Паҳлугардонӣ ё такомули як тасвири куҳан. Ба муносибати 80-солагии Ҷамолиддин Каримзода
Навовариро намешавад фақат марбут ба шеъри нав, яъне шеъри нимоӣ ё шеъри сафед донист, зеро бо ба майдони адабиёт омадан ва такмил ёфтани шеъри нимоӣ ё шеъри сафед шоирон тавонистанд бо таъсирпазирии амиқ аз он дар қолаби шеъри суннатӣ руҳи навро ворид созанд. Аз ин рӯ, вақте дар мавриди навоварӣ дар шеъри солҳои 70-80 сухан меравад, онро метавон дар манзари анвои мухталифи шеър, дар мисоли таркибу ибора, забону баён ва умуман диду назари тозаи шоирон ҷустуҷӯ кард.
Бо вуҷуди ҷони тоза гирифтани шеъри нимоӣ ё шеъри сафед, анвои суннатӣ дар осори шоирони солҳои мавриди назар бо руҳи навоварона ва ҷусторҳои ҳунарӣ густариш дошт. Ба ҳадде, ки бархе аз шоирон (бо вуҷуди ривоҷ доштани шеъри нимоӣ) ба истиснои теъдоде аз навъи чаҳорпора, ки акнун дар шеъри тоҷик майдондорӣ мекард, бештар шеъри суннатӣ эҷод намудаанд ва шеъри Ҷамолиддин Каримзода низ аз назари сохтор бештар ба ҳамин паҳлуи масъала такя мезанад. Ҷамолиддин Каримзода аз шоирони соҳибқареҳае аст, ки мутаассифона, ашъораш ба таври бояду шояд мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Ӯ аз зумраи шоирони тавоное чун Тилло Пӯлодӣ, Мастон Шералӣ, Султон Шоҳзода аст, ки ашъораш ба таври бояду шояд ба хонандагон муаррифӣ нашудааст.
Ҷамолиддин Каримзода умрашро дар пайи хидмат ба адабиёту фарҳанг гузаронидаву дар баробари муҳаррирӣ дар нашриёти «Ирфон» ва Студияи телевизиони тоҷик маҷмуаҳои шеърии «Чашмаи Хуршед», «Армуғони баҳор», «Ташнаи зиндагӣ», «Накҳати умед», «Фасли чаман», «Хиёбони баҳор», «Ашки мармар», «Фасли гулафшон», «Най» ва ғайраро ба ёдгор гузошт. Ӯ 24 июли соли 1944 дар деҳаи Дашти Рази ноҳияи Норак зода шуд ва 5 марти соли 2001 аз олам даргузашт.
Дар ин матлаб роҷеъ ба паҳлугардонии як тасвир ва тобиши тоза гирифтани он дар ашъори Ҷамолиддин Каримзода сухан дар миён аст, ки ба гунаҳои дигар дар ашъори пешиниён ва муосирон истифодаи фаровон доштааст.
Дар адабиёти классикӣ ва муосир шоирон эҳсосу андеша тафаккуру фаҳмиши худро, ки аз ҳолатҳои гуногуни мушоҳида ва ангезаҳо падид омадаанд, бо қобилияту нубуғи шоирии хеш дар қолабҳои шеърӣ таҷассум кардаанд.
Равшан аст, ки дар баёну ифода ва бозтоби мушоҳида аз аносиру саноеи мухталифи бадеӣ корбурд кардаанд, ки ҳам лафз хубу ҳадафрас баромадаасту ҳам маъно. Ҳароина, диди шоирона ва хусусияти волои образофарӣ ба онҳо имкон додааст, ки сухани нав, ташбеҳу истиораҳои ноб, таркибу ибораҳои ҷолибу дилангез, ба як сухан, хатти тасвирии хешро бо кашфи ғайримунтазира ошкор созанду пешниҳоди хонанда кунанд. Дар ин росто адабиёти классикӣ уқёнусест бекарон, ки гавҳарҳои дурахшони ифодаю таркибҳои шоирона ва бозёфтҳои маъноӣ онро олию воло ҷилва додааст. Чунонки маълум аст, тасвиру бозтоби гули лола ба сифати унсури меҳварии образсоз дар ашъори шоирони гузашта ва муосир ҷойгоҳи муҳимму калидиро дорост. Аз Рӯдакӣ шуруъ гардида, то Соибу Бедилу Ҷомию Ҷалолуддини Балхӣ… аз лола ба василаи ташбеҳу истиора манзараофарӣ намудаанд. Ва то ҷое, ки маълум аст, ба доғи сиёҳи даруни лола бештар таваҷҷуҳ кардаанд. Ҳатто дар байте аз шоири ҳавзаи адабии Самарқанд, ки ба тариқи зайл аст:
Соли гул нест, соли доғи дил аст,
Мо ҳам имсол лола коштаем, —
маънии баланди ҳакимона офарида шудааст. Вале дар ҳамин байт низ мақсади шоир ҳамон доғи лола аст. Возеҳу рӯшан аст, ки доғи лола сиёҳ асту дарду андуҳи дилро шоирон ба он шабоҳат додаанд. Аҷиб он аст, ки дар ғазалҳои шоирони сабки ҳиндӣ низ дар ҳама ҳолат ишора ба доғи сиёҳи лола ва ранги сурхи он шудааст.
Шоирони дигар лоларо ба ҷому соғар ва амсоли ин монанд кардаанд, ки хеле ташбеҳи маъмулист. Дар шеъри муосир зиндаёд Аминҷон Шукӯҳӣ содаву дилрас гуфтааст:
Лоларо ман соғари дастат кунам,
Пас шабе бо бӯйи гул мастат кунам.
Ё Гулрухсор дар тасвири зоҳирии манзара мегӯяд:
Лолаҳо дар ёлаҳо машъал шуданд,
Сабзаҳо дар пуштаҳо махмал шуданд.
Вақте ба мутолиаи ашъори шоири хушкалом, шодравон Ҷамолиддин Каримзода мепардозем, бо як силсила таркибу ибора ва ташбеҳоту истиораҳои нав дучор мегардем, ки дар раванди навнигарӣ ва ҷусторҳои ҳунарии шеъри замони зиндагии ӯ арзиши волоро соҳибанд. Дар зимн байтеро аз як ғазали ӯ мавриди баррасӣ қарор медиҳем, ки паҳлугардонии тасвири «лола» дар он хусусияти ҷамъбастию хулосакунандаеро дар пайи ин мафҳум дорад:
Мо магар бо лолаҳо ҳамқисматем,
К-умри мо бо чашми боз охир шавад.
Бо мутолиаи ин байт диққати моро калимаи «лолаҳо» дар мисраи якум ва таркиби «чашми боз» дар мисраи дуюм ба худ ҷалб менамояд. Беихтиёр мегӯем, ки Ҷамолиддин Каримзода, бешак, дар ташбеҳи лола сухани нав ёфтаву тасвири куҳнаву ҳазорсоларо паҳлугардон кардааст. Шоири нозукхаёлро на доғи лолаву на ранги он ба худ саргарм намудааст, балки ӯ ба баргҳои он, ки шакли чашми бозро доранд, таваҷҷуҳ намуда, маънии барҷаста офаридааст. Бардошт аз ин байт чунин аст, ки мо, инсонҳо, рӯзгоре дорем, ки ба сарнавишти лола шабоҳат дорад. Носозгорию мушкилот, беадолатию ноинсофӣ ва бетарафии одамонро ҳамарӯза ба мушоҳида мегирему хомӯшӣ ихтиёр мекунем, ки бас нобахшиданист. Яъне, мо бо чашми боз (мояи ҳайрату тааҷҷуб) ба каҷравиҳо менигарему дар роҳи ислоҳи онҳо талош намекунем.
Воқеан, таркиби «чашми боз»-и лолаҳо, ки маҳсули бозёфти эҷодии шодравон Ҷамолиддин Каримзода аст, аз тасвирҳои тоза дар шеъри мо дар мисоли паҳлугардонии як тасвири куҳнаву обшуста аст. Дар ҳама давру замонҳо сухани нав, таркибу ибораороии ноб, истифодаи саноеи бадеии тозаву шодоб шӯру ҷозибаеро дар ниҳоди фарди шеърдӯсту соҳибзавқ бедор мекунад, ӯро мафтуну шайдои худ мегардонад.
Мо умедворем, ки нақди адабии мо аз назари ҳунарӣ ба ҷусторҳои тозаву ибтикороти шоирии Ҷамолиддин Каримзода ва чеҳраҳои дигари муаррифиношудае чун ӯ мепардозад ва тозакориҳои онҳоро дар заминаи таҳаввули шеъри муосир барои хонандагон бозкушоӣ мекунад.
Шодӣ Раҷабзод