ПЕШНИҲОДИ АСАРҲО БА ҶОИЗАҲОИ АДАБИИ ИНТ

БАРОИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Дар бахши наср:

  1. «Апома – духти Испетамон»

(қиссаи таърихӣ). Давлатшоҳи Тоҳирӣ. Хуҷанд, «Ношир», с. 2020. Пешниҳоди Шўрои насри ИНТ.

  1. «Турнаҳои мусофир» (маҷмўаи ҳикояҳо). Сипеҳри Ҳасанзод. Душанбе, «Адабиёти бачагона», с. 2020. Пешниҳоди Шўрои насри ИНТ.

Дар бахши тарҷума:

  1. «Бозгашт ба Панҷрўд» (романи таърихӣ-тахайюлӣ). Муаллиф: Андрей Волос, тарҷумон Қодири Рустам. Душанбе, «Эр-граф», с. 2020. Пешниҳоди Шўрои робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи ИНТ.
  2. «Сад соли танҳоӣ» (роман). Муаллиф: Габриэл Гарсиа Маркес, тарҷумон: Абдуғаффори Абдуҷаббор. Душанбе, «Адиб», с. 2020. Пешниҳоди бахши робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи ИНТ

Дар бахши публитсистика:

  1. Силсилаи очерку публитсистика. Муртазо Зайниддинзода. (21 асари публитсистӣ, «Адабиёт ва санъат», солҳои 2019-2020). Пешниҳоди ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат».

БАРОИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Дар бахши назм:

1 . « Ҳамешабаҳор» (маҷмўаи шеърҳо). Хайрандеш. Хуҷанд, «Ношир», с. 2020. Пешниҳоди Шўрои назми ИНТ.

2 . «Корвон … Раҳ … Марғзор…Оҳу…» (маҷмўаи шеърҳо). Абдуҷаббори Суруш. Хуҷанд, «Ношир», с. 2020. Пешниҳоди Шўрои назми ИНТ.

3 . Силсилаи шеърҳо . ( «Садои Шарқ», №10, 2020), «Сарводаҳо аз ҷодаҳо» (маҷмўаи шеърҳо). Толиби Луқмон. Душанбе, «Адиб», с. 2020. Пешниҳоди маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ».

Дар бахши таҳқиқ:

  1. Силсилаи мақолаҳои нақду адабиётшиносӣ. «Ҳарчи бомаъност, худ пайдо шавад» («Садои Шарқ», №11, с. 2019), «Ҷустуҷўҳои ҳунарӣ дар шеъри тоҷики садаи ХХ» («Садои Шарқ», № 12, с. 2020), «Шеър дар мизони ҳунар» (маҷмўаи мақолаҳои нақду адабиётшиносӣ). Муҳриддин Сабурӣ. Душанбе, «Балоғат», с. 2020. Пешниҳоди маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ».

Дигар хабарҳо