Ойинаи чеҳранамои шоир

Ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби тозанашри “Мавҷи садоқат аз авҷи ҳунар”, ки навиштаҳои қаламкашонро дар бораи ашъор ва шахсияти шоир дар бар гирифтааст, рӯнамоӣ шуд.
Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумъахон Файзализода дар оғоз иброз дошт, ки дар ашъори Алимуҳаммад Муродӣ бузургии инсон, ҳақиқати зиндагӣ, дӯстдории Ватану модар ва васфи табиату ситоиши рӯзгори ободи ҳамватанони мо ба тасвир гирифта шудааст.
Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафарзода зимни суханронияш дар бораи муҳимтарин вежагиҳои ашъори шоир, аз ҷумла тасвирҳои хоси он, ибрози андеша намуд.
Дар идома Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бораи дарунмоя ва муҳтавои осори Алимуҳаммад Муродӣ суханронӣ кард. Ба назари вай, дарвоқеъ Муродӣ дар адабиёти муосири мо нақши босазо дорад.
Муҳаммадюсуф Имомзода, узви пайвастаи АМИТ иброз дошт, ки Муродӣ ҳам дар эҷоди шеърҳои суннатӣ ва ҳам дар шеъри мудерн комёб гардидааст. – Таҳияву нашри маҷмуаи мақолаҳо аз рӯзгору осори ӯ айни муддаост, – афзуд номбурда.
Профессор Аламхон Кӯчарзода, ки маҷмуаи “Мавҷи садоқат аз авҷи ҳунар” зери назари ӯ ва дар ҳамкорӣ бо кормандони Китобхонаи миллӣ чоп шудааст, китобро батафсил муаррифӣ карда, ҳамзамон перомуни ҷойгоҳи шоистаи шоир дар адабиёти имрӯз сухан гуфт. Ба гуфтаи Кӯчарзода, чакидаҳои хомаи Алимуҳаммад Муродӣ аз миёнаҳои солҳои 70-уми садаи ХХ, аз айёми дар матбуоти даврӣ ба табъ расидани шеърҳои аввалинаш таваҷҷуҳи мутахассисон ва оммаи хонандагонро ҷалб намуд ва баъди чопи маҷмуаҳояш дар бораи мундариҷа, муҳтаво ва сохтори ашъораш тақризҳо, мақолаҳо ва мусоҳибаҳо рӯйи кор омаданд.
Дар маҳфил ҳамчунин адибону суханшиносон Муҳаммад Ғоиб, Ҳафиз Раҳмон, Мубашшир Акбарзод, Салими Хатлонӣ ва дигарон ибрози андеша намуданд.