Поси хотири адабиётшинос
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии адабиётшинос Абдушукури Абдусаттор маҳфили илмӣ-адабӣ доир шуд.
Маҳфилро муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа оғоз бахшид.
Профессор Мисбоҳиддин Нарзиқул ва адабиётшинос Нурулло Ғиёсов дар бораи корҳои илмии номбурда маърузаҳо пешниҳод намуданд.
– Абдушукури Абдусаттор пажуҳишгари дақиқкор буд. Маводҳои заруриро ҷамъ меовард, фикрҳои ҳампешагонро ба назар мегирифт, сипас андешаҳои худро ба миён мегузошт. Бо ҳузури ӯ ва ҳамсафонаш дар адабиётшиносӣ тамоюли дигаре ба вуҷуд омад, – гуфт академик Носирҷон Салимӣ.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, адабиётшиносон Абдунабӣ Сатторзода, Бадриддин Мақсудзода, Абдуллоҷон Юлдошев, шогирдони муҳаққиқ ва дигарон ҳам аз рӯзгори ӯ хотираҳои ҷолиб баён дошта, саҳмашро дар пешравии нақди адабӣ назаррас арзёбӣ карданд.