• 28.01.2026

ОЗМУНИ ВАҲДАТ

Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Ваҳдат» тибқи фармоиши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ бо мақсади тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳову хидматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори ваҳдати миллӣ»-ро эълон мекунад.

Озмун аз рӯйи се номина баргузор мешавад:
– беҳтарин мақолаи илмӣ, таҳқиқотӣ, публитсистӣ, очеркҳои таърихӣ;
– беҳтарин ҳикоя ва шеър;
– беҳтарин суруд.

Озмун дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад. Рӯзи охирини қабули мавод 30 майи соли 2026 мебошад. Дар озмун ҳамаи шаҳрвандони кишвар новобаста ба синну сол ва касбу кор иштирок карда метавонанд.

Мақолаҳои илмӣ ва очеркҳои таърихӣ аз 1 то 10 ҷузъи чопӣ (16 саҳифа), мақолаҳои публитсистӣ, назму наср (ҳикоя ва шеър) аз 3 саҳифа то 10 саҳифа бояд бошанд.

Барои пешниҳоди суруд 5-7 дақиқа вақт муқаррар мегардад.

Матолиби чопӣ бояд дар саҳифаи Word, бо ҳуруфи Times New Roman tj, Times New Roman, андозаи ҳарфҳо 14, фосилаи байни сатрҳо 1 навишта шуда бошанд ва дар шакли хаттӣ ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ — 107 (телефонҳо: 2212024, 2212026) ва почтаи электронии info@vahdat-kokh.tj ирсол шаванд.

Истифодаи фонограмма барои бахши сарояндагӣ манъ аст.

Маводи пешниҳодшавандаи довталабон бояд нав, ба талаботу меёрҳои озмун ҷавобгӯй ва қаблан дар ягон нашрия, шабакаҳои иҷтимоӣ нашр нашуда бошанд. Матлабҳои ба англисӣ, русӣ ва забонҳои дигар навишташуда низ ба озмун иҷозат дода мешаванд.

Довталабон дар баробари мавод бояд маълумотнома аз ҷойи кор, 2 расми рангаи 4/6, нусхаи шиноснома, нусхаи антиплагиат аз АМИТ (барои мақолаҳои илмӣ, публитсистӣ ва очеркҳои таърихӣ) ва рақами телефони худро пешниҳод кунанд.

Меъёрҳои арзёбии мақолаи беҳтарини илмӣ, таҳқиқотӣ, публитсистӣ ва очеркҳои таърихӣ: Ба мавзуи озмун мутобиқ будани мазмуни мақола, ҷавобгӯй будани шумораи саҳифа, набудани ғалатҳои имлоӣ, услубӣ, ифодаи мураттаб ва мантиқии фикр ҳангоми таҳияи мақола, таҳлили паҳлуҳои муҳимтарини корнамоиҳои Пешвои миллат дар бунёди Ваҳдати миллӣ, дар мақола мавҷуд будани на зиёда аз ду иқтибос бо нишон додани сарчашмаи илмӣ ё илмӣ-оммавӣ, моҳияти илмӣ ва публитсистии мавод дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, риояи санаҳои таърихӣ, хулоса ва пешниҳодҳои муаллиф.

Меъёрҳои арзёбии ҳикоя ва шеъри беҳтарин: Ба мавзуи озмун мутобиқ будани мазмун, ҷавобгӯй будани шумораи саҳифа, риояи меъёрҳои жанрии ҳикоя ва шеър, тасвири бадеии корнамоиҳои Пешвои миллат, набудани ғалатҳои имлоӣ ва услубӣ, аҳаммияти ҳикоя ва ё шеър дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, бозтоби ташаббусҳои Пешвои миллат барои рушди ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа, риояи санаҳои таърихӣ, хулоса ва пешниҳодҳои муаллиф.

Меъёрҳои арзёбии суруд: Ба мавзуи озмун мутобиқ будани мазмуни матни суруд, риояи вақти муқарраршуда, оҳанги мутантан, яккахонӣ, иҷрои зинда (тариқи истисно барои оркестр бо минус (-)), мутобиқати оҳанг бо мазмуни матн, саҳнаороӣ, риояи талаботи сару либос, матни нав, моҳияти баланди иҷтимоӣ ва фарҳангии суруд.

Мукофотпулиҳои озмун:
Ҷойи якум – 5000, дипломи дараҷаи I;
Ҷойи дуюм – 3000, дипломи дараҷаи II;
Ҷойи сеюм – 2000, дипломи дараҷаи III.

Дигар хабарҳо