ОЗАРАХШ
ОЗАРАХШ (Каримов Толиб) 13 августи соли 1963 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, соли 1980, вориди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (бахши рӯзноманигорӣ) шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1986-1989, муҳаррири Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, 1989-1992 директори Иттиҳодияи эҷодӣ-истеҳсолии «Союзтеатр» дар вилояти Суғд, 1992-2002 муҳаррири телевизиони вилоят будааст. Аз соли 2002 хабарнигори ҳафтаномаҳои «Нақлиёт» ва «Адабиёт ва санъат» дар вилояти Суғд мебошад.
Муаллифи китоби ашъори «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир» ва «Чархболи Офтоб» аст, ки дар Душанбе ва Хуҷанд интишор ёфтаанд ва муаллифашонро дар қатори ҷавоншоирони ҳунарманди кишвар мақом бахшидаанд.
Зиёда аз 10 намоишномаи ӯ дар саҳнаи театрҳои кишвар (хусусан, театри наврасон) пешниҳоди ҳаводорони санъати театрӣ гардидаанд, ки «Сафедор», «Равзанаи умед», «Афсона ё ҳақиқат», «Чашмаи Пардӯш», «Гулҳо намемиранд», «Ҳазордастон», «Нақши Рӯдакӣ» аз он шумуланд.
Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, руминӣ ва ӯзбекӣ тарҷумаву чоп шудаанд.
Дар ҳайати намояндаҳои расмии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои фарҳангиву ҳунарӣ дар қитъаи Африко (Гана, Бенин ва Того), кишварҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Инглистон дастовардаҳои адабиёту санъати тоҷикро тарғиб кардааст.
Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2017), Ҷоизаи ба номи Камолӣ Хуҷандӣ (барои филми «Ифтихор»), Ҷоизаи байналмилалии Имом Хумайнӣ ва Ҷоизаи «Боргоҳи сухан» аст.
Соли 2012 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст
Шоири халқии Тоҷикистон (2018).
Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.