Паёми худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ

 Паёми худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ

Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангию тамаддунсози дунё мебошанд.
                                                                                                                           Эмомалӣ РАҲМОН

Дар фаъолиятҳои бисёрсамтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи миллат ва тақдири таърихии он ҳамчун нуқтаи меҳварӣ дорои ҷойгоҳи вежае мебошад. Дар таълифоти сершумор, суханрониҳо дар симпозиумҳо ва нишастҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, суҳбатҳои расмию ғайрирасмии Пешвои миллат ҳамвора ба ин масъала ва худшиносию худогоҳии миллӣ ишора ҳаст. Гузашта аз ин, андешаи ба масъалаҳо дар ростои манфиатҳои миллӣ нигаристан аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид ва бар ҳар амали хоҳ хурду хоҳ бузурге, ки дар ҳамин замина аз ҷониби табақаҳои гуногуни шаҳрвандон роҳандозӣ мегардад, ҳамеша арҷ гузошта мешавад. Ба сурати боз ҳам густардатар масъалаҳои зикршуда дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз оғоз то интиҳо бо руҳияи баланди миллӣ, ифтихори тоҷикӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ дарҷ шудааст. Ба ифтихори Ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлол  “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” эълон шудани соли 2026 далели дигаре бар ин андешаҳост.

Масъалаи эҳёи хотираи таърихии миллат дар тақвияти ҳисси худшиносию худогоҳии шаҳрвандон аз ҷумлаи муҳиммот ба ҳисоб меояд. Дар Паём ба ин маънӣ чунин омадааст: “Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад”.

Ба ин масъала аз ҷониби Роҳбари давлат ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Сохта ва ба истифода додани 150 иншооти соҳаи фарҳанг дар даҳ соли охир, таъмиру навсозии 350 иншооти дигар, бунёди Театри миллӣ “бо шароиту имконоти муосир” аз ҷумлаи ибтикороти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки бо мақсади мазкур ва ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.

Эҳёи хотираи таърихии миллат масъалаи хеле зарурӣ ва дар айни замон заҳматталаб аст.  Агар оғози худогоҳии миллати тоҷикро, ки ба дарозои мавҷудияти он реша дорад, ҳадди ақалл аз мақтаи замонии давраи Сомониён ба андеша бигирем, шоҳиди ифтихороти зиёде дар ҳамаи соҳаҳои илму дониш хоҳем гашт. Замони Сомониён аз назари ҷаҳонбинии илмӣ ва пешрафти захираҳои зеҳнӣ, чунонки С. Ф. Старр таъйид мекунад, низоми “аз ҷиҳати зеҳнӣ пешрафтатарини ҷаҳони он давра” ба ҳисоб меравад. Ҷустуҷӯ дар решаҳо ва сарчашмаҳо худ аз худ моро ба давраҳои оғози таърихи нав ва марҳалаҳои пеш аз солшумории милодӣ раҳнамоӣ мекунад.

Масъалаи дигар “баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонону наврасон”, аст.

Бо ин мақсад дар даҳ соли охир бо кӯшиши муассисаҳои табъу нашри соҳаи фарҳанг “900 номгӯй адабиёти бадеӣ ва бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас” шудааст. Инчунин, дар ҳамин фосила “бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону дусад ҳазор нусха китобҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба сурати ройгон ба ҳамаи хонаводаҳои кишвар ҳадя карда шуданд. Ин туҳфаҳои гаронбаҳоро ҳамаи оилаҳои кишвар аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарафи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо руҳияи ифтихор ва шукрона қабул карданд. Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани онҳо ба сифати “шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик” вазифаи таъхирнопазири ниҳодҳои масъули давлатӣ ҳисобида мешавад. Гувоҳи ин амри муҳим сатрҳои зеринанд, ки онҳоро бо ҳисси ифтихору қаноатмандии тамом бояд хонду ба зеҳн гирифт ва пиромунаш андеша кард: “Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали Қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул гаштани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзандӯзӣ” ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангию маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Ҳамчунин, танзими ҳамоишҳо зери унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад”.

Дар ҳамин росто, яке аз масъалаҳои арзишманди дигар, ки дар Паём ба он таъкид шудааст, ҳифзи арзишҳои моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик мебошад. Дарвоқеъ, дастовардҳои тамаддуну фарҳанги ҷовидонаеро, ки ниёкони мо ба мерос гузоштаанд, бояд соҳибӣ кунем, омӯзем ва аз асосҳои бунёдии он барои худшиносию худогоҳии фардию миллӣ ва тақвияти неруи дарки ҳувияти миллӣ истифода кунем.

Боиси ифтихори миллати фарҳангию тамаддунофари тоҷик аст, ки “гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ, онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек”-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд”.

Дар ҳошияи ин дастурҳои ҷовидонӣ ва дар батни бахше аз омӯзаҳои мундариҷ дар он – “мероси оламшумули аҷдоди худ”, “соҳибӣ кардан”, “омӯхтан”, “идома додан” ва “барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузоштан” зикри як нуктаро муносиб медонам. Манзури инҷониб, ҷамъ овардани дастхатҳои ношинохтаи аз ниёконамон бамеросмонда, барқарор кардани ҳаёту эҷодиёти шоирону нависандагон ва дигар бузургони илму адаби гузаштаамон дар ҳамаи соҳаҳои донишу маърифат, ба сурати ҷузъӣ, омӯзиши таърихи илмҳо ва таъйини саҳми бузургони гузаштаи мо дар тарвиҷи илм дар сатҳи ҷаҳонӣ, ба сурати куллӣ, аст. Мутаассифона, дар ҷомеаҳои илмӣ баъзан андешае садо медиҳад, ки гӯё дар қолаби монографӣ омӯхтани ҳаёту эҷодиёти адибони асримиёнагӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ кори шоистае нест. Баръакс, давраи магистрию докторантӣ ва зинаи баъдӣ фурсати мусоиде барои иҷрои чунин тарҳҳои илмӣ мебошад. Моро зарур аст, ки бо тарҳҳои вежаи пажуҳишӣ ба ин самти ковишҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кунем. Давраи дигаргун сохтани назару биниш дар масъалаи омӯзиши таърихи ҳар як илм ва намояндагони бузурги онҳо кайҳо фаро расидааст.

Дар идомаи андешаи ҳифзи арзишҳои моддӣ ва ғайримоддӣ арз мекунем, ки ду Пешниҳод – Амри Роҳбари давлатро дар хусуси бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз тасмими мондагору ҳувиятсоз меҳисобем. Тавзеҳи ин ду амри муҳимро ба таври равшан дар Паём дармеёбем: “Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд.

Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ, чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда, дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад”.

Тарбияи наслҳои оянда аз ҷавонони имрӯзи кишвар сар мешавад, ки Пешвои миллат ба онҳо эътимоду боварӣ доранд. Дар баробари он, ки Роҳбари давлат ҷавононро ҳамчун “неруи асосии пешбарандаи ҷомеа” мешиносанд, аз “ҳисси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарастии онҳо ифтихор” мекунанд, ҷавононро зарур аст, ки ба чунин боварӣ сазовор бошанд ва ҳамвора дар пайи ҷустҷӯ ва омӯзиш талош варзанд.

Дар маҷмуъ, дарки саҳеҳ ва шинохти пурраи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар ростои худшиносию худогоҳии миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва дар асоси руҳияи миллӣ, ҳувияти миллӣ, мафкураи ифтихор аз Ватану ватандорӣ ба роҳ мондани тамоми навъҳои фаъолият қарзи шаҳрвандии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Дар тарозуи манфиатҳои миллӣ андоза гирифтан ҳангоми пиндор, андешидан пеш аз гуфтор, мувозибат дар кирдор ва тасмимгириҳо дар иҷрои амреро пайваста таҷриба мебояд кард.

Мисбоҳиддин Нарзиқул

Дигар хабарҳо