Офатҳое чун хурофоту ҷаҳолат ва руҳи миллат
Агар барои ҷисман нобуд кардани як миллату давлат силоҳи ҳастаӣ кофӣ бошад, пас барои олудаву нопок сохтани арзишҳои миллии як қавм кофист, ки тасаввуроти гумроҳкунандаву хурофотии пур аз ҷаҳолату ҳамоқатҳо дар ҳар шакле ба низоми тафаккури он қавму миллат ворид карда шавад. Кофист, ки тавассути афкори зиндагибезорона, бечорагиву бардагӣ ба хотири ҳаёти пурсаодати оянда, умед бастан ба эътиқодоте, ки шубҳаву исботро намепазирад ва даҳҳо навъи хурофаҳои дигар ба низоми арзишҳо роҳ ёбанд ва тафаккури носолим ва тиҳӣ аз донишу хирад ривоҷ бигирад.
Даргириҳои таҳмилии тоҷикон дар солҳои 1992-1997 зарбаи ҷонкоҳ ба руҳи миллат зад. Характери миллӣ тағйир ёфт, арзишҳои бегона чанг ба домони арзишҳои бумӣ заданд ва муборизаи мафкуравӣ авҷ гирифт. Табиати хурофот ҳамин аст, ки маҳз дар вазъиятҳои барои инсонҳо мураккабу душвор рушд мекунад. Даҳҳо хурофоти “нав ба нав” пайдо шуданд, фолбиниву мазорпарастиву ба ҳадди ифрот расонидани таҳаммулгароӣ ва фатализм (тақдирпарастӣ) авҷ гирифтанд. Боз садҳо тасаввуроти хурофотие рӯ заданд, ки дарунмояашон умед бастан ба муъҷизаҳо буд…
Бо фароҳам шудани майдони озодиҳои эътиқодӣ даҳҳо равияву фирқаҳои иртиҷоӣ – салафияву ваҳҳобияву қаландария ва ғайра ба вуҷуд омаданд, маъракаҳои “бахткушоён” (барои хонадор шудани бонувоне, ки бо сабабҳои маълум издивоҷ карда наметавонистанд), расми “дасту пойбӯсии” руҳониён, дар маъракаҳои хушнудии ҷавонон ҷорӣ шудани мавъизаи муллоҳо (ба ҷойи сурудхонии сарояндагон), кӯшиши ворид кардани меъёрҳои мазҳаби шиъа ва ҷорӣ кардани Ошуро (ки дар маҳаллаи Туркободи шаҳри Ваҳдат аллакай мардумро ба он омода карда буданд), тарғиби афкори махсус ҷиҳати барканор кардани занону бонувон аз ҳаёти иҷтимоӣ ва ғайра сурат гирифтанд ва пайкари руҳи миллат хеле ҷароҳатдор шуд.
Як сабаби шиддати хурофоту ҷаҳолат дар Тоҷикистон баъди даргириҳои дохилӣ яку якбора паст шудани сатҳи инкишофи маориф, беқадр шудани кори сохторҳои фарҳанг, китобхонаҳо ва шабакаҳои иттилоърасонӣ ва ғайра буд. Дар мактабҳои миёна муаллимони таҷрибадор ниҳоят кам шуданд. Дар иерархияи зиёиёну саводмандон муаллим ба сатҳи поин фуромад, ҳам дар мактаби миёна ва ҳам дар донишгоҳҳо. Ба тариқи “эксперимент” низоми кредитӣ ҷорӣ карда шуд, ки ботинан аз фолбиниҳои асримиёнагӣ фарқе надошт. Ба худи мафҳуми “савод”, ки маънои гуфтор ва навиштори дурустро дорад, зарбаи ҷиддӣ расонида шуд.
Ҳоло вазъ хеле беҳтар шудааст, мактабҳои бешумор сохта шудаанд, дар сиёсат ба илму маориф афзалият дода шудааст. Аммо шумори хурофот ва шаклҳои гуногуни зуҳури он кам намешавад. Чаро? Барои посух ба ин суол хеле зиёд ва жарф андеша бояд кард…
Башарият аз замоне ки худро чун офаридаи табиат (як қисми башарият) ва ё маҳсули як неруи бузурги фаротабиӣ (қисмати дигари башарият) шинохт, то кунун дар набарди андешаи шинохтани хеш қарор дорад. Маҳз дар раванди маърифати хештан инсоният аз чандин шебу фарозҳои тахмин ва гумону ваҳму тахайюлу муроқибот гузашт, то марҳалае, ки дониш ва фаросату таҷрибаву ҷаҳонфаҳмии дурусти илмӣ ба додаш нарасид. Таърихи ба тамаддун расидани инсон, таърихи аз ҳоли аҷзу нотавонӣ ва беқадриву носипосиҳо то ба марҳалаи одаммеҳварист. Баъди расидани даврони тамаддун ва ташаккули фарҳангҳои гуногун низ инсон бино ба адами илму дониш ва ҷаҳонбинии дуруст, аз ҳама мавҷуди оҷиз боқӣ мемонд ва як сабаби ҷиддии ин вазъу ҳоли ӯ ҳамоно тасаввури ғалату дарҳам-барҳам ва пурбор аз таассубу хурофоташ аз надонистану нафаҳмидани қонунмандиҳои рушди олами ашё буд. Ин марҳалаи нохудогоҳӣ ва беэътиноӣ ба омӯзиши асрори табиат ҳазорсолаҳо идома кард. Натиҷа ин буд, ки андешаи одамӣ пурра ба тасаввури он ки инсон барои азиятҳову машаққатҳои ин дунё дар он дунё (баъди марг) подош хоҳад гирифт, банд шуд. Мафҳуми пурихтилофи материя (ҳаюло) дар гардиши баҳсу гуфтугӯҳо ба миён даромад, ки ба руҳ муқобил гузошта мешуд.
Баъдан фалсафаи Арасту авҷ гирифт, ки ҳаюлоро барои ҳаракат ноқобил ҳисобид ва эълом дошт, ки вай, яъне ҳаюло, ба хирад ва ҳуш вобастагӣ дорад. Сароғози даврони хурофот, ки ҳазорон сол аст идома дорад, ҳамон давра аст. Сипас оғоз шуд даврони фанатизми руҳониён, ки ба ҷисми худашон ҳамчун монеи асосии рушди руҳиву маънавӣ менигаристанд, замину табиатро мавзеъҳои лаънатшудаи Худо медонистанд ва ғайра. Онҳо, қабл аз ҳама, ба зоҳир ва ё ҷисму бадани худашон нафрат доштанд ва онро то имкон доштанд, азият медоданд.
Қоидаи ин фирқаи роҳибон чунин буд: беэътиноиву нафрат ба бадан ва дар хорӣ нигаҳ доштани он нишонаи рафтори олиҳимматона аст ва зиндагии пурмашаққату фақирона исботи диндории боаҳаммият. Ончунон ки файласуф Людвиг Бюхнер, муаллифи рисолаи “Неру ва ҳаюло” менависад: “Мо набояд фаромӯш кунем, ки руҳ ва бадан яклухтанд, агар мо материя, яъне танро хор кунем, маънои онро дорад, ки руҳро ҳам хор мекунем. Сухани маъруфи Ситсерон – “дар тани солим руҳи солим ҷо дорад” ҳақиқати яқин аст, аммо агар паҳлуи муқобилашро бинем – руҳ барои худаш тани худро меофарад, ин ҳам дуруст менамояд. Аз тарафи дигар, набояд фаромӯш кунем, ки ба ҳайси фард мо зарраҳои тамоман хурди коинотем ва дер ё зуд ин ҳиссачаҳо бояд дар ин коинот маҳлул бишаванд. Табиат ё материя дар маҷмуъ модари ҳама мавҷудот аст, вай ҳамаро аз худ ба вуҷуд меорад ва аз нав ҷониби худаш бармегардонад…”.
Ҳамин қоидаи бераҳмӣ ба ҷисм ба хотири болида доштани руҳ, ки дар оғози марҳалаи паҳншавии масеҳия хеле маъмул буд, зоҳиран яке аз тадбирҳои динии аҳли шиъа бо унвони “Ошуро”-ро ба хотир меорад. Пайравони мазҳаби шиъа ин тадбирро ба хотири қатли Имом Ҳусайн (набераи Пайғамбари ислом) аз ҷониби лашкари Муовия (соли 61- уми ҳиҷрӣ) дар дашти Карбалои Ироқ ҳамасола ҳамчун расми азову мотам баргузор мекунанд. Гарчи ба иттифоқи назари уламои дин зикри ин ҳодисаи таърихӣ бо шеваи лаънату нафрин фиристодану азо доштан ҷоиз нест, аммо дар он кишварҳое, ки шиъа мазҳаби расмии онҳост, бисёр бодабдаба ва хеле пурфоҷиа – бо занҷирҳо баданро хуншор кардану гурӯҳ-гурӯҳ доду фиғон бардоштан барпо мешавад.
Мантиқан ин расми азодорӣ бузургтарин намунаи гумроҳиву ҷаҳолату хурофот аст… Шакли пурдаҳшати ин тадбири хурофотӣ – бо шамшеру ханҷарҳо худро хуншор кардан дар замони Сафавиҳо расмӣ шуд, дар айёми мо бо занҷирҳои вазнин баданро хунин кардан тарзи дигари зуҳури ин хурофоти азим гардидааст. Чанде қабл аз шабакаи интернет тарзи “нав”-и ин маъракаи азоро намоиш доданд, ки гувоҳи торафт ба ботлоқи хурофот жарфтар ғӯта задани мардуми ҷоҳил аст: аз Карбало хок меоранд ва онро дар кӯчаву хиёбонҳо об рехтаву лой карда, ба баданҳои то миён бараҳнаи ҷавонон мерезанд ва онон ҳамвора сару рӯю гарданҳояшонро мекӯбанд. Яъне ҳам мазҳакаву ҳам фоҷиа, ба қавли дигар – трагикомедия…
Баъди мушоҳидаи ин маросиме, ки умуман мантиқ надорад, дар ҳайрат мемонӣ ва ҳеҷ боварат намеояд, ки дар берун асри XXI, қарни дигаргуниҳои бузурги илму фан ва технологияҳои ҷадид, асри кашфу ихтироот, замони дар сайёраҳои дигар ҷустуҷӯ кардани аломатҳои зиндагӣ, шинохти аслу моҳияти бузургтарин муаммоҳои ҳаёт бошад…
Аз таърих мафҳум аст, ки дар замони Сосониён (солҳои 224-651) нуфузи мубадони зардуштӣ дар кишвардорӣ басо баланд буд. Онҳо расман ҳам набошад, амалан, чанбари идораи давлатро ба ихтиёр доштанд. Дар он айём андарзномаҳое рӯйи кор омада буданд, ки дар идораи давлат ҳукми дастурро доштанд. Дар яке аз чунин ардарзномаҳо бо унвони “Андарзҳои пешиниён” чаҳор матн оварда мешавад, ки муҳтавои мавъизативу динӣ дорад. Дар яке аз ин мутун, ки бо унвони “Ба номи Яздон” сар мешавад, нигошта шуда: “Доноиро ҳамто нест. Зиёнкорро ном нест…” ва бо ҳамин услуб 12 панд дода мешавад. Инак, яке аз ин пандҳо: “Занонро хирад нест.”
Чунин панд, мулоим карда гӯем, таҳқири ошкорои занон аст, вале ба мафкураи давлатдории Сосониён мувофиқат мекард: яъне занон азбас хирад надоранд, дар паҳнаи на фақат сиёсат, балки фарҳангу ҳунар низ набояд мавқеъ дошта бошанд. Ин мисол аз хурофоти он айём дар замони мо, дар сиёсати давлатдории тамоми кишварҳои исломиасос ҷойгоҳи марказӣ дорад. Масалан, чандест дар шабакаи интернет, дар сомонаҳои гуногун видеое чарх мезанад, ки дар он яке аз бонуфузтарин руҳониёни хориҷӣ занонро ошкоро таҳқир мекунад. Мазмуни кӯтоҳи гуфтори ин руҳонии диниву давлатӣ чунин аст: Худованд се навъи ҳаявонро офаридааст, яке барои саворӣ кардан (аспу шутуру улоғ ва ғайра), гурӯҳи дигар барои хӯрдани гӯшташон (гову гӯсфанду бузу уштуру мурғ ва ғайра) ихтисос доранд. Гурӯҳи севум занону хонумҳо ҳастанд, ки инҳо ҳам аз ҷумлаи ҳаявонанд, аммо ба хотири он ки мардон ба ваҳшат наафтанд, ба сурати одам офарида шудаанд…
Ё бигирем вазъи асафборе, ки нисбат ба занон дар Афғонистони толибонӣ дар доираи консепсияи паштунволӣ сурат мегирад. Дар ин қаламрав дар масъалаи зан ва ҷойгоҳи ӯ дар оилаву ҷомеа на яку ду, балки энсиклопедияи хурофот амал мекунад. Зан одитарин ҳаққи зиндагии муътадилро надорад, на ҳаққи таҳсил, на кору заҳмат, на сухан, на бе маҳрам баромадан аз хона, на кор дар арсаи ҳунарҳои нафиса ва ғайра.
Дар ин кишвар зан он навъи ғуломиву бардагиро дорад, ки шояд дар ибтидои тамаддуни инсонӣ ҳам намунаҳояш дучор нашавад. Ва ҳамаи ин хурофоту таассубот ба дини ислом ҳамчун дини давлатӣ рабт дода мешавад. То андозае, албатта, таъсири мутафаккирони исломии асримиёнагӣ ҳам дар раванди ин хурофотзадагиҳо ҳаст. Масалан, бо он кӯлбори бузурги илмие, ки Муҳаммади Ғаззолӣ дошт, андешаву афкораш нисбат ба зан хурофотӣ ва зидди арзишҳои башарист: ин олим муносибати зану шавҳарро чун хоҷаву каниз (ғулому ғуломдор) маърифат мекард, ки ба аввалин нишонаи тамаддун – муносибати ҷомеа ба зан мувофиқат намекунад ва аз рӯйи муҳтаво комилан иртиҷоист.
…Дар Ғарб таърихан индивидуализм асоси фалсафаи рушди инсонӣ буд ва саъю талош барои омода шудан ба зиндагии баъдии шоиста ва расидан ба саодат масъалаи кайҳо ҳалшуда барои мардумони ин минтақа аст. Ба фарқ аз онҳо, дар Шарқ, бахусус дар Тоҷикистон, фатализм ё тақдирпарастӣ, миститсизм ё сӯфигарӣ, танҳо ба сарнавишт эътимод карда, амале ба ҷо наовардан аз бадтарин анвои хурофотанд. Мазорпарастӣ низ навъе аз ҳамин қабил хурофот аст.
Албатта, тақдир ё сарнавишт гуфта, мо дар аввал зиндагии сипаришуда, ҳаёти мушкилро дар назар мегирем, аммо маънои дигари ин мафҳум айни хурофот аст, ки тавассути стереотипҳо ё қолабҳои гуфторӣ, ба мисли “ҳар чизе дар пешонӣ навишта шуда бошад, мебинӣ”, “аз тақдир ҷойи гурез нест”, “дар насиб будааст, дигар чӣ метавон кард” ва ба ҳаминҳо монанд ифода меёбанд. Яъне дар ин навъи гуфтор тасаввури содалавҳонаи инсон дар мавриди характери айнии тасодуф ва зарурат баён мегардад.
Тақдирпарастӣ ду қутб дорад, ки якеро шартан ҳадяи сарнавишт ва дигареро зарбаи тақдир гуфтан мумкин аст. Омилҳое ҳастанд, ки барои одам дастнорасанд ва берун аз ихтиёри ӯ, ба мисли муҳити атроф, авлоду аҷдод, тарбия, ҳодисаҳои ногаҳонӣ ва ғайра. Дар табиати мардуми мо, яъне тоҷикон, тақдир бештар ба маънои ирратсионалӣ ва аз роҳи эътиқоди динӣ ба мағзи мардум таҳмилшудааш дарк мешавад.
Таваҷҷуҳ ба сарнавишти дигарон, истиқболи кӯркӯрона аз тарзи андеша ва зисти мардумони дигар, ҳатто либосу палоси дигарон, бо таваҷҷуҳ ба фоҷеоти шахсиятҳои динии гузашта ноумед шудан аз идомаи зиндагӣ, бо баҳонаи бебақо будани дунёи фонӣ, ончунон ки муллоҳои мо доиман аз ин хусус ҳарф мезананд, аммо худашон зиндагии хубе доранд, сарфи назар кардани рушди шахсият, даст кашидан аз мубориза барои адолат ва саҳмгузорӣ дар ислоҳи нақсу иллатҳои иҷтимоӣ ва умед бастан ба тарзи кишвардории динӣ бо шиори “мусулмон – бародари мусулмон” ва ё шиорҳои дигари ба ин шиор ҳаммаъно ва саду як хурофоти дигар, ки боиси шикасти миёни ҳувияти миллӣ ва руҳи миллат мегарданд.
Ҳама динҳои монотеистӣ, ончунон ки аз таҷрибаи кишварҳои динии муосир маълум аст, сохти худкома ва ё тоталитариро тақозо мекунанд. Дар давлати исломӣ унсурҳои демократӣ чизҳои бекора ҳисобида мешаванд, табиати ислом ин бори вазнинро намебардорад. Дар ҳама кишварҳои исломӣ, бо вуҷуди шиори назарфиреби “мусулмон бародари мусулмон” дар масъалаи ҳуқуқи инсон олам-олам проблема ҳаст: на дар Эрон мусулмони ғайришиъа озодии динӣ дорад ва на дар Афғонистон намояндаи миллати ғайри паштун… Агар сохти динии давлатдорӣ ба нафъи ҳувияти миллӣ ва рушди иҷтимоӣ мебуд, ҳатман дар Исроил чунин сохтро ҷорӣ мекарданд. Зеро худи унвони давлат – “Израэл” маънои “бинандаи Худо, одами Худоро медидагӣ” дорад, яъне мудом дар тамос ва тамошои Худо. Сатҳи ҳувияти миллии ин қавм, яъне яҳудиҳои диндор ба дараҷае паст аст, ки хидмат барои ватанашонро ба куллӣ инкор ва ҳузури яҳудиёни диндорро дар сафи артиши худашон бидъати ошкоро меҳисобанд…
Таърихи шикасти ҳам империяи Сосониён ва ҳам давлати Сомониён хиёнати руҳониёни мутаассибро нисбат ба давлат ва миллат ба ёд меорад, ки манофеи диниро аз ҳувияти миллӣ авлотар дониста буданд. Ва ҳамин ду сабақи таърих умре барои ин миллат кофист.
Ҳафиз Раҳмон