ОМОДАГИИ ОЛИМОН БА ҶАШНИ АДИБИ БУЗУРГ
Бахшида ба 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, нависанда, олим ва нахустин сарвари Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ўзбекистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддини Айнӣ моҳи апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Садриддин Айнӣ, илму адаб ва фарҳанги муосир» баргузор мегардад.
Институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдулло Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони асосии конфронс ба шумор меравад.
Тавре директори институт Сахидод Раҳматуллозода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, барои иштирок дар кори он айнишиносон, донишмандон, ҳунаршиносон ва коршиносони номии дохилӣ ва хориҷӣ даъват мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар конфронс баррасии масъалаҳои «Айнӣ — поягузори насри муосир», «Айнӣ — шоир», «Айнӣ ва забон», «Айнӣ ва забони меъёр», «Айнӣ ва тарҷумаи бадеӣ», «Айнӣ ва фарҳангнигорӣ», «Айнӣ ва робитаҳои адабӣ», «Айнӣ ва мероси адабӣ», «Айнӣ — муҳаққиқ», «Айнӣ ва таърихи халқи тоҷик», «Айнӣ ва арзишҳои миллӣ», «Нақши «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ташаккули ҳувияти миллӣ», «Айнӣ ва «Шашмақом»», «Айнӣ ва матбуоти тоҷик», «Айнӣ ва маориф», «Айнӣ ва фарҳанги суннатӣ», «Айнӣ ва адабиёти Шарқ», «Тарҷумаи осори Айнӣ ба забонҳои дигар», «Осори Айнӣ ба забони ўзбекӣ», «Шуҳрати ҷаҳонии Айнӣ» ва «Шинохти устод Айнӣ дар даврони Истиқлол» дар назар дошта шудааст.
Забонҳои кори конфронс тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ), русӣ ва англисӣ мебошанд.
Шахсоне, ки мехоҳанд дар конференсия гузориш ва ё маърўза намоянд, матни электронии гузориш ва суханрониашонро метавонанд ба воситаи почтаи электронии iza_rudaki17@mail.ru ирсол намоянд.
Матни гузориш ва суханрониҳо дар ҳаҷми 10 саҳифа (қолаби А-4) бо шрифти TimesNewTj (андозаи ҳарф -14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5) пазируфта мешавад.
Муҳлати қабули матнҳо то 15 феврали 2018 муқаррар шудааст.
Маводи конфронс дар маҷмўа нашр хоҳад гардид.
Шумораи телефонҳо барои тамос: 2277550; 2272426; 2271170
E—mail: saxidodi@list.ru ва iza_rudaki17@mail.ru