Пайвандгари дилҳои адибон

 Пайвандгари дилҳои адибон

Масъалаҳои равобити адабии гузашта ва имрӯзии халқи тоҷик бо ақвоми дигар дар замони Истиқлол зимни пажӯҳишу ковишҳои робиташиносон уфуқҳои тоза ва паҳнои бештар пайдо кард. Дар рушду таҳаввули ин паҳлуи адабиётшиносии тоҷик нақши шодравон Муртазо Зайниддинзода бузург аст.

Муртазо Зайниддинзода дар миёни пайвандшиносони замо­ни Истиқлол яке аз муҳаққиқони муваффақ дар таҳқиқу баррасии робитаҳои адабии халқи тоҷик бо сойири халқҳо маҳсуб мешавад. Мавсуф бо андешаву мулоҳизаҳои арзишманди илмии хеш нафақат миёни аҳли илму адаби тоҷик, бал­ки дар ҳавзаҳои адабиётшиносии халқҳои Осиёи Марказӣ, тотору русу Қафқоз ҳам пажӯҳишгари нозукбини таърихи адабиёт, робитаҳои адабӣ ва нақди адабӣ эътироф шудааст.

Ба қалами ин донишманди закӣ беш аз 400 номгӯй китобу монографияҳо, мақолоти илмӣ, илмию оммавӣ, публитсистӣ, ёддошту хотирот ва ғайра тааллуқ гирифтааст, ки соҳаҳои гуногуни назария ва амалияи илмҳои таърихи адабиёт, адабиёти муосир, нақди адабӣ, равобити адабӣ ва адабиётшиносии татбиқиро дар бар мегиранд. Қисмате аз онҳо ба аҳволу осори адибони тотор Қаюм Носирӣ, Шаҳобиддини Марҷонӣ, Абдулло Туқай, Шариф Камол, Олимҷон Иброҳимов, Мӯсо Ҷалил, адибони рус Л.Н. Толстой, А.С. Пушкин, А.Гайдар, К. Паустовский, А.Чуковский, адиби қазоқ Мухтор Авезов, адибони ӯзбек Алишер Навоӣ, Ҳамза Ҳакимзода, Ғафур Ғулом, Аширмат Назаров, нависандагони қирғиз Т. Сотилғанов, Ч. Айтматов, адиби литвонӣ Э. Межелайтис, украин М. Бажан, адиби Куба Николас Гилен ихтисос гирифтаанд. Инҳо бо таҳлили амиқи факту ҳаводиси адабӣ ва шарҳу тафсири хоси муаллифӣ хонандаро ҷалб мекунанд.

Дигар соҳаи ковишҳои илмии ӯ ҷараёни адабии тоҷик, дирӯзу имрӯзи он аст. Паҳлуҳои гуногуни ҳаёту эҷодиёти шоирону нависан­дагони тоҷик – С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҳ. Юсуфӣ, А. Пир­муҳаммадзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, А. Қаҳҳорӣ, М. Ҳайдаршо, И. Файзулло, Қ. Киром, А. Атобоев, С. Саидмуродов, Лутфӣ Саид, М. Ҳотам дар бархе аз мақолоти ӯ равшан шудаанд. Ин навиштаҳои ӯ баробар бо таъкиди дурустии ин ё он афкори муҳаққиқони дигар, ҳат­ман навие доранд, далелу санадҳои то ҳол ногуфтаро манзур мекунанд.

Албатта, ҳар муҳаққиқеро масъа­лаест, ки ба он таваҷҷуҳаш зиёдтар аст. Дар тадқиқоти илмии Муртазо Зайниддинзода равобити адабии мардумони тоҷику тотор мавқеи асосӣ дорад. Аз ин рӯ, ба чигунагӣ ва қонунмандии ин пайвандҳо аз охирҳои асри XIX то ибтидои қарни XX китобу рисолаҳое дорад, ки ба­рои адабиётшиносии тоҷик арзиш­манданд. Рисолаҳои пурмуҳтавои “Қаюм Носирӣ. Абуалӣ Сино” (1995), “Ёде аз бузургон” (2010), “Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо” (2016) аз ҳа­мин қабиланд. Ҳамчунин мақолаҳои “Шоири мазҳари пайвандҳо” (1985), “Абдулло Туқай ва адабиёти тоҷик” (1985), “Ровии дӯстӣ” ва “Маҳбуби дилҳо” (1986), “Фаъолияти адабиву маърифатии Ризоуддин Фахруд­динов ва робитаҳои адабии тоҷику тотор дар ибтидои асри ХХ” (1997), “Каживу ростиҳо дар иртиботи маънавии халқҳои тоҷику тотор” (1994), “Масъалаҳои равобити фарҳангии халқҳои тоҷику тотор” (1995), “Робитаи адабии тоҷику тотор” (2004), “Марҷонӣ ва марҳа­лаи нави рушди робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор” (2007), “Тӯ­фон Лоҳутиро ба Тотористон бурда буд” (2008), “Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар давраи нав” (2010), “Аз таърихи равобити адабии халқҳои тоҷику тотор” (2012, 2013), “Фаъолияти маорифпарварии Шаҳобиддини Марҷонӣ ва рушди робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор” (2016), “Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар қаринаи матбуоти даврӣ” (2018), “Мақоми Садриддин Айнӣ дар рушди ро­битаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор” (2018) масъалаҳоеро дар бар мегиранд, ки бевосита ба равобити пурфайзу пурбаракати ин ду халқ ихтисос доранд. Муҳаққиқ фақат ба пажӯҳиши пайвандҳои адабии охири қарни ХIХ ва ибтидои садаи ХХ маҳдуд нашуда, чашмандозе фарохтар аз он дорад. Вай оғози таърихи робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тоторро аз асрҳои Х-ХI, аз давраҳое медонад, ки осори панду ахлоқии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-и Низомӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдӣ, ғазалиёти Ҳофиз, «Мас­навии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ, ҳамчунин пораҳои алоҳидаи «Калила ва Димна», «Тӯтинома», «Бахтиёрнома», «Ҳазору як шаб» аз тариқи тарҷума сужету мундариҷаи онҳо дар осори нависандагони турк­забон ворид шудааст.

Муҳаққиқ ҳамин андешаашро дар мақолаҳои “Ҳофиз дар саҳифаҳои маҷаллаи тоториву бошқирдии “Шуро” (1987), “Туҳфаи ноширони Қазон” (1987), “Қиссаи Ибни Сино аз назари маорифпарвари тотор Қаюм Носирӣ” (1990), “Абулқосим Фир­давсӣ ва адабиёти тотор” (1994), “Нуфузи Саъдӣ дар адабиёти тотор” (1997), “Умари Хайём ва адабиёти тотор” (2000), “Абуалӣ Сино дар шинохти маорифпарварони тотор” (2015), “Калила ва Димна” дар шинохти адибону донишмандони тотор” (2017) таъйид кардааст. Мур­тазо Зайниддинзода равобити ада­биёти тоҷику тоторро аз паҳлуҳои гу­ногун мавриди баррасӣ қарор дода, нақшу ҷойгоҳи шахсиятҳои шинохта, адибон ва донишмандони тоҷикро дар густариши робитаҳои адабии ду халқ дар мақолоти “Марде, ки зи нола даҳ инқилоб овард”, “Лоҳутӣ ва адабиёти тотор” (1987), “Мирзо Тур­сунзода ва баъзе масъалаҳои ра­вобити адабӣ” (2001), “Устод Айнӣ ва иртиботи фарҳангии халқҳои тоҷику тотор” (2009), “Устод Айнӣ ва адабиёти тотор” (2010), “Саҳ­ми Аълохон Афсаҳзод дар илми робиташиносӣ” (2015) “Абулқосим Лоҳутӣ ва адабу фарҳанги тотор” (2017) мавриди баррасӣ қарор до­дааст. Ин донишманди ҷӯё нақши аҳли зиё ва фарҳангиёни тоторро дар тасаввури адибони тоҷик зим­ни таълифи мақолаҳои “Нақши зиёиёни тотор дар романи “Ситорае дар тирашаб”-и Расул Ҳодизода” (2003), “Бозтоби чеҳраи тоторҳо дар романи “Ситорае дар тирашаб”, 2009), “Бозтоби чеҳраи тоторҳо дар хотироти Ҷалол Икромӣ” (2011) мушаххас кардааст, ки қобили та­ваҷҷуҳ мебошанд.

Муҳтавои навиштаву мақолаҳои дигари Муртазо Зайниддинзода шаҳодати онанд, ки доираи пажӯҳи­ши ӯ аз қаламрави равобити адабии тоҷику тотор бурун рафта, баррасии муносибати адабиёти моро бо адабиёти дигар халқҳо низ фаро мегирад. Дар ин росто аз мақо­лаҳои “Бонуи рус ва муҳити адабии туркигӯён” ва “Ҷадалҳои маърифа­тии як бонуи рус” (1999), “Пушкин дар доираи адабии туркзабонон” (1999), “Шуҳрати “Гулистон” миёни туркигӯён”, “Истиқболи “Гулистон”-и Саъдӣ аз ҷониби ақвоми туркзабон” (2003) ва ғайраро метавон ёдовар шуд.

Ба андешаи Муртазо Зайнид­динзода, дар қиёсу муқобала бо осори гаронмоя ва баландғояи аҳли адаби Шарқи хориҷӣ ва кишварҳои мутамаддини Ғарб ба таҳқиқ гириф­тани адабиёти миллӣ барои равшан кардани мавқеъ ва қимати осори адибони ватанӣ бағоят муҳим аст. Зарур будани ин масъаларо дар раванди муколамаи тамаддунҳо Мур­тазо Зайниддинзода хуб дарк наму­да, дар китобҳои “Ёде аз бузургон” (2010), “Пайванди халқҳо ва тамад­дунҳо” (2016) ва мақолаҳои “У исто­ков диалога цивилизаций“ (2007), “Вклад русской женщины в разви­тии диалога цивилизаций” (2011), “Заминаҳои ваҳдатофари гуфтугӯи тамаддунҳо” (2012), “Исламская культура в восприятиях русского ученого” (2017) андешаҳояшро баён кардааст. Ҳамзамон Муртазо Зай­ниддинзода нисбат ба масъалаҳои фавқуззикр чун муҳаққиқи огоҳ аз руҳу фазои фарҳангу адаби муосир зимни суханрониҳо дар конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ дар мар­казҳои илмию фарҳангии Туркия (1995), Русия (1997), Беларус (2017) афкори муҳим баён намудааст.

Масъалаҳои умдаи таърих ва назарияи матбуоти миллӣ, бозтоби ҷунбиши фикрии мардум дар саҳа­фоти матбуот, нақши рӯзномаву маҷаллаҳо дар тарғиби адабиёт, нақши матбуот дар истилоҳсозӣ ва рушди забони миллӣ, мавқеи матбу­от дар бедории фикрӣ мавзуи баҳ­си мақолаҳои “Вақт” (1988), “Шуро” ва ҳамбастагии ду мил­лат” (1999), “Ҷунбиши фикрии мардум дар саҳифаҳои нашри­яи “Ҷунбиш” (1999), “Нақши маҷаллаи “Шуро” дар ҳам­бастагии миллатҳо” (2004), “Нақши маҷаллаи “Шуро” дар тарғиби ада­биёт” (2006), “Маҷаллаи “Шуро” ва шинохти арзишҳои башарӣ” (2009) гардидааст. Муҳтавои ин мақолот шаҳодат медиҳад, ки Муртазо Зайниддинзода ба таърихи матбу­оти тоҷик ҷиддӣ таваҷҷуҳ намуда, паҳлуҳои таҳқиқнашудаи онро ба нишон мегирад. Бавежа китоби «Ма­шъалафрӯз» (1995)-и ӯ дар рӯшан намудани давраҳои торики таърихи матбуот ва адабиёти тоҷик ва осору аҳволи саромадони фарҳанги мил­лӣ нақши арзанда дорад.

Пажӯҳиши Муртазо Зайниддинзода фақат бо таҳқиқи робитаҳои адабӣ маҳдуд намешавад. Ӯ ба масъалаву муаммоҳои адабиёти давраи нави тоҷик, назария ва нақди адабӣ ва проблемаҳои тарҷумаву тарҷумашиносӣ низ диди хос дорад. Таҳқиқу баррасии рӯзгору осори адибони давраи нави тоҷик – С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҳ. Юсуфӣ, А. Пирмуҳаммадзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, А. Қаҳҳорӣ, И. Файзулло, М. Ҳайдаршо, Қ. Киром ва бозтоби чеҳраҳои илмӣ ва ҳунарии онҳо дар мақолоти “Публитсистикаи устод” (1981), “Зиндагӣ ҷои хамӯшӣ набувад” (1982), “Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам” (1982), “Роҳи ман ба Сталинобод танҳо бо воситаи Берлин аст” (1985), “Лолаи аз хун дамида” (1986), “Шоири коммунист” (1988), (2016), “Мӯшикофист пешааш дар илм” (2016), “Ҳомии вазну тамкини сухан” (2017), “Камолоти афкору ақида” (2017), “Ҳақиқатро бараҳна бояд гуфт” (2017) муфассал зикр шудаанд.

Дар замири устод Муртазо Зай­ниддинзода ҳазорон ормон буд. Агар имрӯзҳо дар байни мо мебуд, мақолоту рисола ва китобҳои то­заашро чоп ва нақшаҳои навашро ба нафъи илми тоҷик ва пешрафти адабу фарҳанги Тоҷикистони азиз дар ҳаёт татбиқ менамуд.

Ёдаш гиромӣ бод!

Қарор Муҳаммадизода,
устоди ДМТ

 

Дигар хабарҳо