ОРИФ НУРУЛЛОҲ

 ОРИФ НУРУЛЛОҲ

НУРУЛЛОҲИ ОРИФ 9 январи соли 1961 дар деҳаи Кафтари ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Мактаби ибтидоиро дар зодгоҳу миёнаро дар деҳаи Доғистон ба итмом расондааст. Аз хурдӣ ба ҳунари наққошӣ пардохта, дар ин ҷода истеъдоди хубе зоҳир кардааст. Баъди адои хизмати ҳарбӣ касби ронандагиро омӯхта, солҳои 1986-1989 дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин (Рӯдакии ҳозира) таҳсил ва бо рӯзномаи ноҳиявии «Насими айём» ҳамкорӣ кардааст. Чанди дигар дар зодгоҳаш ба кори таълиму тарбия пардохта, баъдан машғули рассомӣ будааст. Сипас котиби масъули рӯзномаи «Насими Терай» таъин шудааст.

Шеърҳояш дар маҷаллаҳои гуногун ва маҷмӯаҳои «Ишқи фаришта» (1993), «Рӯъёи сабз» (1996), «Сояи ашк» (1997), «Бӯсаи чашм» (1999), «Шароби оғӯш» (2001), «Намози ишқ» (2006), «Хуршед дар биёбон» (2006), «Нози Наврӯз» (2012), «Пайғоми Офтоб» (2013), «Маскани Хуршед» (2013), «Меҳан, ай Меҳан» ва «Хандаи завқ» ба табъ расидаанд.

Соли 2001 дар озмуни Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон шеъри «Ваҳдат – шиори тоҷикон»-аш сазовори мукофот гаштааст.

Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо