ПАЁМИ НАВ
Перомуни Паёми солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктае, ки қабл аз ҳама ба хотир мерасад, ин падида аст, ки аҳли ҷомеаи кишвар аз ҳар тариқе муносибат ва чашмдоштҳои худро нисбат ба ин Паём изҳор доштаанд. Яъне қабл аз ироаи Паём дар хусуси муҳтавои он ва пешбинии тадбирҳои маданию умронӣ дар солҳои оянда ба воситаи қиёсу муҳокима назар дода ва чун шаҳрванди кишвар ибрози умед кардаанд.
Ин падида нишондиҳандаи афзоиши фаъолияти маданию шаҳрвандӣ ва умеду эътимоди рӯзафзуни аҳли ҷомеаи кишвар ба Паёми Пешвои миллат мебошад.
Бо итминон метавон гуфт, ки дар Паёми имсола ба ин пешнигариҳои некбинонаи ҷомеаи маданӣ ба андозаи кофӣ посухҳо ва ҳидоятҳо дарҷ гардидааст.
Бахши гузориш аз корҳои анҷомшуда дар солҳои гузашта намудори он аст, ки рушди босуботи иқтисодии кишвар таъмин гардидааст. Гузашта аз ин, хатти масири рушди иқтисодию фарҳангӣ ба таври мусовӣ бо рушди таърихии истиқлоли миллӣ ва дар пайвастагии пурмуҳтаво бо он пеш меравад. Ба ин мазмун, аз ҷумла, ёдоварӣ мегардад, ки:
“Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд”.
Нуктаи бисёр муҳим ва умедворкунандаи дигар ширкати фаъоли соҳибкорон ва сармояҳои дохилӣ дар корҳои созандагӣ дар кишвар мебошад. Ин ҳамкориҳои густарда ва боитминон башоратдиҳандаи афзоиши эътимоди миллӣ, ваҳдати амалии миллӣ ва ба миён омадани фарҳанги муассири созандагӣ дар ҷомеаи кишварамон ба баракати ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат ва мусоидати Ҳукумати кишвар ба фаъолияти ҳарчи муассиртари соҳибкорон мебошад:
“Барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд”.
Бадеҳист, ки санади пешбинишавандаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» дар ҳамин заминаи мусоид танзим хоҳад гардид. Таъкид гардидааст, ки дар ин санад ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат ва дорои арзиши баланди афзуда, пайванди илму технология ва ихтироъу навоварӣ бо истеҳсолот таваҷҷуҳ карда шавад.
Иқдомҳои амалӣ ба хотири иҷрои ин Барномаи рушд дар сархатти фаъолиятҳои оянда қарор дода мешавад ва, аз ҷумла, пешниҳод мегардад, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон шавад. Ҳамчунин иқдоми амалии заминасози дигар барои иҷрои муассири Барномаи рушд пешниҳоди таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мебошад.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи рушди корбурди фанновариҳои нав ва иқтисоди рақамӣ муҳимтарин қисмати Паёми имсола мебошад, ки ба тамоми бахшҳои дигари Паём иртиботи мустақим пайдо менамояд. Фанновариҳои нав ва иқтисоди рақамӣ ҳаҷми корро коҳиш ва суръати анҷоми онро чанд баробар афзоиш дода, имкон фароҳам месозанд, ки аз сармояҳои зеҳнӣ ҳадди аксари истифода ба амал оварда шавад. Дар дунёи имрӯз рақобатҳои аслӣ ба асоси фанновариҳои (технологияи) муосир сурат мегирад. Дар сурати дур ва маҳрум мондан аз донишҳо ва созукорҳои навоваронаи фаннӣ ногузир кишвари мо дар сатҳи содиркунандаи ашёи хом ва ё дар беҳтарин ҳол фаровардаҳои нимасохта боқӣ мемонад. Дар ҳоле, ки технологияҳои навин метавонанд рӯйи молу маҳсулот чанд баробар арзиши афзуда илова намоянд, ҳамзамон иқтисоди рақамиро суръат ва ҳаҷми муомилотро ба таври бесобиқа афзоиш бидиҳанд.
Мисли паёмҳои солҳои пешин як бахши муҳимми паёми имсола низ ба масъалаи сохтусози пойгоҳҳои неруи барқ ва таъмини кишвар бо неруи барқи доимӣ ихтисос дошт. Иқдоми нав ва муассире, ки дар чанд соли охир дар баробари сохти неругоҳҳои нав дар ин замина амалӣ мегардад, таъмиру навсозии неругоҳҳои мавҷуда мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба муҳтавои Паёми имсола агар ҳамаи ҳаҷми неруи барқи афзуда, ки дар неругоҳҳои гуногун дар натиҷаи таъмиру бозсозӣ ба вуҷуд омадааст, дар як воҳиди шартӣ ҷамъ карда шавад, иқтидори як неругоҳи бузурги дигар бо зарфияти 180 мегаваттро ташкил медиҳад.
Нуктаи бисёр муҳим ва умедбахши дигар дар ин қисмат аз Паём оғози сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт дар вилояти Суғд мебошад. Ин оғози танҳо як неругоҳ нест, балки оғози як марҳалаи сифатан нав дар тавлиди неруи сабз аз ҳисоби захираи поённопазир ва таҷдидшаванда мебошад, ки онро метавон “инқилоби неруи сабз ” унвон кард. Тибқи ҳисобҳои дар тайи чанд соли охир анҷомшуда дар Тоҷикистон мизони рӯзҳои офтобӣ солона 73,42 дарсадро ташкил медиҳад. Ин омор аз баландтарин нишондодҳо дар ҷаҳон мебошад. Яъне ҳамон гуна, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои бештарин захираҳои оби ошомиданӣ мебошад, ҳамчунин захираи неруи офтобии он дар болотарин сатҳ аст ва ин неру бо ҳеч навъ хатари коҳише рӯбарӯ нест. Ин захираи азим уфуқҳои тозаеро дар тавлиди неруи сабз боз менамояд, дар ҳоле ки ҳанӯз бидуни шуруи корбурди он низ, тавре ки дар Паём омадааст: “Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад”.
Аз воҳидҳои зерсохтии дигаре, ки барои рушди иқтисоди Тоҷикистон аҳаммияти бунёдӣ дорад, сохти шабакаи роҳҳо мебошад, ки дар Паём аз он ёдоварӣ гардидааст ва маълум мегардад, ки мавқеи сифатии роҳҳои Тоҷикистон дар миёни кишварҳои транзитии ҷаҳон хеле устувор шудааст. Бояд дар назар дошт, ки умдатан роҳҳои транзитӣ дар айни ҳол нақши роҳҳои дохилии Тоҷикистонро адо менамоянд ва вуҷуди ин шабакаи роҳҳои сол ба сол дар ҳоли беҳбуд аз муҳимтарин шартҳои таъмини рушду пешрафти иқтисод ва ҳама ҷанбаҳои зиндагии мардуми кишвар мебошад.
Кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳам ба лиҳози собиқаи фарҳанг ва анъанаҳои иқтисодӣ, ҳам ба лиҳози вежагиҳои табиии кишвар муҳимтарин бахши иқтисоди миллиро ташкил медиҳад. Хусусан, дар қисмати кишту зироат ва боғдорӣ. Ба ин далел аст, ки ҳамеша зимни баррасии масъалаҳои ҳаётан муҳимми иқтисоди кишварамон кашоварзӣ дар сархати мавзуъҳо қарор дода мешавад. Дар Паёми имсола дигар суҳбат ба кишту зироати дубора маҳдуд намегардад ва таъкид мешавад, ки корбурди зарфиятҳои кишоварзӣ пайваста ба навтарин дастовардҳои илму фан, базрпарварӣ, беҳбуди навъи зироат ва чорво такмилу рушд дода шавад ва заминҳои нави кишоварзӣ ба доираи истифода ворид карда шаванд. Дар воқеъ тасаввури маҳдуд будани заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон бояд аз миён бурда шавад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳанӯз зарфиятҳои бузурге дар ин замина номакшуф боқӣ мондааст. Ба ғайр аз заминҳои мавҷуд, ки дар собиқ майдони кишту зироат будаанд, заминҳои зиёди кӯҳдоманҳо ва канори рӯду дарёҳо аз доираи истифодаи кишоварзӣ берун мондаанд. Танҳо аз ҳисоби соҳилбандӣ дар маҷрои табиии рӯдҳои сартосари кишвар ҳазорҳо гектор заминҳои қобили кишту варзи обиро метавон ба даст овард. Истифодаи фанновариҳои муосир дар тавлидоти кишоварзӣ низ фосилаи манфии иқтисоди аграрӣ ва саноатиро аз миён бурда, боиси чанд баробар афзоиш ёфтани даромад аз ҳаҷми мавҷуди маҳсулоти кишоварзӣ мегардад. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки маҳсулоти кишоварзии кишвари мо бо сифати табиии худ шуҳрат дорад.
Таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба илму маориф ва тарбияву парвариши мутахассисони ҷавон дар ҳама соҳаҳо, азхуд кардани фанновариҳои навтарин, технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла тавони истифода аз зеҳни сунъӣ дар барномасозиҳо низ аз нуктаҳои муҳими Паёми имсола мебошад.
Бо дарҷ кардани омори тасдиқкунандаи рушди устувори соҳаи илму маориф дар солҳои гузашта, сармоягузориҳои муҳим дар тавсеаи зербинои илму маориф ва беҳбуди вазъи иқтисодии аҳли илму маорифи кишвар ва пешниҳодоти бештар дар ин самт, ҳамзамон таъкид карда шуд, ки: “Илова бар ин, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд”.
Дар ҳақиқат, ба ҷуз ниёзҳои мубрами ҳамроҳӣ ва ҳамсӯӣ бо ҷомеаи муосири маданӣ, ифтихороти миллии мо аз гузаштаи дурахшон, хусусан дар заминаи дастовардҳои оламшумули илмӣ ва фарҳангию маънавии миллӣ, ки ба шарофати ташаббусҳо дар сатҳи олии раҳбарии кишвар вориди феҳристи дастовардҳои маънавии башар мегарданд, моро водор месозанд, ки ҳувияти миллии муосири худро ба ин сатҳи баланд мутобиқ созем.
Эътимоди барҳақ ва хосаи Сарвари давлат нисбат ба зарфияти зеҳнии ҷавонон қобили ситоиш ва тақдир мебошад. Натиҷаи озмунҳои илмию ҳунарию адабӣ, дастовардҳои соҳибистеъдодҳои ҷавони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ посухгӯи чунин эътимод мебошанд. Яъне ин сатҳи илмию маънавӣ бояд дар вусъати умумимиллӣ, дар системаи маорифи кишвар таҳаққуқ пайдо кунад. Зеро: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.
Таъкиди Раҳбари давлат ба имконоти бамаротиб бештари Тоҷикистон бо такя ба неруҳои зеҳнии ҷамъияти он боз аз ин назар муҳим аст, ки баъзан нисбат ба ин имконот назари пессимистӣ баён мешавад, кишвари моро баъзан дар қиёси мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон кӯчак ва аҳолии онро камшумор мепиндоранд ва бо ин ҳол вобастагии онро ба қудратҳои бузург як амри табиӣ ва ногузир медонанд.
Таъкид ба ифтихор кардан аз миллату мамлакати худ дар бештари суханрониҳои Пешвои миллат қабл аз ҳама ба хотири аз байн бурдани ҳамин пессимизми хатарнок ва эҷоди эътимод ба нафс, худшиносӣ ва худбоварӣ аст. Ба гуфти аллома Иқбол:
Санг бар худ чун гумони шиша кард,
Шиша гардиду шикастан пеша кард.
Душманат тарсон агар бинад туро,
Аз хиёбонат чу гул чинад туро.
Чунонки пештар ёдоварӣ шуда буд, вақте дар хусуси мавқеъ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон, муқоисаи он бо кишварҳои дигар сухан меравад, аксаран ба ин нукта таваҷҷуҳ намекунанд ва ё худ гӯё иттилоъ надоранд, ки сарфи назар аз маҳрумиятҳои тоҷикон аз бисёр ҳудудҳои таърихии худ ҳамин Тоҷикистони кунунӣ аз назари ҳудудӣ бузургтар, масалан, аз тамоми ҷумҳуриҳои Қафқоз, аз тамоми ҷумҳуриҳои Соҳили Балтик, бузургтар аз кишварҳои пешрафтаи машҳуре чун Юнон, ҳар ду Корея, Булғористон, Маҷористон (Венгрия), Австрия, Иморот, Чехия, Дания, Шветсария (беш аз се баробар) ва ғ. мебошад. Агар аз назари аҳолӣ таваҷҷуҳ шавад, боз мақоми Тоҷикистон бартар аст. Гузашта аз ин, ҳамон тавре ки дар Паём таъкид гардид, яке аз имтиёзоти дурахшони Тоҷикистон ҷавон будани бештари аҳолии он аст. Тибқи ҳисобҳо, то соли 2018 наздик ба 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон камтар аз 30 сол дорад.
Ин дар ҳолест, ки бисёр кишварҳои бузург ва пешрафтаи ҷаҳон ба таносуби баръакси ин қиёс рӯбарӯ ҳастанд. Яъне 70 ва бештар аз он дарсади аҳолиашонро пиронсолон ташкил медиҳанд ва онҳо ин вазъро хатари ҷиддии демографӣ медонанд.
Ҳамаи ин вежагиҳои демографӣ низ системаи илму маорифро дар кишвари мо аз ҷойгоҳи бисёр бартар бархурдор менамояд. Зеро лаёқати фаро гирифтани илму дониш ҳам хоси наврасон ва ҷавонон мебошад. Барои ҳамин заминаи боэътимоди пешрафти илму фанноварӣ аз лиҳози захираҳои табиии инсонӣ ва зеҳнӣ дар кишвари мо мавҷуд аст ва ба ин восита кишвари мо кишвари андешаҳои ояндасоз мебошад.
Тавре ки дар Паём омадааст: “Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад”. Мудирияти огоҳонаи давлатӣ дар самти ҳидоят, ҳимоят ва корбурди неруҳои зеҳнӣ, ҳамзамон тақвияти унсури худшиносии миллии таърихӣ ва бовару эътимод ба гузаштаи пурифтихор ва ояндаи аз он ҳам дурахшонтари миллату кишвари худ, бешак, тазмини ояндаи шоистаи Тоҷикистони азизамон мебошад.
Рустам Ваҳҳобзода
Шоири халқии Тоҷикистон