«Одина» – нахустин қиссаи даврони нав
Қиссаи устод Садриддин Айнӣ «Одина» аввалин асари насри реалистии адабиёти шуравии тоҷик буда, бори аввал солҳои 1924-25 мелодӣ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» ёздаҳ боби он бо номи «Саргузашти як тоҷики камбағал» (аз хотираҳои истибдод) ва соли 1927 бо номи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина» дар шакли китоб бо ҳуруфи ниёгон ба табъ расид. Қиссаи мазкур ба ҳаёти пурдарду алами мардуми ситамкаши кӯҳистони тоҷик бахшида шудааст. Устод Айнӣ дар мактубаш аз таърихи 13 октябри соли 1946 ба нависанда Абдусалом Деҳотӣ ибоз медорад, ки: «Ман «Одина»-ро дар контури «Бухгосторг» навиштам, ки ман дар вай мудир будам. Контурамон, анборамон, магазинамон, бухгалтер ва кассаамон – ҳамагӣ дар як хона буд. Бо ин ки ман дар ҳар савдо шахсан аралаш мешудам, чунки дар он вақтҳо – солҳои 23-24 савдоҳо бо савдогарон буд. Агар ман шахсан аралаш намешудам, аҷаб набуд, ки савдогарон фурӯшандаи моро ё ҳар дуяшон як шуда, давлатро фиреб диҳанд. Ана дар ҳамин шароите, ки ба нависандагӣ ҳеҷ алоқа надошт, «Одина» ба вуҷуд омад».
Воқеаҳои чор қисми асар дар байни солҳои 1908-18 мелодӣ дар яке аз дурдасттарин мавзеъҳои Бухорои Шарқӣ – Қаротегин ва шаҳрҳои Андиҷону Тошканд гузашта, дар он золимӣ, ҳақношиносӣ, муфтхӯрӣ, бедодгарӣ, бенавоӣ ва дигар нуқсонҳои ҷомеаи тоҷикон дар ибтидои садаи ХХ ба тасвир омадааст. Fояи асосии асар тавассути амалиёт ва муносибати образҳои мусбату манфии Одина, Бибиоиша, Гулбибӣ, Мирзо Усмон, Шариф, Сангин, Шоҳмирзо, Арбобкамол, Муллохокироҳ, Мулломардихудо, Ибод, Гуландом, Шоҳназарбой, Амонбоқӣ, «табиби юнонӣ» равшан ифода гардидааст. Симои Одина – қаҳрамони асосии асар заминаи мустаҳками воқеӣ дошта, ба муҳити иҷтимоии Қаротегини ибтидои садаи ХХ ва шароити зиндагии коргарони мавсимии зовуди пахтаи Андиҷон вобастагии зич дорад.
Меҳнати тоқатфарсо, зиндагии мушкил, зулму ситами Арбоб ва дигар калоншавандагони деҳа боиси тағйири ботинӣ ва инкишофи батадриҷи хислату табиати Одина мегардад. Зовуди пахтаи Андиҷон, ташвиқу тарғиби болшевикон ва корпартоии коргарон ба худшиносӣ ва оламшиносии қаҳрамони асосӣ такони ҷиддӣ медиҳад. Образи Одина махсусан пас аз таҳрири соли1927 ва баъдии С. Айнӣ ба дараҷаи типи коргарони мавсимии тоҷики арафаи Инқилоби Октябр инкишоф меёбад.
Дар адабиётшиносӣ ақидае ҳаст, ки гӯё аз аввал то охири асар дар ботини Одина тағйироти муайян ба назар намерасад. Тарафдорони ақидаи мазкур, аз ҷумла, Қ. Д. Обдинов, С. Лиходзиевский, М. И. Сойфер, К. Зелинский инкишофи тадриҷии симои Одинаро дар асар тамоман инкор мекунанд. Зумраи дигари адабиётшиносон чун М. Шевердин, С. Табаров, Г. Ломидзе, А. Сайфуллоев, Ҷ. Бақозода вобаста ба шароити иҷтимоӣ ба тағйироти муайяни сифатӣ дучор шудани симои Одинаро таъкид кардаанд.
Сабаби ин гуногунфикрӣ дар он аст, ки гурӯҳи аввал ба фаъолияти Одина аз рӯи матни русии қисса, ки то ҳол дар асоси матни тоҷикии 1927 тарҷума шудааст, баҳо додаанд. Ҳол он ки қисса баъди тарҷумаи русӣ (1928) боз чандин маротиба аз ҷониби муаллиф ҷиддан таҳрир ёфтааст. Аз ин рӯ, баъзе лавҳаҳо, лаҳзаҳое, ки ба чопҳои солҳои 1931 мелодӣ ва баъдан иловашудае, ки ба такмили образи Одина ёрӣ расонидаанд, дар тарҷумаи русии қисса дида намешаванд. Зиёда аз ин, дар чопҳои баъдии тарҷумаи русӣ як қатор порчаҳое, ки ба болоравии ҷаҳонбинии Одина мадад мерасониданд, ихтисор гардидаанд. Ин аст, ки тарҷумаи русии «Одина» ҳатто нисбат ба чопи 1927-ми матни тоҷикӣ ноқис буда, аз рӯи он таҳлил намудани ширкаткунандагони асар касро ба иштибоҳ меандозад. Ин ҳолат масъалаи тарҷумаи дигарбораи русии қиссаи «Одина»-ро ба миён мегузорад.
Қиссаи «Одина» заминаи мустаҳками воқеӣ дорад. Худи муҳити иҷтимоии Қаротегини ибтидои садаи ХХ ва синну соли қаҳрамон (Одина ҳангоми ба кори зовуд даромадан 17-18 сол дошт) ба нависанда имконият намедоданд, ки симои Одинаро чун шахси муборизи фаъол тасвир намояд. Бинобар ин, дар мубориза, зиддиятҳои ҷиддӣ ва амалиёти инқилобӣ тасвир накардани қаҳрамони асосӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки С. Айнӣ ҳанӯз дар солҳои 20-уми садаи ХХ воқеъбинона ва мувофиқи талаботи давру замон тасвир намудани симои бадеиро дуруст дарк намудааст.
Дар ин қисса устод Айнӣ аввалин маротиба симои зиёии тоҷик Мирзо Усмон ва коргари рус Иванро офаридааст. Беҳуқуқӣ ва номуродии меҳнаткашони тоинқилобӣ дар симои Гулбибӣ, Бибиоиша ва модари Шариф ҳамчун тимсоли занони мазлум, вале сарбаланду покдомани кӯҳистони тоҷик равшан ифода ёфтааст. Гулбибӣ аз ҷабру ҷафои Арбоб ҳалок мешавад, аммо ӯ натанҳо ишқи пок ва шарафи худро муҳофизат мекунад, балки дар охирҳои ҳаёташ аз душманони худ қасос ҳам мегирад. Ба Арбоб дастбагиребон шудани Гулбибӣ ибтидои он муборизаест, ки дар симои Гулнор, Муҳаббат, Фотима, Ҳабиба барин бонувони асарҳои баъдинаи С. Айнӣ ташаккул ёфта, мукаммал мегардад. Соли 1928 мақолаи Раҳим Ҳошим бо номи «Қиссаи инқилобии тоҷик – «Одина» дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» (№ 6 (9) дарҷ мегардад. Эронидухтар Шукӯҳи Ховариён ба нашрияи «Раҳбари дониш» (1928, № 8-9) мактуб навишта, таассуроти худро аз мақолаи Раҳим Ҳошим баён медорад ва қайд мекунад, ки китоби номбурда ҳаёти духтарони Эронро низ ба хубӣ акс кардааст. Ховариён афсус мехӯрад, ки ин китобро дастрас накардааст ва, агар илоҷаш бошад, як нусха аз ин китоб барои ӯ бифиристанд.
Нависанда аз тарзҳои гуногуни тасвир, аз ҷумла ҳаҷв истифода карда, симоҳои ба худ хос ва дар айни замон умумиятёфтаи Арбоб-камол, Муллохокироҳ, Амонбоқиро, ки дар онҳо ҳирси беандозаи пулпарастӣ, риёкорӣ, фосиқӣ ва дигар хислатҳои ғайриинсонӣ зоҳир гардидааст, боварибахш тасвир кардааст. Аз як боб то боби дигар амалиёти симоҳои асар вусъат ёфта, хулқу хӯи онҳо ғаниву рангорангтар мегардад, асосҳои созмонию бандубасти мавзуъ барҷастатар ва мазмуни ғоявии он боз ҳам возеҳтар ба назар мерасад. Одина, Гулбибӣ, Бибиоиша барин симоҳои асосии мусбат ҳалок мегарданд, вале дар сари қабри Одина «интиқоми Одинаҳоро аз золимон хоҳем гирифт» – гуфта аҳд бастани камбағалон аз тантанаи ояндаи адлу инсоф башорат медиҳад.
Маҳорати баланди нигорандагӣ ва мавқеи муайяни иҷтимоии нависанда сабаби ифодаи амиқи мундариҷаи ғоявӣ ва хусусиятҳои маърифатию зебоишинохтии асар шудаанд. Коргарони мавсимӣ, ки то солҳои 1915-1916 мелодӣ аз ҳодисаҳои сиёсии давр, аз ташкилотҳои коргарии Русия бехабар буданд, дар аввалҳои соли1917 хеле фаъол гардида, корпартоиҳо ташкил мекунанд.
Воситаҳои тасвири бадеӣ низ ба ҳалли бомуваффақияти мундариҷаи ғоявии қисса ёрӣ расондаанд. Дар илми филологияи тоҷик забони «Одина» чун намунаи беҳтарину муассири забони адабии ҳозираи тоҷик эътироф гардидааст. Истифодаи моҳиронаи ибораҳои рехта ва мақолу зарбулмасалҳо хусусиятҳои миллӣ ва халқияти асарро дучанд кардаанд. Нависанда Сотим Улуғзода мулоқоти устод Айниро дар тирамоҳи соли 1928 мелодӣ бо донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷик ба ёд оварда менависад: «Устод бо ҳар кадоми мо гарм-гарм вохӯрдӣ карда, моро дар паҳлуи худ ба курсиҳо шинонд.
– Мо, талабагон, дар бораи забони адабӣ суханҳои шуморо бо диққат гӯш кардем, – гуфт яке аз рафиқони мо. – Моён бо шумо тамоман ҳамфикр ҳастем, домулло. Агар, масалан, «Одина»-и шуморо гирем, ба фикри мо, забони вай айни ҳамон забони адабиест, ки шумо гуфтед».
Қиссаи «Одина» аз ҷониби С. Айнӣ се маротиба (солҳои 1924-1925, 1927, 1931) таҳрири ҷиддӣ дидааст. Таҳрироти пай дар пай боиси такмили мазмуни ғоявӣ, бандубаст, хатти сужет, мавзуъ, низоъу коллизияи «Одина» гардидаанд. Қисса аз як асари дар аввалҳо саргузаштӣ баъди таҳриру такмили нависанда ба асари дорои мазмуни баланди иҷтимоӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи тасвири реалистӣ табдил ёфт. Ҷанбаи халқӣ ва бадеияти баланд мақоми асарро дар байни хонандагони Иттиҳоди Шуравӣ ва мамолики хориҷӣ афзуд. Асар ба забонҳои ӯзбекӣ, украинӣ, беларусӣ, литвонӣ, уйғурӣ, лаҳистонӣ, фаронсавӣ… тарҷума ва чоп шуда, солҳои 1928- 930 дар тарҷумаҳои П. П. Введенский ва З. Л. Хатсревин 4 маротиба ба забони русӣ ба табъ расид. «Одина» дар мавриди хеле зарурӣ – ташкили Ҷумҳурияти худмухтори Тоҷикистон, худшиносии халқи тоҷик, рад кардани ақидаи мавҷуд набудани «як қавми бузург бо номи тоҷик», ташаккули забони адабии миллии тоҷик чоп шуда, ба ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик таъсири ҷиддии мусбат расонидааст. Қисса ба наслҳои гуногуни хонандагону ҳаводорон таъсири калони маърифатию бадеӣ бахшида, манбаи бебаҳои омӯзиши маҳорати адабӣ гардидааст.
Аламхон Кӯчарзода,
профессори ДМТ