ОЗАР
ОЗАР (Салимов Миралӣ) 13 декабри соли 1968 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1986 мактаби миёнаи №9-ро хатм карда, солҳои 1987-1989 хизмати ҳарбиро ба ҷой овардааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб мебошад. Дар мақомоти иҷроияи Ҳукумати вилояти Хатлон (солҳои 1994-1997) сармутахассис буда, солҳои 1997-2008 дар мақоми сухангӯйи Раёсати умури дохилаи вилоят адои хидмат доштааст.
Соли 2008 котиби масъули бахши Қӯрғонтеппаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин шудааст. Ҳамзамон, вазифаи сардабирии маҷаллаи «Мактаб»-и назди Раёсати маорифи вилояти Хатлонро бар уҳда дорад.
Аввалин шеърҳояш бо фотиҳаи шоир Саидҷон Ҳакимзода (1984) дар матбуоти даврӣ ба чоп расидаанд.
Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Намози бедорӣ» соли 1997 ба табъ расидааст. Мамӯаҳои дигараш «Як саҷда гул» соли 2002, «Сарви дуо» соли 2004, «Ирфони ҳино» соли 2006, «Гуфтугӯйи нахлу моҳ» соли 2010 интишор ёфтаанд.
Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода (2015), Шоири халқии Тоҷикистон (2020).
Аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.