Ошёни баланди меҳру сухан. Ба муносибати 30-солагии шуъбаи бадахшонии ИНТ
Боварам намеояд, ки шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки бо муҳаббати тамом онро ошёни шеъру меҳри Бадахшон меномем, имсол аллакай 30-сола мешавад. Ба хаёлам, ҳамагӣ чанд муддат пеш буд, ки он таъсис ёфт. Қабл аз таъсис додани он дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид ва қарор шуд, то дар маркази ВМКБ шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифтитоҳ гардад, зеро он вақт дар Бадахшон фазои адабӣ буд, маҳфили «Адибони Бадахшон» бо сарварии устод Ширин Бунёд амал мекард, аммо шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагон вуҷуд надошт. Аз ҷониби раёсати маҷлис таъкид гардид, ки пеш аз кушодашавии бахш бояд чанде аз адибони вилоят ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул карда шаванд, зеро он адибони зодаи Бадахшон, ки аъзои Иттифоқи нависандагонанд, маскуни Душанбешаҳр шудаанд ва, инак, дар Бадахшон ба ғайр аз Ширин Бунёд ягон адиби дигар узви ИНТ нест. Дар ибтидои ҷаласа гуфта шуд, ки дар навбати аввал бояд арзандатаринҳо ба узвият пазируфта шаванд.
Аз ҷониби устодони дар ҷаласа ҳузурдошта даъват ба миён омад, ки дар навбати аввал бояд адибон Ато Мирхоҷа, Раънои Мубориз ва Наҷмиддини Шоҳинбод ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайванданд. Номзадии мо, се адибро ба овоздиҳии кушода монданд. Хушбахтона, тамоми устодон якдилона овоз доданд. Раиси вақти ИН Тоҷикистон устод Аскар Ҳаким аъзои нави ИНТ-ро табрик кард ва гуфт, ки дар кўтоҳтарин муддат дар шаҳри Хоруғ бахши вилоятии ИНТ ифтитоҳ хоҳад ёфт. Ногуфта намонад, ки моҳи декабри ҳамон сол, яъне соли 1991 мо, аҳли адаби Бадахшон, барои баргузории ҷашни 50-солагии устод Ширин Бунёд ба шаҳри Душанбе омада будем ва дар он ҷаласа иштирок доштем. Ҳамин тавр, барои ифтитоҳи шуъбаи бадахшонии ИНТ замина гузошта шуд. Мо ба Бадахшон рафтему баъди чанде ҳуҷҷати узвияти ИНТ-ро бароямон фиристоданд.
Соли 1994 шуъбаи бадахшонии ИНТ ба кор оғоз кард ва роҳбари маҳфили «Адибони Бадахшон» шоир Ширин Бунёд котиби масъули он таъйин гардид. Ширин Бунёд оҳиста-оҳиста қаламкашони соҳибистеъдодро аз ҳар гўшаву канори вилоят ба ҳам овард. Ҳамин гуна бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва мусоидати Ҳукумат адибони Бадахшон соҳиби маркази адабии худ гардиданд. Дар хотирам монда, ки солҳои 80-ум мо, адибони Бадахшон, дар ҳайати гурўҳҳо ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафарҳо мекардем ва осорамонро муаррифӣ менамудем. Хушбахтона, ин шуъба дар давоми 30 соли фаъолияташ адибони хуберо ба адабиёти тоҷик дода тавонист ва боз ҳам хоҳад дод.
Мавриди зикр аст, ки дар нигаҳдории муҳити мусоиди бахши вилоятии ИНТ Ширин Бунёд ҳақиқатан ҳам саҳми боризе гузошт ва имрўз ин
рисолат бар дўши шоир Лаълҷубаи Мирзоҳасан афтода. Огоҳем, ки Лаълҷубаи Мирзоҳасан низ сидқан кор карда, ҳамроҳи аҳли адаби вилоят дар чорабиниҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамояд. Заҳматҳои ин шоирони хуби диёр қадрдонӣ шуда, ҳардуяшон бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд, ки боиси сарфарозии ҳар яки мост.
Ба фаъолияти минбаъдаи бахши бадахшонии ИНТ пешравиҳои тоза ба тоза мехоҳем. Умед дорем, ки ин ошёни шеъру меҳр ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳамасола адибонеро эҳдо менамояд, ки дар пешрафт ва ҳифзу нигаҳдории адабиёти мондагори тоҷик саҳм гузошта метавонанд. Барорҳои нав насибашон бод!
Раънои Мубориз