Одамгаро ва ваҳдатгаро
Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ 75-сола шуд!
1
Устод Назри Яздонӣ назди виҷдон, миллат ва фарҳанг ҳаргиз дар хиҷолат набудааст. Чаро ки ҳар чи аз даврони шуравӣ то кунун гуфтааст, аз баҳри як мисраи шеър ва суханаш нагузаштааст ва кулли гуфтаҳояшро чун фарзанд нафас-нафас, сатр ба сатр, байт ба байт аз афкори худ медонад. Ва ӯ масъулияти шоир, эҷодкор ва ходими ҷамъиятиро ҳамчун рисолати виҷдону инсонии худ пазируфтааст.
Дуруст аст, ҳар кӣ масъулияти виҷдониву инсонии худро дар ҳар касбу коре комилан дарк мекунад, чун ҳаво нафас-нафас менӯшад ва дар хуни худ тапидани онро эҳсос менамояд, то поёни роҳ ҳатман пурбору пуркору пурашъор хоҳад расид. Ҳақиқати ин чеҳраи намоён ин аст, ки гоҳе мижгонаш бар чашмонаш саҷда мекунанд, ӯ ҳатман аз масъулияти инсониву виҷдонии худ меандешад.
2
Назри Яздонӣ чун сухангустар бештар аз Истиқлолу Ваҳдат суҳбат мекунад ва дар ин маврид назараш ин аст: «Истиқлоли сиёсии Тоҷикистонро барои мо мағшуш карданд. Қудратҳое, ки аз хоки мубораки тоҷик дуру наздик буданд, моро бо дасти худамон бадном карданӣ буданд. Шигифт он аст, ки миллат аз ин дасисаи мудҳишу ҳалокатбор захмӣ, вале сарбаланд раҳоӣ ёфтан тавонист. Фарҳанги одамгарои миллат сулҳе эҷод кард, ки ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард; сулҳе, ки ҳуҷҷати қотеи офаранда, бунёдкор, инсонӣ будани фарҳанги тоҷиконро бори дигар собит намуд».
Ӯ китоби муҷаллои фарҳанги тамаддунофари миллатро сафҳагардон мекунад!
3
Устод шеъри мардумиро меписандад. Тафовут надорад, ки он тоҷикист, русӣ, туркӣ, англисӣ, ҳиндӣ, фаронсавӣ, булғорӣ ё дигар. Зеро шеъри мардумии ҳар миллатеро барои худи он миллат ҷонбахшо, асл, ҷавҳар, комилёр ва вораста медонад.
Барои ӯ беҳтарин шеър шеъри тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ аст ва ҳар кадом шоиреро, аз аввалин шоири соҳибкитоб Зардушти спитамон то Муъмин Қаноату Лоиқу Бозор Собир эъҷози алоҳида мешуморад. Ва мегӯяд, шеър барои ақвоми ориёӣ танҳо ба ҳукми об не, ба ҳукми ҳаво будааст. Меафзояд: «Шеъри тоавастоӣ ва авастоӣ эъҷози нахустин каломи мавзуни зебо дар таърихи инсоният аст». Бо баёни ин сухан сураташ мешукуфад. Ва ин шукуфаҳои дарахти шеърро аз нигоҳи жарфаш, ки ба дуриҳо пар мезанад, бояд ҷустуҷӯ кард. Фаҳмидани донишманд низ ҳунар аст, вагарна «чи тафовуте миёни одамиву нақши девор?».
Ӯ хаёлан дар ковиш, тафаҳҳус ва ҷустор аст, то дари бунгоҳи шеъри оламгирро барои худ бикушояд!
4
Ишқ озодист, – мегӯяд устод ва озодии шаҳбоз парвоз аст. Ба ин тартиб, озодии моҳӣ – об, озодии миллат – истиқлоли сиёсӣ ва озодии инсон ишқ аст. Оре, Суфии Ашқарӣ ғазале дорад, ки мақтааш ин аст:
Дар сафҳаи китобе дидам навишта ин буд:
Сад бор агар бимирад, ошиқ фано надорад!
Ҳақиқатро нашояд, ки нодида гирифт, мисле ки офтобро бо доман наметавон бипӯшид.
Ӯ хаёлан аз парваришу боғбонии Ишқ рақам мезанад!
5
Назри Яздонӣ бар он назар аст, ки шеър ҳунари пайғамбарӣ нест. Рабти пайғамбарон ба ҷаҳони барин аз тариқи ваҳй аст. Ваҳй махсуси пайғамбарон аст. Пайғамбарон истеъдоди илҳом ҳам доштанд ва аз тариқи илҳом низ кашф мекарданд. Аммо шеър зодаи илҳом аст. Сухане, ки аз тариқи илҳом шеър шудааст, набзи намиранда, ранг, бӯй, фазои хоса ва мадори худро дорад.
Ӯ даст ба вожаву сатрҳо мениҳад, то рангу бӯйи шеър ва мадори онро эҳсос бикунад!
6
Аз нигоҳи устод, шеър ҳасудӣ низ дорад ва ин ҳасудон дар ҳаққи шеър бадгӯиҳо кардаанд ва мекунанд. Аслан, онҳо қудрати гуфтан ва фаҳмидани шеърро надоранд. Иззату қадри шеърро дар ҷомеа бо чашми ҳасад ва ғараз мебинанд; равшан мебинанд, аммо аз он ки бухлу ҳасадро сифати худхоҳии худ қарор додаанд, «тарки одат — амри муҳол» гуфтагӣ барин, ногузир бадгӯйӣ мекунанд.
Ӯ дар ин маврид шунаво мегӯяд: «Бигзореду биравед»!
7
Устод бар он аст, ки аввалин шеъри башарият дар сарзамини тоҷикон суруда шудааст. Аз он ки таъбироти ширин, ташбеҳоти латифу зебо, нигоҳи шоирона ин ҷо сабзидааст, аз суруди «Алла»-и модар то сурудҳои мотамӣ, ҳамагӣ шеъранд.
Ӯ чун заҳматкаш ба кӯҳи сухан каланд мезад ва каланд ба кӯҳи баланд мезад!
8
Назари устод ин аст, ки шеъри Зардушт, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва Ҳофиз олӣ ва шоҳона ҳастанд. Бадеияташон, мазмуну ормонҳояшон шоҳонаанд, сабкашон низ. Яъне шеър ҳамеша коромад будааст, мисли ҳаво ва об. Ва шеър аз ҳайси шакли тафаккури ҷамъиятӣ буданаш, натанҳо мояи ифтихору шукӯҳи андешаву ақида ва сабки зиндагӣ, балки чун як ҷузъи пайванди рӯзгор ҳамеша бозори гарм доштааст ва дорад.
Дар осмони андешаи шоир гӯё элак вожа мебезад ва ангушти қаламаш бо назокат ҳарф мерезад!
9
Тавсияи Назри Яздонӣ ин аст, шеър то кунун ба ҳадде санъатҳои бадеии фаровон офаридааст, ки ба вежа дар ҳунарҳои рассомӣ ва киносозӣ натиҷаҳои ҳайратангез ба бор оварда метавонад.
Осмони гӯшу ҳуши устод аз шеърхонии ровиёни хушсадо пур мешавад ва ҷисму ҷонаш рифоҳу роҳат мебинад!
10
Нигаҳи жарфи устод ба ин нукта гиреҳ мехӯрад, ки илму адабиёт ва санъат харҷи молии зиёд тақозо мекунанд. Аммо маблағгузорӣ дар ин самт бебохт аст. Зеро илму адабиёт дару девору мошину тайёра намесозанд, инсон месозанд; инсоне, ки мошину тайёрасозӣ яке аз ҳунарҳои ӯст. Пас, асли ҳунари инсон одамгарист.
Ӯ асли шеър ва ҳунари инсонро одамгарӣ медонад!
11
Дарёфтаам, ки устод Назри Яздонӣ ба ҳеҷ сурат аз роҳи иғроқу муболиға шеъру сухан нагуфтааст. Он чизе, ки аз дилу забонаш рехтааст, ба хотири рӯшан кардани ҳақиқати таърихӣ баён намудааст ва дар заминаи далелҳои таърихӣ ва фарҳангӣ иброз доштааст: Набзи ман кӯбад агар гоҳе равон, гаҳ норавон, Бок не, то набзи ту бошад равону ҷовидон. Ҳамчу набзи ноздона дар канори модарон, Набзи Ваҳдат, Ваҳдати ҷону тани озодагон. Ӯ ҳамеша сар кашидани гули баҳманро аз зери барф ва шукуфтани бодомзоронро рӯшан мебинад ва ба истиқболи баҳори тозаи ваҳдат оғӯш во мекунад!
НӮШБОДЕ ДАР ФАРҶОМ
Акнун, ки то андозае ба ҳақиқат расидем, аз банда мондааст, ки дар фарҷом инро бигӯяд: «Устод Назри Яздонӣ дар панҷаи умр ба се чиз ҷавонмардона муносибат кардааст: ба қадам, қалам ва қасам. Ва ҳамеша аз рӯйи се чизи дигар кор гирифтааст: аз ақл, ҳиммат ва сабр». Ҳар чи ёфтааст, аз ҳамин ёфтааст ва ҳар чи киштааст, аз ҳамин киштаву бардоштааст.
Сайидаҳмади ЗАРДОН