РАББИМДУХТ НОРӢ

 РАББИМДУХТ НОРӢ

НОРӢ РАББИМДУХТ 10 ноябри соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1986 факултаи филологияи руси Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1987-1994 дар муассисаҳои нашриявии «Маориф», «Адиб», рӯзномаҳои «Ҳомии Ватан» ва «Роҳи умед» (ҳозира «Нақлиёт») фаъолият бурдааст.

Аз айёми донишҷӯйӣ ба тарҷумаи асарҳои адибони муосир ва классики тоҷик ба забони русӣ шурӯъ намудааст. Аз ҷумла, чанд ҳикояти «Тазкират-ул-авлиё»-и Фаридуддини Аттор, «Калилаву Димна»-и Ҳусайн Воизи Кошифиро ба русӣ гардондааст. Ҳамчунин, намунаҳоеро аз осори нависандагони тоҷик Кӯҳзод, Сорбон, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад, Баҳманёр, Равшани Ёрмуҳаммад ва диг. ба русӣ тарҷума ва дар нашрияву рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ чоп кунондааст.

Ҳамчунин, ба забони русӣ шеър навишта, чанде аз асарҳои манзуми шоирони тоҷикро ба русӣ гардондааст, ки мунтахаби рубоиёти Соҳибназар, шеърҳои алоҳидаи Нурулло Норзода, гулчини таронаҳои Мавлудаи Равшанёр аз он ҷумлаанд.

Намунаҳое аз офаридаҳои худаш дар маҷаллаи «Помир» ва рӯзномаву маҷаллаҳои дигари русизабони кишвар чоп шудаанд.

Ҷоизадори Озмуни байналмилалӣ барои тарҷумаи беҳтарин аз забони миллӣ ба забони русӣ дар кишварҳои ИДММ ва Балтия «Мэтр» (2007), дорандаи Нишони «Сухан» (2013).

Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо