун ҷиддӣ гирифта наме­шаванд. Илоҷи дардро бидуни ташхиси комил наметавон дарёфт, ҳамин аст ғоя ва сабаби аслии даст задани Зафар Мир­зоён ба масоили баҳамрехтаи таъриху фарҳанг.

Лев Николаевич Толстой, нобиғаи ада­би ҷаҳон доиман таъкид мекард, ки ҳар китобро метавон се навъ мутолиа кард: хондану нафаҳмидан, хондану фаҳми­дани дуруст ва хондану фаҳмидани он чизҳое, ки нависанда дар назар дошту аммо нанавишт…

Ҳамин китоби номбурдаро низ танҳо бо навъи севуми баршумурдаи Лев Толстой бояд мутолиа кард, он гаҳ нидо ё дурусттараш фиғони қалби пурдарди муаллифро метавон дарк кард, нидое, ки аз беҳосилии киштзори уламои фанҳои инсоншиносиву фарҳангнигориву таърих ба бонги хатар шабоҳат дорад ва му­дом хотирнишон мекунад, ки лаҳзае аз ҳолу ҳавои хештан ғофил набошем… Афсонаву ривоёт ва қиссапардозиҳои беғамонаро як сӯ бигзорем ва сари сарнавишти ин меҳану ин миллат ва арзишҳои он биандешем. Худи ӯ дар ин маврид мегӯяд: “Барои як меҳанпарасте, ки мехоҳад давлати миллӣ дошта бошад ва аз вопасмониҳои давлату миллати хеш нангаш ояд, аз таҳлилҳои худ дар­меёбад, ки ҳамдиёронамон парастиши арзишҳои миллӣ ва нигаҳбонии ҳувияти тоҷикии худро дар пасманзари андешаҳо­ву боварҳои худ гузошта буданд ва ҳоло низ як шумори чашмрас он арзишҳоро ночиз мегуморанд, ки ниҳоят дардовару хатарзо аст”.

Зафар Мирзоён ҳамеша ошиқи содиқи “Шоҳнома” буд ва то ахири умр ҳамин садоқатро ҳифз кард. Ба ҷуз як силси­ла мақолоте, ки махсуси ин шоҳасар ҳастанд, дар “Се шикасти ориёҳо” низ манбаи аслӣ ва сарчашмаи ҳама афкору пиндору бовар ва асноду далел ҳамоно ҳамин “Шоҳнома”-и безаволи Ҳакими Тӯс аст. Барои ин олим “Шоҳнома” мисли офтоб аст, ки раҳи пажӯҳандагиашро доиман рӯшан нигаҳ медорад. Такя ба ин шоҳасар то кунун касеро аз раҳи ростӣ ба каҷиҳо набурдааст ва нахоҳад бурд. Ва муҳаққиқ дуруст фармуда, ки “ин офаридаи ҷовидонӣ пайваста дар миёни ҳувиятҷӯёни тоҷику эрониҳои худогоҳ буда, василаи муҳим барои тарбияи ан­дешаи миллӣ ва худогоҳиву таборшиносӣ мебошад”.

Ва ин хулосааш ҳам басо мубрам аст: “Ҳамешаву пайваста бояд дар ёд дошта бошем, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар рӯзгоре, ки ҳувияти тоҷикӣ-эронии гузаштаго­намон дар ҳолати нобудӣ буд, монанди фарҳанги миллатҳои ба худфаромӯшӣ расида ва фарҳанги қавми ғолибро па­зируфта, гузаштаи бошараф ва ғурури миллии ниёконамонро ба намоиш гузошт. Дареғ, ки чанде аз кӯтаҳназарону худбох­тагон достонҳои «Шоҳнома»-ро дур аз ҳақиқат ва афсонаву устура донистаанд ва бад-ин сон аз бузургиву аҳаммияти он ғофил мондаанд…”.

Чандин мақолаи пурмуҳтавои эшон, аз ҷумла “Марзҳои Эрон ва Тӯрон”, “Дираф­ши ковиёнӣ”, “Зартушти диновар”, “Ҷашни Меҳргон”, “Шаби ялдо”, “Забони тоҷикӣ”, “Асбҳо ва тоҷикҳо” ва ғайраҳо, ки паёпай дар нашрияҳои гуногуни кишвар ба чоп расидаанд, ҳамагӣ ба “Шоҳнома” такяи устувор доранд ва чунин ба дида мера­сад, ки ҳеч гуфтаниеро бидуни таъсир аз ин маъхази гаронмоя нагуфтаанд ва ё қабул надоранд. Ин шефтагӣ, албатта, ҳосили мутолиаи мудаввом ва ниҳоят ҷиддист.

Ба ҷуз ин сарчашмаи пурхурӯш, эшон ба Мавлонои Балх ҳам муҳаббате сами­мона доштанд ва дар зимни пиндорҳо ва гуфторҳои ҳакимонаву ошиқонаи Мавло­но ба нақди сӯфигарӣ ва бардоштҳои но­дурусти бархе аз муҳаққиқону мубаллиғон аз ин равияву ҷараёни фикриву эътиқодӣ навиштаҳои хубе ба чоп додаанд.

Мо дар унвони ин мухтасар Зафар Мирзоёнро равшангар ва шахсияти фарҳангӣ гуфтем. Мутолиаи навиштаҳои ин олиму пажӯҳишгар бешак, моро ба хулосае меорад, ки Зафари Мирзоён аз рӯшангарони муосир буд ва то даме, ки мероси илмиву иҷтимоиаш барои муто­лиа муҳайёст, ҳамин гуна хоҳад монд.

Шахсияти фарҳангӣ бад-ин маъност, ки бидуни огоҳии комил аз таърихи фарҳангу осори ниёкон наметавон ба таҳлили он муаммоҳо ва масъалаҳое рӯ овард, ки шодравон ба онҳо дасти мубо­рак задааст.

Назари мо ин аст, ки мавсуф мақо­лаҳои зиёде роҷеъ ба «Шоҳнома» дорад ва онҳо бояд китоб шаванд… Ин кори муҳимро бояд дӯстони донишгоҳӣ ё ин­сонҳои сарватманди ҳамон маҳал ё касони хайрхоҳи илму фарҳанг бояд анҷом диҳанд. То охирин навиштаҳо, номаҳо ва маърӯзаву гуфторҳои сабтшудаашон бояд гирдоварӣ шавад. Ин кор таъхирро дӯст намедорад…

Чанд муддат пеш, дар суҳбате бо чанд дӯсти фарзона роҷеъ ба мероси илмию адабии устод Муъмин Қаноат баҳс шуд ва банда ташвиши худро дар мавриди то ҳол интишор наёфтани куллиёти устод Қаноат баён кардам. Он дӯстон гуфтанд, ки чанд китобе баъди фавташ бо кумаки ҳамдиёрони хубаш чоп шуд-ку. Гуфтам, ки куллиёт кардан лозим, мувофиқ ба тақозои илми матншиносӣ, сол ба сол, аз ибтидо то интиҳо, аз аввалин ашъор то охирин номаву ёддоштҳоро дар як ҷо гирдоварӣ кардан лозим. Куллиёт мисли умри инсон аст: аз аввал то охир ҳар чизе, ки адиб навишт, ҳамонҳоро фаро мегирад ва баъдан аз нигоҳи илм эътибори баланд дорад…

Осори марҳум Зафар Мирзоёнро ҳам ҷамъоварӣ карда, куллиёт кардан лозим. Бигзор як ҷилд шавад ё се ҷилд, фарқе надорад… Ин устод дар телевизи­ону радио баромадҳои бисёре кардааст, мақолоти пуршумор дорад, дар матбуот чизҳои зиёде навиштааст, ҳамонҳо ва инчунин наворҳову сабтҳоро пайдо карда, рӯйи коғаз овардан ва баъдан ба шакли китоб даровардан лозим аст.

Ҳоло расм шуда, ки китобҳои ашхоси маъруфу машҳурро баъди фавташон ба китобхонаҳо месупоранд. Агар ҳамин ният бошад ва наздиконаш розӣ бошанд, пас китобҳояшро ба Китобхонаи миллӣ супоранд, кори хайре хоҳад шуд…

Ҳафиз РАҲМОН

Дигар хабарҳо