Пешвои миллат – ҷонфидои миллат
Инак, мо дар остонаи ҷашни пуршукӯҳи нусратбахши миллӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем, ки 27 сол муқаддам дар заминаи талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Воқеан, 27-уми июни соли 1997 баъд аз чанд давраи музокирот дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расида, кишвари азизи моро таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба қаламрави саодат ворид кард. Аз ин нуқтаи назар, ҷашни Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи идҳое ба шумор меравад, ки онро ҳамчун сароғози созандагиву ободкориҳо ва вуруд ба марҳалаи нави рушд бояд дар сатҳи баланди ташкилӣ истиқбол кард. Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшида, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд. Ин дастоварди муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ҳоло ба сифати ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши бузург дошта, моро уҳдадор месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем. Таърих ҳамчун довари ҳақбин фаромӯш нахоҳад кард, ки дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ ва истеҳкоми аркони давлатдории навини мо нақши роҳбари оқилу тавоно ва сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо барҷаставу мондагор аст. Ин фарзанди фарзонаи халқ аз лаҳзаҳои аввали ба саҳнаи сиёсат ворид шуданашон сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, давлату миллатро аз эҳтимоли нобудӣ наҷот бахшиданд. Тамоми қувваю дониш ва иродаю имконияти хешро барои таъмини ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва шуруи музокирот равона сохтанд. Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди баномуси ин сарзамин аст, ки имрӯз Сарвари давлати моро дар тамоми атрофу акнофи олам ҳамчун сиёсатмадори барҷаставу хайрхоҳи башар мешиносанд ва мактаби сулҳофаринашонро меомӯзанд. Ба қудрату тавоноӣ, ҷасорати фавқулода ва шахсияти камназирашон чи дар дохил ва чи дар маҳофили сиёсии ҷаҳони муосир эҳтиром мегузоранд. Шукурҷон Зуҳуров, собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсияти тобноки Сарвари давлатро чунин қаламдод кардааст: «Барои ман мояи ифтихор аст, ки бо чунин шахсияти таърихӣ муддатҳо паҳлу ба паҳлу кору фаъолият кардаам. Дар замоне, ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, ӯ худро нороҳат ҳис мекард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос намекард, руҳаш барои зиндагии нотинҷи кишвар, сӯхтану ғорат кардан ва бедодгариҳои силоҳбадастон азият мекашиду дилаш ба ҳоли мардуми фирорӣ месӯхт. Ӯ ба чунин суханони таскинбахш фирориёнро барои ба Ватан баргаштан ташвиқ мекард: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем». Воқеан, дар вуҷуди Сарвари давлати тоҷикон сифатҳои зиёди инсонии олию одӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзию ҷасорат, хоксорию ғурур бо риояи одоб, дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллату Ватан ба ҳам омадаанд. Ҳамин буд, ки ин абармарди дунёи сиёсат тавонистанд, ки бо такя ба ҳувият ва суннатҳои мардуми дорои хиради азалӣ, ваҳдат ва амну суботи миллиро дар сарзамини ниёгонамон пойдор гардонанд ва дар сиришти миллати фарҳангдӯсту сулҳпарвари тоҷик маъно ва асолати ватандӯстиро камол бахшанд. Ҳосили иқдомоти наҷиб дар ин самт он аст, ки имрӯз ғояи муқаддаси ваҳдату инсондӯстӣ ҷузъи таркибии хиради сулҳҷӯёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми кишвар ва таҳкимбахши равандҳои демократии ҷомеа гардидааст. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ, ки беҳтарин неъмат ва волотарин дастовард дар даврони истиқлол мебошад, ҳифзи арзишҳои миллӣ таъмин карда шуда, сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ифтихори миллии ҷомеа таҳким ёфт ва дар заминаи дипломатияи ҳамкорӣ давлати демократию ҳуқуқбунёдамон мақоми шоистаро дар низоми сиёсати ҷаҳонӣ ва арсаи байналмилалӣ ба даст овард. Тавре маълум аст, Пешвои муаззами миллат дар баробари мудирияти оқилонаи низоми дохилӣ ва рушди кишвар, инчунин Тоҷикистонро дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ карда, номи тоҷики тоҷдорро ҳамчун мардуми тамаддунофар ба ҷойгоҳи аслиаш баргардонданд. Дар робита ба ин, Чингиз Айтматов, нависандаи шуҳратёри қирғиз, шахсияти Сарвари давлати моро чунин тасвир кардааст: «Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд…». Ин нависандаи забардаст дар шахсияти Президенти маҳбуби кишвар, дар умум, ба хулқи инсонпарваронаи миллати тоҷик баҳои баланд додааст, ки ин нукта бори дигар ишора ба он дорад, ки дурахши шахсияти тобноки Эмомалӣ Раҳмон обрӯи ҳар як тоҷик аст. Аз ин рӯ, мо бояд бо рафтору амали намунавӣ ҳамчунон меросбари таъриху фарҳанги бойи ниёгони хеш бошем ва нагузорем, ки ба номи миллат ва исми пуршарафи тоҷик доғеву газанде бирасад. Тавре маълум аст, вазъи ҷаҳони имрӯза басо душвору печида ва пешгӯинашаванда гардида, зуҳуроти нангини терроризму ифротгароӣ ба суботу оромии кишварҳо халал эҷод менамояд. Дар робита ба ин, мо набояд фаромӯш созем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давраҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар карда, чӣ гуна фоҷиаовару даҳшатнок будани оқибатҳои нангини онро медонад ва ҳамеша хостори сулҳу субот дар тамоми минтақаю ҷаҳон, риояву эҳтироми принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои волои инсонӣ, инчунин, ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалии самимона дар заминаи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Мо дар мавриди даҳшат ва оқибатҳои харобиовару фоҷиавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёд тамаркуз карданӣ нестем, зеро он ҳама нобасомониҳо дар хотираи таърих маҳфузанду борҳо аз он ёдовар ҳам шудаем. Танҳо лозим медонем, ки суханони Қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро ба хонандагон гӯшзад кунем, ки чунин гуфта буд: «Истиқлолиятро ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ дод. Имрӯз ӯ маъруфтарин фарзанди Тоҷикистон, тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст. Танҳо шахси хирадманд ва дӯстдори ватани худ метавонад дар муддати кӯтоҳ кишварро аз чанголи ҷанги шаҳрвандӣ, ки бар асари дасисаҳои душманони халқи тоҷик сар зад, берун оварад». Ё худ мираъҳои шоири маҳбубамон Бозор Собирро аз ёд набарем, ки фармудаанд: Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат, Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат. Дар васфи Пешвои миллат шоири маҳбуб ва маъруфи тоҷик, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бо ифтихор менависад: Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат, Раҳҷӯи бахти халқӣ, эй раҳкушои миллат. Дастони Сулҳу Ваҳдат бо хуни дил навиштӣ, Аз хишти ҷисму ҷонат кардӣ бинои миллат. Кам сарваре ба олам бо чораи фароҳам Аз интиҳои миллат ҷуст ибтидои миллат. Дар ҷону дил гирифтӣ аз сидқ дарди миллат, Гаштӣ табиби миллат, кардӣ давои миллат. Аз бераҳӣ кашидӣ то огаҳӣ Ватанро, Аз огаҳии миллат ҷустӣ бақои миллат. Киштинишаста миллат омад ба соҳил охир, То аз Худо расидӣ, эй нохудои миллат. Ҳар бенавои қисмат аз ту навои дил ёфт, Оҳанги бахт бинмуд, шуд ҳамнавои миллат. Бо чеҳраи кушода, бо ҳиммати зиёда Бурдӣ ба рӯи дунё нуру сафои миллат. Бинмудаӣ ба олам симои дилкашашро, То минбари ҷаҳонӣ бурдӣ садои миллат. Байни ҳазор миллат дар дидаҳо ҳувайдост Бо қомати расоят арзанда ҷои миллат. Аз софиат сиёсат бинмуда тарки ҳилат, Бо сидқ менамояд хидмат барои миллат. З-ин рӯ, қарини мардум ҳастӣ чунон, ки акнун Чун мардумак азизӣ дар дидаҳои миллат. Хуш ҳоли он ки ин сон бинҳода аз сари сидқ Дилро ба роҳи миллат, сарро ба пои миллат. Эй тифли миллат аз ту ҳамгоми зиндагонӣ, Хушноми зиндагонӣ пурдил ниёи миллат. Эй ҷонудил мунаввар, эй сӯи нур раҳбар, Аз ту зиё гирифта аҳли зиёи миллат. Эй раҳнамой ахтар андар самои даврон, Эй дилфидои миллат, эй ҷонфидои миллат… Дар ҳақиқат Пешвои муаззами миллат ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ қаҳрамони ҳамаи арсаҳо ҳастанд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаашон кулли соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуд. Аз ҷумла, ба рушди маънавиёти ҷомеа, илму фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳоло мо ба дурустӣ дарк менамоем, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, заминаҳои арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумиро низ ба вуҷуд оварда, дар маҷмуъ, муҳит ва фазои маънавиро дар ҷомеа шакл бахшидааст. Дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани солгарди фарзандони фарзонаи миллат ва даҳҳо ҳамоишу чорабиниҳои густурдаи фарҳангии дигар ибтикороти роҳбурдие ба шумор мераванд, ки дар зинда кардани хотираи таърих, эҳёи дигарбораи мероси фарҳангии оламшумули тоҷик такони ҷиддӣ бахшиданд. Талошҳои камназири Сарвари давлат дар пиёда намудани чунин иқдомот агар аз як сӯ, барои муаррифии шоистаи мероси илмию фарҳангӣ, таъриху тамаддуни тоҷикон бошад, аз сӯи дигар, дар густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа таъсири амиқ гузошт. Албатта, чунин иқболи баланд ва дастовардҳои беназири таърихӣ дар фазои сулҳу ваҳдати комил ба даст омада, бе иттиҳоду ягонагӣ имкон надошт, ки мо ба чунин мақоми шоиста расем. Зимнан, ин нуктаро бояд дарк кунем, ки ба даст овардани ваҳдату суботи комил дар сарнавишти куҳан ва тақдири миллат пирӯзии бузургу бемисл маҳсуб меёбад ва ба шарофати он давлати миллиамон ҳифз гардид, осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ниёгонамон, ки кафили пешрафт ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд, ҳифзу эмин нигоҳ дошта шуд. Мо ба хубӣ медонем, ки маҳз аз файзи сулҳу субот, ваҳдату оромӣ ва ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ миллат сарҷамъ гардид, давлат рушд кард, Тоҷикистонро тамоми ҷаҳон шинохту эҳтиром кард. Волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ таъмин шуд, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудаю ҳифз гардиданд, Конститутсия, ки мо имсол 30-юмин солгарди онро таҷлил мекунем ва санадҳои қонунгузории зиёд қабул шуданд. Соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илму фарҳанг рушд ёфтаанд ва сатҳу сифати зиндагии мардум баланд гардида, ҳадафҳои бузургу созанда амалӣ шуданд. Дар замони феълӣ, ба назари мо, барои боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, бояд ба ҷавонон сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, оқибатҳои даҳшатбори он, аҳаммияти сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ гаштаву баргашта фаҳмонда шавад, то дар зеҳни онҳо андешаи ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ҳадафҳои умумимиллӣ амиқан ҷой гирад. Зеро ҳанӯз ҳам на ҳамаи ҳамватанони мо бохабар аз онанд, ки душманони дохилию хориҷиамон аз душманӣ бо халқи худ даст набардоштаанд ва мехоҳанд бо ҳар роҳе вазъро ноорому печида созанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар мабнои таҷрибаи сиёсию таърихӣ дар роҳандозии муваффақонаи барнома ва аҳдофи стратегии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузорад. Мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии бо қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем. Ин нуктаи меҳварӣ, ки ҳамеша дар суханрониҳои Сарвари давлат ҳадафмандона ироа мегарданд, бояд сармашқи кору фаъолияти рӯзмарраи идорӣ, сиёсӣ, ташкилӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҳар кадоми мо қарор бигирад. Ниҳоят, вазифа ва рисолати муҳимми мо дар пешорӯи вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ин аст, ки пеш аз ҳама, сулҳу ваҳдати комилро ҳифз намоем, арзишҳои истиқлоли давлатиро таҳким бахшем. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар корҳои созандагӣ фаъолона иштирок намуда, барои рушду пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саҳм гузорем. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем то ба сатҳи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ рушд кунем ва миёни аҳли башар мақом ва ҷойгоҳи боз ҳам шоистатар касб намоем.
Муҳриддин НИЗОМӢ, ректори МДТ
«Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон
ба номи Мирзо Турсунзода», профессор