Озмун барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Борбади Иттифоқи композиторони Тоҷикистон
Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар иртибот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» (№1406, аз 12.11.2004) озмунро барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи санъати мусиқӣ эълон менамояд.
Озмуни мазкур бо мақсади рушди санъати мусиқӣ ва ҳавасмандгардонии композиторону мусиқишиносон дар роҳи офаридани асарҳои баландғояи муосир, инъикоси арзишҳои миллӣ ва ғояҳои умумибашарӣ, маънавию фарҳангӣ ва ифтихори ватандорӣ баргузор мегардад.
Тибқи Низомнома, ҷоизаи мазкур ба композиторону мусиқишиносоне дода мешавад, ки дар ду соли охир беҳтарин асарҳои академӣ, симфонӣ, камеравӣ, опера ва балет эҷод намуда, доир ба мавзуъ ва масъалаҳои таърихию назарӣ, таҳкиму такмили методологии санъати касбии миллӣ пажӯҳиши муфид анҷом додаанд.
Пешниҳоди асарҳо барои дарёфти ҷоиза тавассути Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон сурат гирифта, дар ВАО муҳокима мешавад.
Натиҷаи озмун дар васоити ахбори омма эълон мегардад. Барандагони ҷоиза бо диплом, нишон ва мукофоти пулӣ сарфароз мегарданд.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 1-уми июли соли 2025 муқаррар шудааст.