«Парвози шоҳин» дар Кӯлоб

Чанде пеш маҳфили адабии «Парвози шоҳин»-и факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки шоир, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Файзи Ашӯр баргузор гардид.
Дар маҳфил ректори донишгоҳ, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор Дилшод Раҳмон, намояндагони илму адаби кишвар ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Ректори донишгоҳ зимни сухани ифтитоҳӣ аҳли илму адаб ва меҳмонони гиромиро ба ин боргоҳи илму маърифат хушомадед гуфт.
Дар идома Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, шоир, узви вобастаи АМИТ Ҳасан Султон, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Давлати Раҳмониён, мудири кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Данғара Озод Саидҷаъфарзода, доктори илми филология Ҳотам Асозода, корманди маҷаллаи «Садои Шарқ» Бузургмеҳри Ҳаким ва дигарон дар бораи махсусиятҳои ашъори Файзи Ашӯр суханронӣ карданд.
Зикр гардид, пайрави роҳи эҷодии падар шудани Файзи Ашӯр гувоҳи он аст, ки боғи маънавиёти шоир самараҳои хуб ба бор овардаасту дар мактаби эҷодияш шогирдони содиқ ба афкори инсонпарваронаи ӯ тарбият ёфтаанд.