Посдошти тасвиргари дунёи хурдсолон

 Посдошти тасвиргари дунёи хурдсолон

Рӯзи 24-уми январ дар Иттифоқи нависандагон ба муносибати 90-солагии шоири бачаҳо ва ходими ҷамъиятӣ Наримон Бақозода нишасти адабӣ баргузор гардид.

Дар оғоз муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа гуфт: “Наримон Бақозода дар баробари Убайд Раҷаб ва Гулчеҳра Сулаймонӣ барои хурдсолон мероси адабии ғанӣ гузошт. Фолклори бачагонаи моро аз нав кор карда, ба шакли дигар ба хонандагон расонид. Шеъру публитсистикаи бачагона ва драмаву либреттоҳои хуб эҷод кард. Вақте дар ҷамъияти «Дӯстӣ» фаъолият дошт, ҳамеша дар сафарҳои эҷодӣ буд. Дар ноҳияву вилоятҳо кӯдакону наврасон аз шеърҳои ӯ гарм истиқбол мегирифтанд. Имрӯз низ аҳаммияти навиштаҳояш кам нагаштаанд”.

Гардонандаи маҳфил, мудири бахши адабиёти кӯдаки Иттифоқи нависандагон Азизи Азиз, адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхон, адибон Ҷӯра Ҳошимӣ, Сафияи Носир, Муродалӣ Собир, корманди Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар Муҳаббат Юсуфова ва дигарон дар бораи рӯзгору осори шоир суханронӣ карданд.

– Наримон Бақозода ҷуссаи бузург ва симои ҷиддӣ дошт, лекин чун ба саҳна баромада, шеърхонӣ мекард, бачагон ӯро мисли як ҳамсолашон мепазируфтанд. Қариб дар ҳама жанр асар навиштааст. Таронаву чистон, тезгӯяку ҳаҷвия, фелетону ҳикоя ва драмаҳояш аз чандин ҷиҳат фарқкунандаанд. Имсол аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гулчини шеърҳояш чоп мешавад, – гуфт Азизи Азиз.

Тӯрахон Аҳмадхон ёдоварӣ кард, ки дар театр бо Бақозода ҳамкории танготанг дошт. Асари «Бахтатро бедор кун»-и ӯро, ки ба саҳна гузоштаанд, набзи ҳамон замонро дода тавонист. Намоиши мазкур дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ пешкаши ҳаводорон шуд. Монанди дигар асарҳои муаллиф ин асараш ҳам солҳои зиёд хидмат кард.

Тавре Абдураҳмон Абдуманнон таъкид дошт, “Наримон дар шоирӣ мақому мартабаи махсусро соҳиб гашта, яке аз шоирони пурхонанда ба ҳисоб мерафт. Дар маҷаллаи «Детская литература»-и Маскав дар бораи адабиёти бачагонаи худамон, аз ҷумла дар бораи шеърҳои Бақозода, мақолаҳоям чоп шудаанд”.

Наврасон Ҳумоюн, Робия ва дигарон аз шеърҳои бачагонаи Наримон Бақозода қироат карданд. Дар охир фарзанди шоир – Қаҳрамон ба масъулин барои пос доштани хотири падараш изҳори сипос намуд.

Дигар хабарҳо